Форматбандии матн

Ба дигарон равон намоед

Тавре қайд шуд, тарзи инъикоскунӣ ва ҷойгиркунии матнро дар санад, форматбандии матн мегуфтаанд. Яъне амали форматбандии матн танҳо ба тағйирдиҳии намуди зоҳирии санади матнӣ алоқаманд буда, ба мазмуни матни он ягон вобастагӣ надорад. Масалан, шаклҳои гуногуни навишти калимаи «Тоҷик» — ТОҶИК, Тоҷик, Тоҷик, Тоҷик ва ғайра чанд тарзи форматбандии калимаи

мазкурро таҷассум менамояд. Тавре мебинем, ҳарфҳои калима иваз нашудаанд, танҳо тарзи навишти онҳо тағйир ёфтааст.

Ҳангоми корбарӣ бо виросторони матнӣ асосан аз ду намуди форматбандӣ истифода мебаранд: форматбандии

аломати алоҳида ва форматбандии абзатс. Агар ба форматбандии аломат — интихоби ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии он дохил шавад, он гоҳ ба форматбандии абзатс илова ба интихоби ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии он, инчунин муайянкунии фосилаи сатри якуми абзатс, ҳошияҳои саҳифаи чопӣ (болоӣ, поёнӣ, чап, рост), интихоби тарзи радифбандии матн дар саҳифа (аз чап, аз рост, дар марказ ё муттасил дар сатр), муайянкунии фосилаи байни абзатсҳо ва ғайра дохил мешаванд. Маҳз пас аз форматбандии матн санад намуди зарурӣ ва муносибро мегирад.

Барои корбарӣ бо ҳуруф блоки Ҳуруф (Шрифт)-и тасмаи абзори банди Асосии менюи виростор хизмат мерасонад. Ҳар як ҷузъи ин блок афзори тавоноест, ки тавассути он бо ҳуруф ин ё он амалро иҷро кардан мумкин аст. Масалан, афзорҳои

он, А — зиёдкунии андозаи ҳуруф, л — камкунии андозаи он хизмат мерасонанд. Интихобҳо тавассути секунҷачаҳои пахдуи ин афзорҳо амалӣ гардонида мешаванд. Ҳангоми пахш кардани ягон секунҷача рӯйхати зерафзорҳои афзори интихобшуда намоён мешавад. Ҳар як зерафзор барои идрои як амали мушаххас вобаста карда шудааст.

Барои дар экран ё варақ беҳтар ҷойгир кардани матни санад баъзе корбароии комнютер аз тарзи гузоштани мавқеъҳои иловагии холӣ истифода мебаранд. Бояд қайд кард, ки ин тарзи ҳалли масъала чандон самарабахш нест. Тарзи беҳтари корбарӣ — ин истифодаи имкониятҳои гуногуни форматбанди аст. Масалан, тугмаи =” — Фосилазамкунӣ

барои ба тарафи рост зиёд намудани фосилаи сарҳади чапи матни абзатс ва тугмаи ” — Фосилакамкунӣ баръакс, барои кам намудани фосилаи сарҳади чапи матни абзатс хизмат мерасонанд.

Ҳамин тариқ, тамоми кореро, ки хангоми сохтани санад идро кардан лозим меояд, шартан ба се мархала тақсим мекунанд. Аввал матни санадро бо ёрии сафҳакалид ворид месозанд. Баъд онро вироиш медиҳанд. Сони онро форматбандӣ мекунанд.

Маводҳои ҳамсон