Шаклкашӣ

Ба дигарон равон намоед

Мафхуми шакл. Шакл — мафҳуми бисёр умумӣ мебошад. Объектҳои муҳити атроф (табиат) дар шаклҳои гуногун офарида шудаанд. Тамоми шакл (фигура)-ҳои геометрӣ, ки мавриди омӯзиши мактабӣ ва таҳқиқи олимон қарор доранд, инъикоси ҳамин шаклҳои табиӣ мебошанд. Шакли геометрӣ — ҳамчун маҷмӯи нуқтаҳо муайян карда мешавад. Пас, мафҳуми «шакл», пеш аз ҳама, бо мафҳуми «нуқта» алоқаманд аст. Масалан, порча, хати рост, хати каҷ, давра, росткунҷа, курра ва ғайра — шаклҳои геометриро ташкил медиҳанд.

Афзорҳои ишклкашӣ. Дар виростори графикии Paint барои шаклсозӣ афзорҳои махсуси расмкашие пешбинӣ шудаанд, ки онҳо дар банди Асосӣ (Главная)-и блоки Шакҳо (Фигуры)-и тасмаи абзори менюи барнома маскан гирифтаанд. Афзорҳои блоки мазкурро ба афзорҳои стандартӣ («Росткунҷа», «Эллипс», «Секунҷа», «Тир» ва ғайра) ва ғайристандартӣ («Дил», «Барқ», «Тавзеҳ», «Бисёркунҷа» ва ғайра) тақсим мекунанд. Гарчанде ин афзорҳоро шартан ба ду

гурӯҳ ҷудо карда бошанд ҳам, вале тарзи истифодабарии онҳо аз ҳамдигар ягон фарқе надорад.

Доир ба таъйиноти ду афзори аввалаи ин маҷмӯь —

 / (Хаткаши poсm) ва  ~ (Хаткаши каҷ) мо дарси гузашта маълумоти зарурӣ пайдо карда будем. Ҳоло бо таъйиноти афзорҳои боқимондаи блоки Шаклҳо шинос хоҳем шуд.

Афзорҳои мазкур асосан шаклҳои объектҳоеро меофаранд, ки онҳо дар намуди ҳамон шаклҳо тасвир ёфтаанд. Агар афзор барои сохтани ду шакли геометрӣ пешбинӣ шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки барои ҳосил намудани шакли объекти дуюм, бояд тугмаи чапи муш якҷоя бо тугмаи «Shift»-H сафҳакалид пахш карда шавад.

  • байзашакл (афзор барои сохтани эллипс ва давра),
  • росткунҷа (афзор барои сохтани росткунҷа ва
  • мураббаъ, квадрат),
  • ҳамворкунҷ (афзор барои сохтани росткунҷаҳои кунҷҳояшон суфта),
  •  бисёркунҷасоз (афзор барои сохтани бисёркунҷаҳои шаклҳои ихтиёрӣ),
  •  секунҷа (афзор барои сохтани секунҷаҳои ихтиёрӣ),
  • секунҷаи росткунҷа (афзор барои сохтани секунҷаҳои росткунҷа),
  • ромб (афзор барои сохтани ромбҳо),
  •  панҷкунҷа (афзор барои сохтани панҷкунҷаҳо),
  •  шашкунҷа (афзор барои сохтани шашкунҷаҳо),
  • тирча ба самти рост,
  •  тирча ба самти чап, xj — тирча ба самти боло,
  •  тирча ба самти поён,

  • -ситораи чоргӯша,

  • ситораи панҷгӯша,
  •  ситораи шашгӯша,
  • тавзеҳи ҳамворкунҷа,
  •  тавзеҳи байзашакл,
  •  тавзеҳи абршакл,
  • дил,
  • барқ.

Технологияҳои шаклкашӣ. Ҳангоми сохтани шаклҳои геометрии стандартӣ ё ихтиёрӣ, сахтафзори асосии корбарӣ — муш ба ҳисоб меравад. Технологияҳои шаклкашӣ аз бисёр ҷиҳат ба технологияҳои хаткашӣ монанд аст. Барои ҳосил намудани ягон шакли тайёри геометрӣ, аз маҷмӯи афзорҳои блоки «Шаклҳо» (Фигуры)-и тасмаи абзори менюи барномаи Paint афзори заруриро интихоб намудан (ба болои нишонаи он тугмаи чапи мушро пахш кардан) лозим аст.

Масалан, барои сохтани объекти » — «ситораи

шашгӯша», мо бояд афзори мазкурро аз блоки «Шаклҳо» интихоб намоем. Баъд, бояд мушнаморо то ҳосил шудани шакли мазкур ба самтҳои мувофиқ «кашола кунем». Ҳангоми раҳо кардани тугмаи чапи муш, атрофи «ситораи шашгӯша» бо росткунҷаи шикастахати 6-мураббаъчадор иҳота карда мешавад.

Мураббаъчаҳои атрофи шакл барои каму зиёд намудани андозаи тасвир пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми ба болои онҳо бурдани мушнамо, вай шакли яке аз тирчаҳои дусамтдор t И ’*)-ро мегирад. Маҳз ҳамин тирчаҳо воситаҳои тағйирдихди андозаи тасвир мебошанд.

Сохтани шаклҳои дигари геометрӣ, масалан, росткунҷа, ҳамворкунҷ ва эллипс, айнан ба мисли сохтани шаклҳои ситоравӣ амалӣ мегарданд. Яъне, пас аз интихоби афзори зарурӣ, тугмаи чапи мушро дар мавзеи қуллаи якуми объект пахш карда, мушнаморо ба самти қуллаи муқобили объект кашола мекунанд ва дар мавзеи қуллаи мазкур тугмаи чапи мушро раҳо мекунанд. Барои ҳосил намудани «шаклҳои дуруст»-и геометрӣ (давра ва мураббаъ), пас аз интихоби

фзорҳои мувофиқ, тугмаи чапи мупгро якҷоя бо тутаи «Shifl»-H сафқакалид пахш кардан кифоя аст.

Барои ҳосил намудани бисёркунҷаи ихтиёрӣ аз афзори — бисёркунҷасоз истифода бурдан лозим аст. Тарзи корбарии афзори мазкур нисбат ба афзорҳои дигар каме мушкилтар мебошад.

Тарафи якуми бисёркунҷаро бо усули кашолакунии мушнамо месозанд. Барои сохтани тарафҳои дигари он, тугмаи чапи мушро пай дар пай дар болои қуплақои эҳтимолии бисёркунҷа пахш намуда, хатқои пайвасткунандаро бо усули кашолакунӣ мегузаронанд. Барои ба кор интиҳо бахшидан, дар қуллаи охирони бисёркунҷа тугмаи чапи мушро ду маротиба пахш мекунанд ё мушнаморо ба болои қуллаи якуми он кӯчонида, онро як маротиба пахш менамоянд.

Саволҳо:

  1. Кадом афзорҳои шаклкашии «Paint»-po номбар карда метавонед? Барои чӣ онҳоро ба афзорҳои стандартӣ ва ғайристан дартӣ тақсим мекунанд?
  2. Барои ҳосил намудани ягон шакли геометрӣ кадом амалҳоро анҷом додан лозим аст?

З.Оё тарзи истифодаи афзори «бисёркунҷасоз»-ро медонед?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи барномаи графикии «Paint»-po кушоед ва тарзи корбарии афзорҳои шаклкашии онро машқ кунед.
  2. Бо истифода аз афзорҳои шаклкашӣ ва амалҳои маъмули корбарӣ бо объектҳои графикӣ расмҳои поёниро кашед ва онҳоро бо номи «Расмҳои дуюми ман дар Paint» дар хотираи комгаотер нигоҳ доред.

Маводҳои ҳамсон