Худкорсозии дохилкунии иттилоот ва функсияҳо дар ҶЭ MS Excel

Ба дигарон равон намоед

Азбаски ҷадвалҳо аксар вақт иттилооти такроршаванда ва якҷинсаро дар бар мегиранд, Excel воситаҳои худкори дохилкунии онҳоро пешбинӣ намудааст. Ин воситаҳо амалиёти Худанчомдиҳӣ (Автозавершение), Худпуркунии ададӣ (Авто- заполнение числами) ва Худпуркунии формулавӣ (Автоза- полнение формулами)-ро дар бар мегиранд.

Худанҷомдиҳии матнӣ. Амали худанҷомдиҳӣ пеш аз ҳама барои дохилкунии иттилооти матнӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми ба катаки навбатии сутуни ҷадвал дохил намудани матн Excel мувофиқати аломатҳои аввалаи матни дохилшударо бо аломатҳои аввалаи матни катаки болоӣ месанҷад. Агар онҳо айнан якхела бошанд, он гоҳ матни катаки болоӣ ба таври худкор ба катаки поёнӣ илова карда мешавад. Масалан, бигузор дар катаки D14 ҷумлаи «Карим доно аст.» ҷойгир карда шуда бошад. Мо мехоҳем, ки ба катаки ояндаи D15 матни «Кароматулло сарояндаи хушсалиқа мебошад. »-ро дохил намоем. Ҳангоми ба катаки D15 дохил намудани пайдарпайии ҳарфҳои «Кар» барномаи Excel ба таври худкор ба ин катак дохилкунии ҷумлаи «Карим доно аст.»-ро пешниҳод менамояд. Дар ин маврид пахши тугмаи Enter амали худанҷомдиҳиро тасдиқ менамояд. Дар акси ҳол дохилкунии варианти пешбинишудаи матнро давом додан лозим аст. Дар мавриди татбиқи амали худанҷомдиҳии матнӣ талаб карда мешавад, ки катакҳо пай дар пай пур карда шаванд. Агар дар байни онҳо катаки холӣ мавҷуд бошад, он гоҳ ин амал ба таври худкор лағв мегардад.

Худпуркунии ададӣ. Амали худпуркунӣ бо ададҳо нисбат ба худанҷомдиҳии матнӣ каме дигархелтар иҷро мешавад. Мушнамо дар варақи корӣ асосан шакли аломати ҷамъи сафеди ғафс «i=[]=i »-ро дорад. Дар кунҷи рости поёнии чорчӯбаи катаки фаъол квадратчаи сиёҳи хурде ■ ҷойгир шудааст, ки он Маркери пуркунӣ ном дорад. Ҳангоми мушнаморо ба болои

маркери пуркунӣ гузоштан он шакли аломати ҷамъи борики сиёҳ « + »-ро мегирад. Маркери пуркунӣ барои бо самтҳои амудӣ ё уфуқӣ ба дигар катакҳо кӯчонидани нусхаи адади катаки ҷорӣ хизмат мерасонад. Барои кӯчонидани нусха аз тугмаҳои чап ё рости муш истифода мебаранд.

Масалан, бигузор дар катаки А1 адади 1 нигоҳ дошта шуда бошад. Ба воситаи тугмаи рости муш маркери пуркунии ин катакро пахш намуда, мушнаморо аз болои катакҳои A1, B1, C1 ба самти уфуқӣ мелағжонем. Пас аз сардиҳии тугма мебинем, ки ин катакҳо ҷудо шуда, дар наздашон менюи зерматнӣ пайдо шудааст. Агар аз меню банди Нусхабардорӣи катак (Копи- ровать ячейки)-ро интихоб намоем, он гоҳ дар катакҳои В1 ва С1 низ адади 1 пайдо мешавад. Ҳангоми интихобкунии банди Пуркунӣ (Заполнить) дар катаки В1 адади 2 ва С1 адади 3 пайдо мешаванд, яъне катакҳои А1, В1, С1, мувофиқан, соҳиби қиматҳои 1, 2, 3 мегарданд. Барои шарти пуркунии катакҳоро аниқтар муайян кардан аз банди Прогрессияи менюи зерматнӣ истифода бурдан беҳтар аст. Пас аз амалӣ гардонидани ин банд дар экран равзанаи робитавии Прогрессия пайдо мешавад. Бо

ёрии ин равзана қимати қадами прогрессия ва ҳудуди онро интихоб кардан мумкин аст.

Худпуркунии формулавӣ. Амали худпуркунии формулавӣ бо амали худпуркунии ададӣ хеле монанд аст. Хусусияти фарқкунандаи ин амал аз он иборат аст, ки дар ин

маврид зарурати нусхабардорӣи муроҷиаткунӣ ба суроғаи катакҳо пеш меояд.

Фарз мекунем, ки дар катаки С1 формулаи =А1+В1 нигоҳ дошта шудааст. Нусхаи ин формуларо бо усули худпуркунии формулавӣ ба катакҳои С2, С3, С4, С5 мекӯчонем. Азбаски дар формулаи =А1+В1 муроҷиаткунӣ ба суроғаи катакҳои А1 ва В1 нисбӣ аст, бинобар ин дар катакҳои С2, С3, С4 ва С5, мувофиқан, формулаҳои =А2+В2, =А3+В3, =А4+В4 ва

=А5+В5 пайдо мешаванд.

Агар формулаи катаки С1 намуди =А1+$В$1-ро медошт, он гоҳ пас аз худпуркунии формулавӣ дар катакҳои поёнии сутуни С, мувофиқан, формулаҳои =А2+$В$1, =А3 + $В$1, =А4+$В$1 ва =А5 + $В$1 ҳосил мегардиданд.

Функсияҳои стандартӣ. Одатан дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарра лозим меояд, ки аз функсияҳои математикӣ ва ғайриматематикӣ зуд-зуд истифода барем. Дар ҷадвали электронии Excel барои аксарияти чунин функсияҳо зербарномаҳои махсусе сохта шудаанд, ки онҳоро функсияҳои стандартӣ мегӯянд. Функсияи стандартӣ гуфта, функсияеро меноманд, ки он қисми таркибии барнома ба ҳисоб рафта, тарзи истифодабарии он дар ҳамаи мавридҳо якхела аст. Функсияҳои стандартӣ дар Excel танҳо дар формулаҳо истифода бурда мешаванд. Ба ин функсияҳо ба воситаи ном ва аргументҳояшон муроҷиат мекунанд. Аргументҳои функсияҳо дар қавс навишта шуда, аз ҳамдигар бо ёрии аломати нуқта- вергул ; ҷудо карда мешаванд. Аргументи функсия ададҳо, суроғаи катакҳо ё дигар ифодаи дилхоҳ шуда метавонад. Ба ин гуна функсияҳо — функсияҳои одитарини математикӣ, молиявӣ, оморӣ, мантиқӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Тарзи интихобкунии функсияҳои стандартӣ дар ҶЭ Excel ба мисли дигар ҷадвалҳои электронӣ мебошад. Масалан, барои қимати ягон функсияи стандартиро дар ҳисоббарорӣ истифода бурдан, пеш аз ҳама бояд худи ин функсия дар ягон катаки ҷадвал ҷойгир карда шавад. Бо ин мақсад ягон катаки ҷадвалро

ҷудо намуда, дар сатри формулаҳо тугмаи fxj-ро пахш менамоем. Дар ин маврид дар экран равзанаи робитавии Моҳири функсиясоз (Мастер функций) пайдо мегардад.

Тарзи кори равзанаи робитавии Моҳири функсиясози MS Excel бо тарзи кори равзанаи Селектори функсияҳои барномаи Gnumeric хеле монанд аст. Масалан, бигузор ҳангоми ҳисоббарориҳо аз функсияи тригонометрии косинус истифода бурдан зарур бошад. Дар ин маврид аввал мо ба воситаи майдони Категорияи равзанаи моҳири функсиясоз категорияи функсияҳои математикӣ ва баъд бо ёрии майдони Интихоби функсия (Выберите функцию) функсияи co () — косинусро интихоб менамоем. Ҳангоми пахш кардани тугмаи ОК равзанаи робитавӣ ба таври худкор намуди зеринро мегирад. Дар майдончаи Адад (Число) қимати аргументи функсияи косинусро дохил менамоем. Дар мисоли мо қимати функсияи коганус барои адади 0,25 ҳисоб карда шудааст, ки он тақрибан ба 0,968912422 баробар аст. Ҳангоми пахш намудани тугмаи ОK қимати функсияи стандартии co (,25) ба катаки ҷорӣ

гузаронида мешавад.

Саволҳо:

  1. Воситаҳои худкори дохилкунии иттилоот барои чӣ заруранд? Онҳо кадомҳоянд?
  2. Амали худанҷомдиҳӣ барои дохилкунии кадом намуди иттилоот пешбинӣ шудааст? Тартиби иҷрои ин амал чӣ тавр аст?
  3. Амали худпуркунии ададӣ аз амали худанҷомдиҳӣ чӣ фарқ дорад?
  4. Маркери пуркунӣ чист? Аз он чӣ тавр истифода мебаранд?
  5. Фарқи фармони Нусхабардорӣи катакҳо аз Пуркунӣ дар чист?

Дар кадом маврид аз равзанаи робитавии Прогрессия истифода бурдан беҳтар аст?

  • Бо кадом тарзҳо функсияҳои стандартиро интихоб менамоянд?
  • Майдони Категорияи равзанаи робитавии Моҳири функсияҳо кадом вазифаро иҷро менамояд? Майдони Функсия чӣ?

Супориш:

  1. Парвандаи «Дарси машқ»-ро кушоед ва варақи кории «Лист3»-ро фаъол гардонед.
  2. Ҳамаи мисолҳои дар матни мавзӯъ овардашударо амалан дар компютер иҷро намоед.
  3. Ба варақи кории «ЛистЗ» номи нави «Худпуркунӣ» гузоред ва парвандаро дар диск сабт намоед.
  4. Ба китоби кории «Дарси машқ» варақи кории нав илова намоед ва онро «y=2* in(x)» ном гузоред.
  5. Бигузор қимати катаки D5 ба адади 0 баробар аст ва дар катаки E5 формулаи =2* IN(D5) дохил карда шудааст. Талаб карда мешавад, ки аз усулҳои худпуркунии ададӣ ва формулавӣ истифода бурда, дар диапазонҳои катакҳои D6:D25 ва E6:E25, мувофиқан, барои қиматҳои хе[1;20] қимати функсияи y=2* in(x) ҳисоб карда шавад.
  6. Ба китоби кории «Дарси машқ» варақи кории нави «Функсияҳои стандартӣ» илова намоед.
  7. Ба воситаи майдони Категорияи равзанаи Моҳири функсияҳо категорияи Математикиро интихоб намоед. Бо ёрии майдони Функсияи ин равзана қимати функсияҳои зеринро ҳисоб намоед:

  дар катакҳои сутуни А функсияи КОРЕНЬ(число)-ро барои ёфтани решаи квадратӣ аз ададҳои 49, 81, 121,64, 625.

  дар катакҳои сутуни В функсияи СТЕПЕНЬ (число;степень)-ро барои ёфтани дараҷаҳои (2;3), (8;2), (-3;4), (25;3), (8;-2).

  дар катакҳои сутуни С функсияи СУММ (число1;число2;…)-ро барои ёфтани суммаи ададҳои (49;81), (14;-27;69),

(121;64;63;9).

  дар катакҳои сутуни D функсияи ТАМчисло)-ро барои ёфтани қимати тангенси ададҳои 0.5, 0.56, 1, -1, 47, -0.5, 0, 2.3.

  • Ба воситаи майдони Категорияи равзанаи Моҳири функсияҳо категорияи Омориро интихоб намоед. Бо ёрии майдони Функсияи ин равзана қимати функсияҳои зеринро ҳисоб кунед:

  дар катакҳои сутуни E функсияи МИН(число1; число2;…)-ро барои ёфтани адади хурдтарин аз байни ададҳои (49;81), (14;27;-69), (121 ;64;63;19); (21 ;4; 163; 119;-99;457).

  дар катакҳои сутуни F функсияи МАКС(число1; число2;…)-ро барои ёфтани адади калонтарин аз байни ададҳои (49;81), (14;27;-69), (121 ;64;63;19); (21 ;4; 163; 119;-99;457).

  дар катакҳои сутуни H функсияи СРЗНАЧ(число1 ;число2;.)-ро барои ёфтани миёнаи арифметикии ададҳои (49;81), (14;27;69), (121 ;64;63;19); (21;4;163; 119;-99;457). Парвандаро дар диск сабт намоед.

Маводҳои ҳамсон