Хотира

Ба дигарон равон намоед

Дар раванди кор бо компютер зарур аст, ки иттилоот, яъне барномаҳои ҳалли масъалаҳо, додаҳои онҳо, натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоӣ тавассути ягон воситаи техникӣ ҳифз гарданд (нигоҳ дошта шаванд), то ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо муроҷиат кардан ва онҳоро дастрас намудан имконпазир бошад. Барои амалй гардонидани ин

мақсад ба дастгоҳи компютер сахтафзорҳои гуногуни нигахдорандаи иттилоот ҳамроҳ карда мешаванд, ки онҳоро хотираҳои компютер мегӯянд.

Иттилоот, аз қабили аломат (ҳарф, рақам, рамз), тасвир, садо ва ғайра аввал дар шакли пайдарпайии рақамҳои 0 ва 1 рамзбандй мегарданд ва баъд дар хотираи компютер нигоҳ дошта мешаванд. Ҳангоми аз хотира хондани иттилоот бошад, баръакс, он аз шакли дуй ба шакли маъмулй баргардонида мешавад ва баъд дар экран нишон дода мешавад.

Хотираи компютер маҷмӯи сахтафзорҳоеро меноманд, ки онҳо барои нигаҳдории иттилоот пешбинӣ шудаанд.

Дар раванди эҷоди технологияҳои ҳисоббарорӣ муҳандисон пайваста кӯшиш намуданд, ки сахтафзорҳои ҳифзи иттилоотро ба мисли хотираи инсон созанд. Онҳо дар ин ҷода ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардидаанд.

Магар инсон метавонад, ки ҳамаи иттилооти аз муҳити атроф дастраскардаашро беталаф дар хотирааш нигоҳ дорад? Оё дар хотира нигоҳ доштани ҳар як ҳодиса, рӯйдод, воқеа ва ғайра барои инсон зарур аст? Агар зарур бошад, пас чй тавр онро амалй бояд кард? Масалан, оё азёд донистани номи ҳар як деҳу кӯча, қимати функсияҳои мураккаби риёзй, мавзеъҳои ҷуғрофй, реаксияҳои кимиёӣ ё нархномаҳои маҳсулоти мағоза ва ғайра ҳатмист? Агар ҳатмӣ бошад, пас ин қадар маълумотномаҳои ёрирасон, адабиёти фаннӣ, сомонаҳои интернетӣ, вебсанадҳои торнигори анкабути ҷаҳонӣ ва ғайра барои чй сохта шудаанд? Вазифаи онҳо аз чй иборат аст? Ҷавоби ҳар кадоми ин саволҳо моро ба таври муттасил ба дарки мафҳуми хотираи компютер наздиктар месозад.

Инсон як қисми иттилооти дарёфтаашро дар хотираи доимии худ нигоҳ медорад. Хотираи доимии инсон ҳамон хотираи асосй, азалй, яъне биологии он (майнаи сар) аст, ки онро хотираи дохилӣ низ номидан мумкин аст. Қисми дигари иттилоотро инсон дар барандагон ва нигахдорандагони моддй ҳифз менамояд, ки онҳоро хотираҳои

берунии инсон номидан мумкин аст. Ба хотираҳои берунии инсон дафтарҳои ёддошт, албомҳои расмҳо, китобҳо, фитаҳо, дискҳо, флеш- кортҳо ва ғайра дохил мешаванд. Гарчанде хотираи дохилии инсон хосиятҳои нодири ҳифзи иттилоотро соҳиб бошад ҳам, вале ҳаҷми ғунҷойиши он нисбат ба ҳаҷми ғунҷойиши хотираҳои берунааш хеле хурд аст.

Аз дигар тараф, агар инсон барои дарёфти иттилооти зарурӣ аз хотираҳои берунааш як микдор вақти зиёдтар сарф намояд, он гоҳ барои дарёфти иттилоот аз хотираи дохилиаш вақти камтар сарф менамояд ва ё онро дар бисёр ҳолатҳо фавран дастрас мекунад. Вале яке аз афзалиятҳои асосии хотираи берунӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар он иттилоотро ба муддати дуру дароз нигоҳ доштан мумкин аст. Ҳамзамон аз он нафарони зиёде баҳра бардошта метавонанд.

Маҳз ана ҳамин тарзи тақсимоти хотира дар компютер низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Барои нигаҳдорӣ ва ҳифзи иттилоот дар компютер аз намудҳои хеле зиёди хотираҳо истифода мебаранд, ки онҳоро аз рӯйи принсипи истифодаашон ба хотираҳои дохилӣ ва берунӣ ҷудо кардан одат шудааст. Айнан ба мисли хотираи дохилии инсон хотираи дохилии компютер низ ба таври фаврӣ дастрас аст. Лекин, мутаассифона, ҳаҷми он нисбатан махдуд аст. Корбарӣ бо хотираи берунӣ вақти зиёдтарро талаб кунад ҳам, аммо дар он ҳаҷми хеле зиёди иттилоотро нигоҳ доштан имконпазир аст.

Дар расми поёнӣ таснифи хотираҳои компютер аз рӯйи таъйиноташон оварда шудааст.

Амалҳои маъмултарини корбурд бо хотираҳои компютер ин хондани иттилоот аз онҳо ва сабт намудани (навиштани) иттилоот ба онҳо мебошанд. Барои муроҷиат намудан ба соҳаи муайяни хотира аз суроғаи махсуси он истифода мебаранд.

Дар мавриди хондани ҳиссаи иттилоот аз хотира (масалан, додаҳои ададӣ дар ҳисоббарориҳо, калимаҳо дар таҳияи санадҳои матнӣ, садо дар таҳияи санадҳои аудиоӣ ва ғайра) нусхаи он ба протсессор интиқол меёбад, ки дар он ҷо бо ин ҳиссаи иттилоот амалҳои мушаххас иҷро карда мешаванд. Баъди хондан ҳам иттилоот, то вақте ки ба ҷойи он иттилооти дигар сабт карда нашавад, дар ҳамон соҳаи хотира бетағйир боқӣ мемонад. Ҳангоми сабти (навиштани) ҳиссаи иттилоот вай дар хотираи компютер таҳти ягон номи мушаххас нигоҳ дошта мешавад. Агар иттилоот таҳти як ном якчанд маротиба сабт карда шавад, он гоҳ ҳар дафъа он ҷойгузини додаҳои пештараи худ мегардад. Ҳамин тавр, иттилооти мавҷудаи хотира то замоне нигоҳ дошта мешавад, ки агар ба ҷойи он иттилооти дигар навишта нашавад. Яъне амалҳои хондан ва навиштани иттилоот дар хотираи компютер бо амалҳои хондан ва сабт кардани суруду мусиқӣ дар фитаҳои магнитофон хеле монанд аст.

Амали хондани иттилоот аз хотираи компютер ин раванди гирифтани иттилоот аз соҳаи муайяни хотира ба сурогаи муқарраршуда мебошад. Амали навиштани иттилоот ба хотираи компютер раванди ҷойгиркунии он дар соҳаи муайяни хотира таҳти сурогаи мушаххас мебошад.

Амалҳои хондан ва сабти иттилоотро дар якҷоягӣ тарзи муроҷиаткунӣ ба хотираи компютер ё амали дастрасӣ ба хотира мегӯянд. Аслан ин ҷо манзур вақти дастрасӣ ё зудкории хотира мебошад. Зудкории хотира ҳадди вақтеро меноманд, ки дар он муддат ҳиссаи минималии иттилоот дар хотира навишта ё аз он хонда мешавад. Барои баҳисобгирии хосияти зудкории хотира воҳидҳои ченаки вақти дастрасй ба иттилоот — миллисония, микросония ва наносония истифода мешаванд.

Хосияти дигари хотира ҳаҷм ё ғунҷойиши он ба ҳисоб меравад. Ин хосият имконият медиҳад, ки ҳаҷми максималии иттилооти дар хотира ҷойгиршавандаро пешакӣ муайян намоем.

Тавре аз китоби дарсии синфи 7-ум медонем, воҳиди хурдтарини ченаки баҳисобгирии иттилоот бит (bit/binary digit — рақами дуй) мебошад. Ҳангоми корбурди компютерӣ одатан на аз бит, балки аз воҳиди калонтар — байт (1 byte = 8 bit) истифода мебаранд. Дар як байт метавон яке аз 256 аломатро (28=256) рамзгузорӣ кард.

Масалан, рамзи адади 5 ба 00000101 ва рамзи ҳарфи лотинии L ба 01001100 баробар аст.

Ғунҷойиши хотираи компютер низ бо байтҳо ифода карда мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки як байт ба як аломат баробар аст. Барои ба ҳаҷми хотираи компютер баҳо додан аз ченакҳои калонтари байналмилалӣ истифода мебаранд:

1 байт (byte) = 8 бит;

1 Кбайт (килобайт) = 210 байт;

1 Мбайт (мегабайт) = 220 байт;

1 Гбайт (гигабайт) = 230 байт;

1 Тбайт (терабайт) = 240 байт;

1 Пбайт (петабайт) = 250 байт;

1 Эбайт (эксабайт) = 260 байт;

1 Сбайт (секстибайт) = 270 байт.

Ғунҷойиши хотираи компютер гуфта миқдори максималии иттилооти дар он нигоҳдошташавандаро меноманд.

Хотираҳои дохилӣ. Тавре пештар қайд кардем, хотираи дохилӣ

хотираи асосии компютер ба ҳисоб рафта, дар шакли микросхемаи интегралӣ (чип) сохта мешавад ва дар слоти махсуси платаи системавй насб мегардад.

Хусусиятҳои асосии хотираи дохилй дар қиёс бо хотираи берунӣ ин зудкории бениҳоят баланд ва ҳаҷми нисбатан

маҳдуди он мебошад. Хотираи дохилй дар навбати худ ба панҷ намуди дигари хотира ҷудо мешавад: доимӣ, CMOS-хотира, фаврӣ, кэш-хотира ва видеохотира.

Протсессор ҳангоми корбарӣ бо барномаҳои татбиқӣ асосан бо ду гурӯҳи додаҳо сару кор дорад, ки онҳоро мувофиқан додаҳои муваққатӣ ва додаҳои доимӣ мегӯянд. Додаҳои муваққатӣ ҳангоми зарурат аз хотираи берунӣ ба хотираи фаврӣ ё кэш-хотираи компютер ҷеғ зада шуда, дар онҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ин додаҳо дар ин хотираҳо то анҷомёбии корбурди онҳо ё қать шудани ҷараёни қувваи барқ боқӣ мемонанд. Пас аз канда шудани компютер аз қувваи барқ тамоми иттилооти ин хотираҳо ба пуррагӣ пок (ҳазф, нест) мегарданд.

Хотираи доимӣ. Додаҳои доимӣ ба таври ҳамешагӣ дар соҳаи дигари хотираи дохилии компютер, ки онро хотираи доимӣ мегӯянд, нигоҳ дошта мешаванд. Хотираи доимии компютер ба ҷараёни қувваи барқ вобастагӣ надорад. Ҳангоми қатьи қувваи барқ ё анҷоми кори компютер ба иттилооти дар он маҳфузбуда

хавфи нестшавӣ таҳдид намекунад, яъне он дар шакли пештарааш эмин нигоҳ дошта мешавад. Аз ин рӯ, дар хотираи доимӣ ҳанӯз ҳангоми сохтани компютер баъзе иттилооти бисёр ҳам муҳимми системаи компютерӣ сабт гардида, маҳфуз дошта мешавад.

Дар хотираи доимӣ асосан барномаҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо дурустии тарзи кори сахтафзорҳои марказии компютерро аз санҷиши тестӣ мегузаронанд ва оғози кори системаи амалиётиро ташкил мекунанд. Ин навъ барномаҳоро корбарон имконияти тағйир додан надоранд. Онҳо танҳо барои хондан дастрас мебошанду халос. Маҳз мувофиқи ҳамин хосияташ хотираи доимиро ROM-хотира (Read only memory — хотира барои танҳо хондан) ҳам мегӯянд. Иттилооти хотираи доимӣ аз тарафи ширкати истеҳсолкунандаи компютери фардй ворид карда мешавад ва танҳо як маротиба сурат мегирад.

Мундариҷаи ROM-ро БИОС (BIOS/Basic Input-Output System) — системаи пойгоҳии дохилкунӣ ва хориҷкунӣ ташкил медиҳад. Барои тағйир додани параметрҳои конфигуратсияи компютер барномаи махсуси танзимкунӣ — SETUP хизмат мерасонад, ки он тавассути БИОС дастрас карда мешавад.

Ҳамин тариқ, хотираи доимӣ навъи хотираи дохилиеро меноманд, ки он барои ҳамеша нигоҳ доштани барномаҳои пойгоҳии низоми дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот ва санҷидани дурустии тарзи кори сахтафзорҳои ба ин мақсад пешбинишуда хизмат мерасонад.

CMOS-хотира. Ба ғайр аз ROM дар компютерҳои фардй хотираи начандон калони дохилии дигаре мавҷуд аст, ки он барои нигоҳдории интихобҳои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Ин хотира нимдоимӣ буда, CMOS-хотира ном дорад. Вай аз рӯйи технологияи CMOS (Complementary matal-oxide semiconductor) сохта шуда, қобилияти истеъмоли энергияи шиддаташ хеле пастро дорад. Азбаски CMOS-хотира бо аккумулятори махсус муҷаҳҳаз аст, бинобар ин иттилооти дар он маҳфузбуда ҳангоми хомӯшкунии компютер низ тағйир намеёбад. Аз аккумулятори ин хотира дар баробари дигар ҷузъҳои компютер, масалан соати компютерӣ низ баҳраманд аст.

Хотираи фаврии компютер хотираест, ки он бевосита бо микропротсессор сару кор дорад. Микропротсессор аз он барнома ва маълумоти заруриро мехонад, кор карда мебарояд ва натиҷаҳоро аз нав ба он равон мекунад. Суръати кори ин хотира бениҳоят баланд аст, вале бо қатъ гардидани кори компютер тамоми иттилооти дар он маҳфузбуда ҳазф (нобуд) мегардад. Азбаски

иттилооти дар хотираи фаврӣ ҷойгирбударо ҳангоми корбарӣ бо компютер доимо дастрас кардан мумкин аст, бинобар ин вайро RAM-хотира (RAM/Random access memory) — хотираи ҳамеша дастрас мегӯянд.

Барномаҳои истифодашаванда бевосита ба ҳаҷми хотираи фаврии компютер (RAM) вобастаанд. Ҳангоми хурд будани ҳаҷми RAM

қисми зиёди барномаҳо ё умуман кор намекунанд ва ё хеле суст кор мекунанд. Барои дар муҳити системаи амалиётии Windows кор кардан бояд ҳаҷми RAM ақаллан ба як гигабайт баробар бошад. Агар ин ҳаҷм зиёдтар бошад, он гоҳ ҳам дар Windows ва ҳам дар Linux хеле хуб кор кардан мумкин аст. Барои дар сервери шабакаи

маҳаллӣ бо иттилооти графикӣ ё видеофилмҳо кор кардан хотираҳои 4, 8, 16 гигабайт ва зиёдтар лозим аст.

Микросхемаҳои хотираҳои фаврӣ (платаҳо) дар дастгоҳи махсус тайёр карда мешаванд. Ҳар яке аз ин платаҳо дар слотҳои платаи системавии компютер насб мегарданд. Платаи системавй якчанд слоти насби RAM-хотираҳоро дорад. Агар дар он якчанд RAM насб карда шавад, он гоҳ мувофиқан ҳаҷми хотираи фаврии компютер низ ҳамон қадар зиёд мегардад.

Хотираи фаврӣ навъи хотираи дохилиеро меноманд, ки дар он иттилооти айни замон корбарандаи микропротсессор нигоҳ дошта шудааст.

Кэш-хотира. Барои аз хотираи фаврӣ боз ҳам тезтар дастрас намудани иттилоот дар баъзе компютерҳо хотираи махсуси бениҳоят зудамале истифода мешавад, ки онро кэш-хотира

(cache — махфигоҳ, анбор) мегӯянд. Кэш-хотира дар байни микропротсессор ва хотираи фаврӣ ҷойгир шуда, нусхаи баъзе қитъаҳои RAM-ро дар худ нигоҳ медорад ва барои зиёд кардани маҳсулнокии кори компютер хизмат мерасонад. Микропротсессор пеш аз ҷустуҷӯйи иттилоот аз хотираи фаврӣ аввал онро дар кэш- хотира меҷуяд ва бо ҳамин тарз вақти дастраскунии иттилоотро хеле кӯтоҳ мегардонад.

Дар компютерҳои муосир ду намуди кэш-хотира мавриди истифода қарор дода шудаанд. Кэш-хотираи дохилӣ — дар таркиби микропротсессор насб гардидааст. Кэш-хотираи берунӣ — дар платаи системавй насб гардидааст.

 Видеохотира. Намуди дигари хотираи IBM PC видеохотира аст.

Ин хотира як қисми хотираи фаврии компютерро ташкил дода, барои нигахдории тасвири иттилооти экранӣ хизмат мерасонад. Он дар шакли микросхемаи электронӣ истеҳсол шуда, асосан вазифаи таъминотчии тасвири

иттилоот аз RAM ба экранро иҷро мекунад. Видеохотира одатан дар ҳайати видеонозир ҷой дода мешавад.

Хотираи берунии компютер барои ба муддати дуру дароз нигоҳ доштани иттилооти табиати гуногундошта хизмат мерасонад. Анҷоми кори компютер барои ҳифзи иттилооти ин навъ хотира хавф эҷод карда наметавонад. Ҳаҷми ин навъ хотираҳо низ аз ҳаҷми хотираҳои дохилӣ метавонад якчанд маротиба зиёд бошад. Масалан, агар ҳаҷми хотираи фаврии компютерҳои муосири мобилӣ 4 гигабайтро ташкил диҳад, он гоҳ ҳаҷми хотираи берунии он (дар шакли HDD — диски винчестер) метавонад ба 640 гигабайт баробар бошад, ки он аз ҳаҷми хотираи фаврӣ 160 маротиба зиёдтар аст.

Дар компютер имконияти зиёдкунии ҳаҷми хотираи берунӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Ин раванд ба он монанд аст, ки дар китобхона барои гузоштани китобҳои нав боз як рафи китобмонии дигар илова карда шавад. Вале дастрасй ба иттилооти хотираи берунӣ метавонад нисбат ба дастрасй ба иттилооти хотираи дохилй вақти зиёдро талаб намояд. Яъне суръати дастрасй ба хотираи берунӣ нисбат ба хотираи фаврӣ камтар аст.

Ба сифати хотираҳои берунии компютерҳои муосир дискҳои навъи винчестер, дискҳои гуногунҳаҷми магнитӣ, дискҳои лазерӣ (нурӣ), флэш-кортҳо, фитаҳои магнитӣ ва дигар барандагони иттилоот истифода мешаванд. Барандаи иттилоот гуфта одатан объекти моддиеро меноманд, ки он имкони нигаҳдории иттилоотро дорад. Сахтафзорҳои хотираҳои берунӣ навъҳои гуногуни дискдонҳо ва дигар таҷҳизотеанд, ки онҳо аз барандагони мувофиқ хонда гирифтани иттилоот ва дар онҳо сабт кардани иттилоотро анҷом дода метавонанд.

Саволҳо:

  1. Хотира чист? Онро шумо чӣ тавр тасаввур мекунед? Таъйиноти асосии хотира аз чӣ иборат аст?
  2. Чанд намуди хотираи компютериро медонед?
  3. Барои чӣ хотираҳои компютериро ба хотираҳои дохилӣ ва берунӣ ҷудо мекунанд?
  4. Кадом навъҳои хотираҳои дохилӣ ва берунии компютериро медонед?
  •  Воҳидҳои ченаки иттилоот кадомҳоянд? Воҳидҳои ғунҷойиши хотираи компютер чӣ?
  • Фарқи хотираи фаврӣ аз кэш-хотира дар чист?
  • Намудҳои дастрасӣ кадомҳоянд?
  • Чаро хотираҳои компютерро RAM, ROM, CMOS, Кэш ва ғайра меноманд?
  • Видеохотира барои чӣ хизмат мерасонад?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Якчанд мисоли муқоисаи хотираҳои компютерро бо хотираи инсон биёред.
  3. Номи хотираҳои компютерро дар шакли схема ва ҷадвал оварда, вазифа ва нишондодҳои онҳоро номбар кунед.

Мафҳумҳои бит, байт, Кбайт, Мбайт ва Гбайтро маънидод кунед ва бузургиҳои 125 Кбайт, 247 Мбайт, 369 млн байт, 872 Гбайт ва 613 млрд битро ба ченакҳои дигар баргардонед.

Маводҳои ҳамсон