Хаткашӣ

Ба дигарон равон намоед

Афзорҳои хаткашӣ. Дар виростори графикии Paint, ба монанди фанни геометрия, хатҳоро ба ду гурӯҳ — хатҳои рост ва хатҳои каҷ тақсим мекунанд. Барои кашидани хатҳои рост ва хатҳои каҷ дар тасмаи абзори банди Асосии менюи

(Хаткаши каҷ) пешбинӣ шудаанд. Ба воситаи афзорҳои мазкур хатҳои рост ва хатҳои каҷи суфтаи андозаҳои гуногундоштаро тасвир намудан мумкин аст.

Мафҳумҳои хати рост ва хати каҷ мафҳумҳои ибтидоии виросторони графикӣ ба ҳисоб рафта, афзорҳое, ки ба воситаи онҳо объектҳои «хати рост» ва «хати каҷ» офарида мешаванд, афзорҳои стандартии ин барномаҳо ба ҳисоб мераванд. Хатҳои бо ёрии ин афзорҳо офаридашуда, минбаъд метавонанд ҷузъҳои таркибии объектҳои бузургтару мураккабтар гарданд. Ҳангоми ба воситаи объектҳои сода ташаккул ёфтани объекти таркибй, мустақилияти объектҳои сода дарҳол аз байн меравад ва объекти таркибӣ ҳамон замон аз тарафи виростори графикӣ ҳамчун як воҳиди кулл ба қайд гирифта мешавад.

Дар тасмаи абзори виростори графикии Paint афзорҳои  (Хаткаши рост) ва (Хаткаши каҷ) ягона воситаҳои хаткашӣ

намебошанд. Дар қатори афзорҳои мазкур, инчунин, афзорҳое дигаре низ барои кашидани хатҳои рост ва каҷи дилхоҳ пешбинӣ гардиданд, ки онҳоро маъмулан афзорҳои расмкашии озод ном бурдан одат шудааст. Афзорҳои асосии хаткашии озод —   (Қалам) ва A (Мӯқалам) ба ҳисоб мераванд.

Технологияҳои хаткашӣ. Бояд махсусан қайд кард, ки барои корбарӣ бо виросторони графикӣ истифодаи муш, ҳамчун сахтафзори асосии корӣ, афзори ҳатмӣ ба хдсоб меравад.

Тавре аз мавзӯи гузашта маълум гашт, тамоми афзорҳои расмкашии виростори графикии MS Paint дар тасмаи абзори менюи барномаи мазкур ҷой дода шудаанд. Ҳар се банди меню — Парванда (Файл), Асосӣ (Главная) ва Намо (Вид) моҳиятан танҳо барои тасвирсозӣ пешбинӣ шуда, мувофиқан афзорҳои онҳо, вобаста ба характери кориашон, дар блокҳои алоҳида гурӯҳбандӣ карда шудаанд.

Афзорҳои асосии расмкашӣ ва таҳриркунии тасвирҳои мавҷудаи барнома дар банди Асосӣ (Главная)-и менюи Paint ҷой дода шудаанд.

Аз расм дида мешавад, ки дар ин маврид тасмаи абзор ба 7 блоки мустақил — Буфери мубодша (Буфер обмена), Тасвир (Изображение), Абзор (Инструменты), Мӯцалаҳо (Кисти), Шаюҳо (Фигуры), Ғафсӣ (Толщина) ва Рангҳо (Цвета) тақсим гардидааст. Дар ҳар як блок маҷмӯи афзорҳои ба ҳам наздик муттаҳид гардонида шудаанд. Доир ба таъйиноти ҳар кадом блоки афзорҳои мазкур мо аллакай маълумоти пешакӣ дорем. Дар ин ҷо, диққати асосиро танҳо ба афзорҳои хаткашӣ равона месозем.

Равзанаи санади графикии тахдяшавандаи Paint дар майдони кории равзанаи асосии ин барнома ҷойгир аст, ки онро

соҳаи тасвир меноманд. Соҳаи тасвир — як қисми равзанаро ташкил медиҳад, ки он барои тасвирсозӣ дастрас мебошад.

Тамоми афзорҳои тасвирсозии Paint, ба ғайр аз афзори — (.Хатпоккунак — Ластик), расмкаширо бо ранги асосии тасмаи абзор (Ранги 1 — Цвет 1) амалӣ мегардонанд. Хатпоккунак бошад, қисмати нодаркори тасвирро гӯё пок карда, ранги онро ба ранги заминаи тасвир (Ранги 2 — Цвет 2) иваз менамояд.

Тавре медонем, афзорҳои асосии хаткашии барномаи Paint — (Хаткаши рост), ~1 (Хаткаши каҷ), Al (Қалам) ва А1

(Мӯқалам) мебошанд. Афзори «Қалам» дар блоки Абзор (Инструменты), афзори «Мӯқалам» дар блоки Мӯқаламҳо (Кисти) ва афзорҳои «Хаткаши рост» ва «Хаткаши каҷ» дар блоки Шаклҳо (Фигуры) ҷой дода шудаанд.

Расмкашии озоди компютерӣ ба амали расмкашӣ дар коғаз монанд аст. Афзорҳои расмкашии озод — он афзорҳоеанд, ки дар блокҳои «Абзор» ва «Мӯқаламҳо»-и тасмаи абзори барнома гурӯҳбандӣ шудаанд. Афзорҳои ин блокҳо имконият медиҳанд, ки тасвирҳо дар шакли дилхоҳ сохта шаванд. Барои ҳосил намудани ягон шакл ё сохтани тасвир аз блоки мувофиқ афзори заруриро интихоб намуда, дар соҳаи тасвири равзана мупшаморо ба самти зарурӣ ба ҳаракат водор сохтан лозим аст. Усули мазкур — усули маъмули «кашолакунии муш» ном дорад.

Ҳангоми интихоби афзорҳои блоки «Абзор» мушнамо шакли афзори баргузидаро ба худ қабул менамояд. Айнан ҳамин тарзи шаклгирии мупшамо, ҳангоми интихоби баъзе афзорҳои блоки «Мӯқаламҳо» низ такрор меёбад. Вале, дар

ҳолатҳои дигар вай метавонад дар шаклҳои «А» ё «•» намудор гардад.

Афзори (Қалам) имконият медиҳад, ки хатҳои каҷ ва рости рангаи

ғафсиашон дилхоҳ кашида шаванд. Бузургӣ ва ченаки ғафсии хатҳо бо ёрии афзорҳои блоки Ғафсӣ (Толщина) ва ранги онҳо бо ёрии афзорҳои блоки Рангҳо (Цвета)-и тасмаи абзори менюи барнома муайян карда мешаванд.

Хати рост бо усули интихоби (Қалам), пахшкунии тугмаи чапи муш, кашолакунии мушнамо ба самти зарурӣ ва раҳо кардани (cap додани) тугмаи чапи муш дар мавзеи интиҳои хат, ҳосил мегардад. Барои ҳосил намудани хатҳои рости мутлақо уфуқӣ, амудӣ ё зери кунҷи 45° моилбуда, ҳангоми хаткашӣ бояд тугмаи чапи муш якҷоя бо тугмаи «Shift»-  сафҳакалид пахш карда шавад.

Тарзи кори афзори Al (Мӯйқалам) бо тарзи кори афзори AJ (Қалам) бисёр монанд буда, бо ёрии ин афзор хатҳои рост ва каҷи рангаи ғафстарро ҳосил кардан мумкин аст. Аммо, бо ёрии мӯқалам, чун дар мавридҳои воқей, хатҳои мутлақо ростро ҳосил кардан ғайриимкон мебошад.

Афзори мӯқалам афзори таркибӣ буда, аз 9 зерафзор (мӯқаламҳои навъҳои гуногун) иборат аст: мӯқалами одӣ, ду навъи мӯқаламҳои каллиграфӣ, рангпошак, мӯқалами равғанрангҳо, мӯқалами «рахти хоб», мӯқалами нишонагузор, мӯқалами матнпуркунӣ ва мӯқалами акварелӣ. Ҳар кадоми ин зерафзорҳо, дар навбати худ, афзори мукаммали расмкашӣ ба ҳисоб рафта, барои иҷрои вазифаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Амали хаткашӣ нисбат афзори Al (Қалам) бо ёрии афзорҳои LA (Хаткаши рост) ва ~1 (Хаткаши каҷ)-и блоки Шакҳо (Фигуры)-и тасмаи абзори менюи барнома осонтар иҷро мегардад, чунки афзорҳои блоки мазкур объектҳои стандартии расмкашӣ ба ҳисоб мераванд.

Афзори  (Хаткаши рост) барои кашидани хатҳои рост пешбинӣ шудааст. Тарзи кори ин афзор аз тарзи кори афзори

(Қалам) қариб ягон фарқи ҷиддие надорад. Дар ин ҷо низ хатҳои рост бо усули кашолакунии мушнамо ҳосил мегарданд, яъне интихоби ранг, интихоби афзор, интихоби ғафсии хат, кӯчонидани мушнамо ба майдони кории равзана, пахши тугмаи чапи муш, кашидани хати дарозиаш пешакӣ маълум. Дар ин ҷо низ барои ҳосил намудани хатҳои мутлақо рост, тугмаи чапи мушро якҷоя бо тугмаи «Shiffo-и сафҳакалқц пахш кардан лозим меояд.

Афзори (Хаткаши каҷ) барои сохтани хатҳои каҷи суфта хизмат мерасонад. Пас аз интихоби ғафсии хат, хатсозӣ дар ду марҳала анҷом меёбад. Аввал, бо усули кашолакунии мушнамо хати рости дарозиаш муайян сохта мешавад. Баъд, дар мавқеи зарурии хати рост тугмаи чапи муш як маротиба пахш карда шуда, мушнамо ба самти зарурӣ кӯчонвда мешавад. Дар натиҷа, дар нуқтаи интихобшуда хамии хати каҷ ҳосил мешавад. Аз рӯйи зарурат, бо ҳамин тарз хамии дуюми хат ва хатҳои сарбастро низ ҳосил намудан мумкин аст.

Дар расми болоӣ бо истифода аз афзорҳои зикршудаи хаткашӣ ва амалҳои нусхагирию ҷогузории объектҳо чор объекти нави графикӣ ҳосил шудааст.

Саволҳо:

1.0ё макони ҷойгиршавии афзорҳои хаткашии «Paint»-po дар равзанаи барномаи мазкур нишон дода метавонед?

  • Барои сохтани хатҳои рост ва каҷи суфта кадом амалҳоро иҷро кардан лозим аст?

Супоришҳо:

1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва тарзи корбарии афзорҳои хаткашии он — (Хаткаши рост), ~ (Хаткаши каҷ), (Қалам) ва (Мӯқалам)-ро машқ кунед.

2.Бо истифода аз афзорҳои хаткашии Paint ва амалҳои маъмули корбарӣ бо объектҳои графикӣ расмҳои зеринро кашед ва онҳоро таҳти номи ягонаи «Расмҳои якуми ман дар Paint» дар хотираи компютер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон