Хатои санҷиши бузургиҳои физикӣ

Ба дигарон равон намоед

Санҷишҳои физикӣ ба воситаи асбобҳои гуногун — хаткашак, навори дарозисанҷӣ, тарозу, соат, ҳароратсанҷ ва ғ. анҷом дода мешаванд. Аммо санҷишро беғалат анҷом додан илоҷ надорад. Ин бесабаб нест, зеро ҳама гуна асбоб, бо вуҷуде ки бо камоли ҳунармандӣ ва дақиқкорӣ сохта шуда бошад, ба дараҷаи мутлақ дақиқ буда наметавонад. Дурустии натиҷаи санҷиш ба омилҳои гуногун вобаста аст: носаҳеҳ будани миқёс (шкала)-и асбоби санҷиш, тағйирпазир будани бузургии ченшаванда, нодуруст сабт кардани натиҷаҳо, бедиққатӣ кардани шахси таҷрибакунанда ва ғ.

“Пас, — метавонед бигӯед шумо, ҳар қадаре ки мо саъй кунем, гоҳи санҷидани дарозӣ, ҳаҷм, ҳарорат ва бузургиҳои физикии дигар хатоҳо ба таври ногузир рӯй медиҳанд?”

“Оре, рӯй медиҳанд!” мегӯяд омӯзгор, зеро медонад, ки масалан, дар сурати чен кардани бари шишаи тиреза натиҷаҳо камубеш гуногун меоянд (зеро шиша дар ҳар ҷо ҳар хел паҳноӣ дорад). Ё ин ки агар шумо ҳарорати ҳаворо дар ҳар ҷойи ҳавлӣ чен кунед, мебинед, ки барои ҳар ҷо ҳар хел қимат ҳосил мешавад ва ғ.

Модом ки натиҷаи санҷишҳо дар ҳар маврид ҳар хел оянд, пас, зарур аст, ки мо дар сабти натиҷаҳо қоидаҳои муайянро риоя кунем, то ки натиҷаҳои сабткардаи моро дигарон низ хонда ва фаҳмида тавонанд.

Ба рас. 1.4 зеҳн монед. Ин ҷо ғӯлачӯбе тасвир ёфтааст, ки дарозии онро бо хаткашак санҷидан мебояд. Санҷиши дарозӣ, чунон ки акнун шумо медонед, осон аст: барои ин нуқтаи сифрии хаткашакро дар ростои канори ғӯлачӯб ҷой дода, бинед, ки нӯги дигари он ба кадом тақсимоти хаткашак рост меояд. Рақамҳои рӯйи хаткашак дарозиро бо см ифода мекунанд. Пас, дарозии ғӯлачӯб тақр. 2,5 см аст.

Хуб, ин натиҷаро чӣ тавр сабт кунем?

Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух диҳем, бояд шароити санҷиш (шароити таҷриба) ва сифати асбоби санҷишро бидонем, бояд бидонем, ки як тақсимоти миқёс (шкала)-и асбоб ба чанд ҳиссаи як воҳиди бузургии ченшаванда баробар аст.

Ин ҷо «як тақсимот» он гуна қимати ададии бузургии санҷиданиро ифода мекунад, ки он ба як хонаи байни ду хатчаи ҳамсояи рӯйи миқёси асбоб рост меояд. Дар мисоли мо ба сифати асбоби санҷиш хаткашаки одӣ истифода шудааст ва як тақсимоти он ба 1мм (0,1см) баробар аст. Мо инро до­нем ҳам, гуфта наметавонем, ки натиҷаи ҳосилшуда, яъне ҳамон 2,5 см чӣ дараҷа дуруст аст, зеро ба сабаби маълум набудани дарозии ҳақиқии ғӯлачӯб мо хатои мутлақи санҷиш, яъне қимати бо аломати мусбат ифодашудаи фарқи байни дарозии ҳақиқии ғӯлачӯб (ДҒ) ва қимати ченшудаи он (2,5см), яъне модули |ДҒ- 2,5см|-ро ёфтан наметавонем.

Илоҷ ку? Илоҷ ҳаст ва ин аст: барои ҳар санҷиш (ё гурӯҳи санҷишҳои якгун) хатои санҷишро ёфтан ё онро баҳодод кардан зарур аст (ин мазмун дар банди оянда баррасӣ хоҳад шуд).

  1. Хатои санҷиш чӣ маъниро ифода мекунад ва онро донистан чӣ зарурат дорад?
  2. Асбоби санҷиш чӣ вазифа дорад?
  3. Як тақсимоти миқёс (шкала)-и асбоби санҷиш чиро ифода мекунад?

Миқёси ин ё он асбоби санҷишро чӣ тавр дараҷабандӣ мекунанд?

Маводҳои ҳамсон