Чаро ноқилҳои барқиро аз мис месозанд?

Ба дигарон равон намоед

Неруи барқе, ки дар неругоҳҳои барқӣ, истеҳсол мегардад, тавассути ноқилҳои барқӣ ба ҷои лозимаи истифодабарӣ фиристода мешавад. Барои истеҳсоли ноқилҳои барқӣ филизҳо (металлҳо, (қабл аз ҳама мис) -ро истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Аз мис симҳои ниҳоят борик ва дарозро истеҳсол намудан мумкин аст. Бинобар ин симҳои мисинро барои истеҳсоли ноқилҳои интиқолдиҳандаи неруи барқ истифода мебаранд. Симҳои бо моддаи пластикии ҳимоявӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо неруи барқро намегузаронанд. Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳои ҳимоявӣ истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро шиддати заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.

Маводҳои ҳамсон