Шарҳи падидаҳои физикӣ дар заминаи сохти молекулии моддаҳо

Ба дигарон равон намоед

Аввал натиҷаи чанд падидаи маъмулиро бинем.

Падидаи 1. Як пора яхро дар зарфи сарпӯшида ҷой дода, зарфро оҳиста-оҳиста гарм мекунем. Мебинем, ки ях аввал об мешаваду баъд — бухор. Сабаби ин дар чист?

П2. Сақои пӯлодин аз ҳалқае, ки қутр (диаметр)-и даруниаш ҳамчени қутри сақост, озодона мегузарад (рас. 2.3, а). Вале ҳамон сақо агар гарм карда шавад, дар ҳамон ҳалқа дармемонад (рас. 2.3, б). Ин чӣ сабаб дорад?

П3. Сими оҳанинро хам кардан душвор аст. Аммо агар онро гарм кунем, ин кор осон мешавад. Сабаб чист?

П4. Симҳои барқрасонӣ гоҳи тобистон халта мезананд, вале дар зимистон кашида (таранг) мешаванд. Чаро?

П5. Агар тӯби волейболро фишорем, ҳадми он кам мешавад. Ин чӣ сабаб дорад?..

Ин гуна падидаҳо бешуморанд. Онҳо дар чӣ замина рӯй медиҳанд?

image44Вақте ки яхро гарм мекунем, мебинем, ки шакл ва ҳолати он ба куллӣ дигаргун мешавад. Сақои пӯлодин ҳангоми гарм кардан васеъ мешавад, сими сахт хосияти мулоимӣ пайдо мекунад (падидаи 3) ё дароз мешавад (падидаи 4). Падидаи 5 аз он далолат мекунад, ки ҳаҷми ҳавои даруни тӯб ҳангоми фишурдан хурд мешавад ва ғ.

Ин падидаҳо як ҷиҳати умумӣ доранд – дар онҳо сохти дарунии модда аз таъсироти берун тағйир меёбад.

Шарҳи ин падидаҳо дар заминае осон аст, ки моддаҳо сохти атомӣ-молекулӣ дошта (яъне аз атому молекулаҳои ҷудогона таркиб ёфта) бошанд. Гап дар он аст, ки молекулаҳои модда аз якдигар дар фосилаҳои муайян ҷой мегиранд ва дар сурати тағйир ёфтани ин масофаҳо ҳаҷми ҷисм низ тағ­йир меёбад. Ҳангоми гарм кардани ҷисм масофаҳои байни – молекулӣ  меафзоянд — дар натиҷа ҷисм васеъ мешавад. Пас, хурд шудани ҳаҷми ҷисм натиаи он аст, ки гоҳи сард кардани ҷисм масофаҳои байни молекулаҳои он кӯтоҳ мешавад.

Ин ҷо инчунин пурсише ба миён меояд, ки чаро ҷисмҳо дар назари мо яклухт менамоянд. Посух ин аст: молекулаҳои ҳама гуна дисм андозаи бағоят хурд доранд — ба ҳамин сабаб мо онҳоро на танҳо бо чашми номусаллаҳ, балки ҳатто бо резбин (микроскоп)-и хуб ҳам дида наметавонем.

  1. Дар матн зикр шуд, ки гоҳи каму зиёд шудани масофаи байни молекулаҳои ҷисм ҳаҷми он ҷисм тағйир меёбад. Шумо ин падидаро дар заминаи назарияи ҷунбишҳои молекулӣ чӣ шарҳ дода метавонед?
  2. Сақои дар рас. 2.3,б тасвиршударо, ки андар ҳалқа дармондааст, агар сард кунем, аз ҳалқа мегузарад. Сабаб чист?
  3. Чарост, ки агар сими сахтро гарм кунем, хам кардани он осон мешавад?

Маводҳои ҳамсон