Чопгар. Бандарҳо

Ба дигарон равон намоед

Чопгар (printer — принтер) дастгоҳест, ки барои дар коғаз чоп кардани иттилоот хизмат мерасонад. Ба воситаи чопгар на танҳо иттилооти матнӣ, балки графикиро низ хориҷ кардан мумкин аст. Чопгарҳо низ ба мисли мониторҳо иттилооти тасвиршавандаро ҳам дар намуди ранга ва ҳам сиёҳу сафед хориҷ карда метавонанд. Қимати чопгарҳои ранга аз чопгарҳои муқаррарӣ зиёдтар аст. Чопгарҳо вобаста ба тарзи корашон матритсавӣ, рангпошанда ва лазерӣ мешаванд.

Чопгари матритсавӣ солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта чопгари паҳнгаштатарин ба ҳисоб мерафт. Сифати чопи он нисбат ба чопгарҳои навъи дигар паст буда, ҳангоми чопкунӣ садои баланд мебарорад. Азбаски нархи он аз дигар намуд чопгарҳо арзонтар аст, ин чопгарро то ҳол дар баъзе корхонаву муассисаҳо вохӯрдан мумкин аст.

Принсипи кори ин чопгар чунин аст: қисми чопкунандаи он, ки аз қатори сӯзанчаҳои борики филизии (металлии) ба таври амудӣ ҷойгирбуда иборат аст, бо самти сатри чопшаванда ҳаракат мекунад. Дар вақти зарурӣ сӯзанчаҳо аз болои лентаи ранг ба коғаз зарба мезананд ва ташаккулёбии аломату тасвирҳоро таъмин мекунад.

Чопгари рангпошанда ҳоло барои компютерҳои фардӣ намуди паҳнгаштатарин ба шумор меравад. Тавассути ин чопгар тасвири аломату расмҳо бо ёрии микроқатраҳои рангини махсус ташаккул меёбанд, ки онҳо ба воситаи найчаҳои борики дар қисми чопкунанда

мустаҳкамкардашуда ба коғаз пошида мешаванд. Дар қисми чопкунандаи ин чопгар аз 50 то 200 чунин микронайча мавҷуданд. Дар чопгари рангпошанда низ ба мисли чопгари матритсавй қисми чопкунандааш ба самти уфуқӣ ҳаракат мекунад. Пас аз чопи ҳар як

сатри тасвир коғаз аз рӯйи самти амудй ба пеш ҳаракат мекунад. Дар натиҷа дар коғаз пай дар пай тасвири зарурӣ пайдо мешавад. Сифати чопи чопгарҳои рангпошанда аз матритсавй хеле баланд аст. Ҳангоми чоп онҳо садои зиёд ҳам намебароранд. Бо ёрии ин чопгарҳо чопи рангаи арзонтаринро ҳосил кардан мумкин аст.

Чопгарҳои лазерӣ сифати аз ҳама баландтарини чопи ранга ва сиёҳу сафедро таъмин менамоянд. Сифати чопи ин чопгарҳо ба чопи типографй хеле наздик аст. Дар чопгарҳои лазерӣ принсипи

ксерографй истифода мешавад. Тасвири аломату расмҳо ба коғаз ба воситаи барабани махсус гузаронида мешавад, ки ба он зарраҳои хока (тонер)-и электризонидашуда (барқаманд) ме- часпанд. Фарқи ин чопгар аз дастгоҳи ксерокопй дар он аст, ки барабани чопкунандаи он ба воситаи фармони компютер бо нури лазерӣ

электризонида (заряднок) мешавад. Чопгарҳои лазерӣ аз ҳамаи дигар намуди чопгарҳо суръати баландтари чопкунӣ дошта, барои чоп коғази махсусро талаб намекунанд. Масалан, суръати чопи чопгарҳои лазерии фардии HP LaserJet 5L ё 5P одатан дар як дақиқа

4-5 саҳифаро ташкил медиҳад. Дар чопгарҳои офисии HP LaserJet 4 ё 5 ин адад ба 8-12 саҳифа мерасад.

Бандар. Иртибот байни сахтафзорҳои гуногуни дохил ва хориҷ кардани иттилоот бо блоки системавии компютер тавассути слотҳои (портҳои) махсус, ки онҳоро бандар мегӯянд, амалӣ мегардад. Барои баъзе сахтафзорҳои аз берун бо компютер пайвастшаванда ҷойҳои махсус ҷудо карда шудааст, ки онҳоро низ бандар мегӯянд. Ин мавзеъҳо одатан дар пас (пушт)-и блоки системавии компютери фардӣ ҷойгир шудаанд. Дискдонҳои дискҳои чандирии магнитӣ, винчестер ва дискҳои нурӣ (лазерӣ) асосан дар дохили блоки системавӣ насб карда мешаванд.

Бандарҳои насби сахтафзорҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: симӣ — параллелӣ ва пайдарпай, USB (юэсби), Fire Wire (файр-вайр) ва бесим — инфрасурх, Bluetooth (блутуз).

Бандарҳои параллелӣ. Ин намуди бан- дарҳо дар иртиботи сахтафзорҳое истифода мешаванд, ки онҳо барои иттилооти ҳаҷми

калондоштаро ба масофаи наздик расонидан хизмат мерасонанд. Ба воситаи бандарҳои параллелӣ дар як вақт бо ёрии 8 тор сим якбора 8 бит додаҳо гузаронида мешаванд. Ба бандарҳои параллелӣ чопгар (принтер) ва сканер насб карда мешаванд. Миқдори бандарҳои параллелӣ дар компютер аз як то сето шуда метавонад, ки онҳо мувофиқан LPT1, LPT2, LPT3 (Line PrinTer — хатти чопгар) номгузорӣ мешаванд.

Бандарҳои пайдарпай барои ба блоки системавй насб кардани

муш, модем ва дигар сахтафзорҳо хизмат мерасонанд.

Ба воситаи торҳои ин бандар додаҳо дар шакли пайдарпай 1-битӣ гузаронида мешаванд. Пай дар пай

расонидани додаҳо барои масофаҳои дур мувофиқ аст. Бандарҳои пайдарпайро аксар вақт бандарҳои иртиботӣ низ мегӯянд. Миқдори онҳо дар компютер аз як то чор ададро ташкил карда метавонад, ки онҳо мувофиқан СОМ1, СОМ2, СОМ3 ва COM4 (COMmunication port — бандари иртиботӣ) номгузорӣ мешаванд.

USB-бандар. Яке аз воситаҳои паҳнгаштатарини замони муосири насби сахтафзорҳои миёнасуръат ва камсуръати иттилоотгузаронӣ дар компютерҳои фардй USB-бандар (USB — Universal Serial Bus) ба ҳисоб

меравад. Дар USB-бандар усули пайдарпайи интиқоли додаҳо истифода мешавад. Имрӯзҳо бандари нисбатан зудсуръаттари намуди USB 2.0 мақоми хосса пайдо намудааст. Дар компютерҳои фардй якчандто ин гуна USB-бандарҳо насб карда шудаанд. Миқдори онҳоро аз ҳисоби USB-консентратҳо боз ҳам зиёдтар

кардан мумкин аст. Ҳангоми ба USB-бандар пайваст кардани сахтафзор зарурати азнавборкунии компютер вуҷуд надорад. Драйвери сахтафзор ба таври худкор ин пайвастшавиро таъмин менамояд.

Ба USB-бандарҳо сахтафзорҳои гуногун, аз қабили чопгар, муш, сафҳакалид, флеш-корт, дискдонҳо, сканер, телефонҳои ҳамроҳ ва ғайраро насб карда, иртибот барқарор намудан мумкин аст. Ҳамин тариқ, USB-бандарҳо бандарҳои универсалӣ буда, сахтафзорҳои навъи гуногунро ба компютер ҳамроҳ мекунанд ва имконияти корбарии компютерро якчанд маротиба зиёд мегардонанд.

FireWire-бандар. Бандари навъи Fire Wire (IEEE 1394) асосан барои насби сахтафзорҳои зудсуръат, масалан, камераҳои рақамӣ, истифода мешавад.

Бандари инфрасурхи бесим. Бо ёрии ин навъ бандар интиқоли иттилоот аз рӯйи хатти оптикӣ (нурӣ) дар диапазони (фосилаи,

доираи) мавҷҳои инфрасурх ба амал меояд. Айнан бо ҳамин усул пулти таҷҳизоти техникӣ, аз қабили телевизор, радио, кондитсионер, қандил ва ғайра кор

мекунад. Доираи мавҷпаҳнкунии пултҳои идории фосилавй якчанд метрро ташкил мекунад. Барои дастрасии бемонеаи мавҷ дастгоҳҳои мавҷфиристанда ва мавҷқабулкунанда бояд рӯ ба рӯйи ҳамдигар ҷойгир карда шаванд.

Бандарҳои инфрасурхи бесим одатан барои насб кардани компютер, махсусан компютерҳои портативй, бо телефонҳои ҳамроҳ, ки айнан бо ҳамин хел бандар муҷаҳҳазанд, истифода мешаванд. Ин бандар ба корбар имконият фароҳам меоварад, ки бо ёрии телефони ҳамроҳ ба Интернет дастрасй дошта бошад, хеле муфид мебошад.

Насби бесим бо модули Bluetooth. Насби ҳамагӣ як адаптери Bluetooth ба компютер имконият медиҳад, ки дар як вақт қариб бо

100 таҷҳизоти дар радиуси то 100 метр ҷойгирбуда робита барқарор намояд. Бо компютере, ки бо модули Bluetooth муҷаҳҳаз мебошад, сахтафзорҳои гуногунро насб кардан

мумкин аст. Масалан, компютери фардии дар масофаи наздик ҷойгирбуда бо телефонҳои ҳамроҳ, чопгарҳо, муш, сафҳакалид ва ғайра робита барқарор карда метавонад. Иртиботи додаҳо тавассути мавҷҳои радиой дар радифи 2,2-2,4 Ггс ба амал меояд. Яке аз афзалиятҳои Bluetooth — иртиботи устувори он ба ҳисоб меравад. Устувории он новобаста ба мавқеи ҷойгиршавии мавҷқабулкунанда ва мавҷпахшкунанда таъмин карда мешавад. Агар дар компютер модули Bluetooth пешакӣ насб карда нашуда бошад, пас модули алоҳидаи онро бо ёрии USB-бандар ба компютер ҳамроҳ кардан

мумкин аст. Дар компютерҳои портативӣ Bluetooth ба таври васеъ истифода мешавад.

Модули Wi-Fi Технологияи «вай-фай» (Wi-Fi — Wireless Fidelity — садоқати бесим) стандарти иртиботи устувор ба ҳисоб рафта барои дастрасии бесими шабакаи саросарии Интернет тавассути компютерҳои фардӣ пешбинӣ шудааст. Аксарияти компютерҳои портативй бо модули Wi-Fi муҷаҳҳазанд. Барои компютерҳои фардии рӯйимизй модулҳои алоҳидаи дохилй ва берунӣ истифода мешавад. Вазифаи модули Wi — Fi аз ташкил намудани иртиботи байни компютер ва мавҷ- пахшкунанда (антенна) дар радифи 2,4 Мгс бо суръати аз 11 Мбит/с то 54 Мбит/с иборат аст.

Саволҳо:

  1. Чопгарҳо чӣ вазифа доранд?
  2. Чанд намуди чопгарҳоро медонед?
  3. Чопгарҳои матритсавӣ чӣ тавр кор мекунанд?
  4. Чопгарҳои рангпошанда аз матритсавӣ чӣ фарқ доранд?
  5. Принсипи кори чопгарҳои лазерӣ чӣ гуна аст?
  6. Бандарҳо дар компютер кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
  7. Бандарҳои параллелӣ аз пайдарпай чӣ фарқ доранд?
  8. Оё шумо ба воситаи USB-бандар ягон сахтафзорро ба компютер насб кардаед?
  9. Кадом навъи бандарҳои бесими насби сахтафзорҳоро бо компютер медонед? Кадомашон беҳтар аст?

Супоришҳо:

  1. Дар бораи чопгар ва намудҳои он фикратонро дар дафтар нависед.
  2. Агар дар синфхонаи компютериатон чопгар мавҷуд бошад, он гоҳ намуди он ва нишондодҳояшро номбар кунед.
  3. Тарзи истифодаи чопгарро бо ёрии омузгор омӯзед.
  4. Мавзӯъро бодиққат хонда, аҳаммияти бандарҳои насби сахтафзорҳоро баён кунед.
  5. Блоки системавии компютерро аз назар гузаронед ва гӯед, ки дар он кадом навъи бандарҳо пешбинӣ шудаанд?
  6. Монандӣ ва фарқи намуди зоҳирии бандарҳои дар компютер насбшударо дар дафтар нависед.

Маводҳои ҳамсон