Формулаҳо дар ҶЭ OpenOffice Calc

Ба дигарон равон намоед

Барои корбурди формулаҳо дар қатори амалҳои асосии арифметикӣ OpenOffice Calc маҷмӯи функсияҳои махсусеро пеш- ниҳод менамояд, ки онҳоро дар реҷаи интерактивии Худидораи функсияҳо (Автопилот функций) дохил кардан мумкин аст. Барои табдил додани муроҷиати нисбӣ ба мутлақ ва баръакс, мутлақ ба нисбӣ, аз комбинатсияи тугмаҳои  hift ва F4 истифода бурдан лозим аст. Ба ғайр аз функсияҳои математикӣ ва баъзе функсияҳои оморӣ феълан ҳама функсияҳои дигар бо забони русӣ номгузорӣ шудаанд. Барои ба катакҳо дохил кардани номи функсияҳо аз моҳири функсияҳо истифода бурдан беҳтар аст.

Барои ин аввал катакеро, ки ба он номи функсия дохил карда мешавад, интихоб менамоянд ва баъд дар лавҳаи афзорҳо

тугмаро пахш ё аз менюи Гузоштан (Вставка) фармони

Функсия (Функция…)-ро фаъол мекунанд. Дар натиҷа, равзанаи Худидораи функсияҳо кушода мешавад, ки аз он функсияи

заруриро интихоб ва тугмаи Ба пеш>> (Далее>>) ё OK-ро пахш кардан лозим меояд. Пас аз ин равзанаи навбатӣ пайдо мешавад, ки вай барои дохилкунии аргументи функсия хизмат мерасонад. Агар номи функсия ва ному миқдори аргументҳоро дар хотир дошта бошем, он гоҳ онҳоро дастӣ низ дохил кардан мумкин аст.

Барои ҳисобкунии суммаи ададҳои дохили катакҳои сутун ё сатр тугмаи |^| пешбинӣ шудааст. Пас аз пахши ин тугма дар катаки натиҷавӣ формулаи намуди =СУММ(…) пайдо мешавад. Барнома тақрибан фосилаи суммирониро муайян мекунад. Агар онро аз нав муайян кардан лозим бошад, он гоҳ диапазони лозимиро бо ёрии муш ҷудо мекунанд. Дар ин маврид дар атрофи диапазон чорчӯбаи сурх пайдо мешавад. Ин амалро дастӣ низ иҷро кардан мумкин аст. Диапазони катакҳои ҷудошуда дар сатри формулаҳо низ ба қайд гирифта мешавад.

Функсияи ДАТА бақайдгирии санаи рӯзро дар ҷадвал таъмин менамояд. OpenOffice Calc ин гуна иттилоотро дар намуди ададӣ нигоҳ дошта, онро дар катак дар формати сана инъикос менамояд. Санаҳо ба мисли ададҳо дар тарафи рости катак ҷойгир карда мешаванд. Формати ин функсия — ДАТА(Сол; Моҳ; Рӯз) аст. Сол — адади бутун аз фосилаи аз 1600 то 3000 мебошад. Ҳангоми аз фосилаи аз 0 то 29 дохил кардани ягон адад ба таври худкор ба он адади 2000 илова карда мешавад. Агар адад аз фосилаи аз 30 то 99 дохил карда шавад, он гоҳ ба он 1900 илова карда мешавад. Моҳ — адади бутун аз фосилаи аз 1 то 12 (ишорати рақами моҳҳо) мебошад. Рӯз — мувофиқан, ягон адади бутун аз фосилаи аз 1 то 31 (рақами рӯзҳои моҳ) мебошад. Масалан, ҳангоми истифодаи формулаи =ДАТА(00;12;31) санаи 31.12.2000 ва =ДАТА(14;05;18) санаи 18.05.2014 дар катак инъикос меёбад. Агар дар катак формулаи =ДАТА(00;13;31) дохил карда шавад, он гоҳ натиҷаи кори функсияи ДАТА ба 31.01.2001 рост меояд, яъне дар ин маврид барнома моҳу солро аз нав ҳисоб менамояд.

Функсияи ТДАТА() бошад, сана ва вақти системавии компютерро дар экран инъикос менамояд.

Масъала:

Талаб карда шудааст, ки аз соати 0000-и ягон санаи дилхоҳ сар карда, то вақти ҷорӣ миқдори рӯзҳо, соатҳо, дақиқаҳо ва сонияҳо ҳисоб карда шавад.

Ҳал:

Барои ин дар катаки B1 санаи тақрибии дилхоҳ, масалан 1.17.84 ва дар катаки B3 формулаи =ТДАТА()-В1-ро дохил мекунем. Азбаски мо фарқи байни ду санаро ба сифати миқдори рӯзҳо ба ҳисоб мегирем, бинобар ин қимати катаки Б3-ро ҳамчун адади бутун форматбандӣ мекунем. Айнан бо ҳамин тарз формулаҳои боқимондаро низ месозем: барои катаки B4 =B3*24 — миқдори соатҳо, B5=B4*60 — дақиқаҳо ва B6 =B5*60 — сонияҳо. Агар тугмаи Ғ9-ро пахш карда, экранро аз назар гузаронем, он гоҳ нитиҷаҳоро тақрибан дар намуди ҷадвали зерин мебинем. Барои инъикос намудани формулаҳои дар ҳисоббарориҳо истифодашуда дар сутуни D функсияи ФОРМУЛА() -ро ҷойгир мекунем, ки аргументи вай суроғаи катаки мувофиқи сутуни В мебошад.

Ҳангоми сохтани ҷадвалҳои мураккаб аз катакҳои махсус номгузошташуда истифода бурдан беҳтар аст. Масалан, ба ҷойи формулаи =A5*B12, ки дар катаки А5 суммаи додаҳо ва В12 — миқдори андоз нигоҳ дошта шудааст, формулаи =Сумма*миқдори андоз-ро истифода бурдан беҳтар аст. Барои ба катак ном гузоштан аввал онро ҷудо менамоем ва баъд бо ёрии бандҳои Номҳо -► Муқаррар карда шавад (Имена -► За- дать)-и менюи Гузоштан (Вставка) ё комбинатсияи тугмаҳои Ctrl ва F3 равзанаи робитавии Соҳибном кардан (Присвоить

имя)-ро ба экран ҷеғ мезанем. Пас аз дохилкунии номи катак тугмаи Илова кардан (Добавить)-ро пахш мекунем. Ном бояд ҳатман бо ҳарф сар шавад ва таркиби он аз номҳои стандартии катакҳо ва аломати мавқеи холӣ (пробел) орӣ бошад.

Яке аз афзорҳои хеле пуриқтидори ҶЭ OpenOffice Calc афзори Интихоби параметр (Подбор параметра) ба ҳисоб меравад. Бо ёрии ин афзор қиматеро ёфтан мумкин аст, ки ҳангоми онро ба формула гузоштан натиҷаи зарурӣ ҳосил шавад. Масалан, барои ҳисобкунии фоизи солонаи маблағи дар бонк гузошташуда ҷадвале месозем, ки дар он вобаста ба қимати бузургии сармоя (Сармоя), миқдори солҳои маблағгузорӣ дар бонк

(Миқдори солҳо) ва ҳаҷми фоизи бонкӣ (Ставка), натиҷа дар шакли суммаи фоизҳои солона (Фоиз) ҳосил мегардад. Формулаи зарурӣ намуди Фоиз=Сармоя*Миқдори солҳо*Ставка/100-ро мегирад.

Агар ставкаи фоизи солонаи бонкӣ ба 7,5% баробар бошад, он гоҳ барои сармоя дар ҳаҷми 150000 сомонии дар бонк гузошташуда миқдори фоизҳо дар як сол ба 11250 сомонӣ баробар мешавад (нигар ба ҷадвал). Акнун ставкаи фоизӣ (7,5%) ва миқдори солҳоро (1) доимӣ ҳисобида, андозаи сармояеро муайян мекунем, ки фоизи солонаи дилхоҳ, масалан 15 000 сомонӣ, ҳосил шавад.

Барои ин катаки Фоизро ҷудо карда, аз менюи Хизматгузорӣ (Сервис) банди Интихоби параметр (Подбор параметра)-ро фаъол мегардонем. Мебинем, ки дар майдончаи Катаки формулаҳо (Ячейка формул)-и равзанаи навбатии пайдошуда аллакай номи катаки зарурӣ нишон дода шудааст.

Курсорро ба майдончаи робитавии катаки ивазшаванда (из- меняемая ячейка) мегузорем ва дар ҷадвал катаки В2-ро фаъол мекунем. Ба майдончаи робитавии Қимати охирон (Конечное значение) баргашта, натиҷаи дархостиро дохил мекунем ва тугмаи ОК-ро пахш менамоем.

Саволҳо:

  1. Дар OpenOffice Calc функсияҳои махсусро тавассути кадом реҷа ё восита дохил кардан мумкин аст?
  2. Барои табдил додани муроҷиати нисбӣ ба мутлақ ва баръакс, комбинатсияи кадом тугмаҳои сафҳакалид хизмат мерасонанд?
  3. Вазифаи афзори Интихоби параметр аз чӣ иборат аст?

Супориш: Матни мавзӯъро бодиққат хонед, мазмуни онро нақл кунед ва бо ёрии омӯзгор ҷадвалҳои формулавии дар мавзӯъ овардашударо тавассути компютер иҷро намоед.

Маводҳои ҳамсон