Энергияи дохилӣ

Ба дигарон равон намоед

Аз омӯзиши физикаи синфи 7 Шумо фаҳмидед, ки ду навъи энергияи механикӣ мавҷуд будааст: энергияи кинетикӣ ва потенсиалӣ.

Энергияе, ки ҷисм дар натиҷаи ҳаракати худ соҳиб мешавад, энергияи кинетикӣ меноманд. Автомобили ҳаракаткунанда, тири парон, тӯби ғелон, оби равон, шамол дорои энергияи кинетикианд.

Энергияеро, ки бо вазъияти байниҳамдигарии ҷисмҳои мутақобил таъсиркунанда ё қисмҳои ҳамон як ҷисм муайян карда мешавад, энергияи потенсиалӣ меноманд. Ҷисми аз сатҳи Замин дар ягон баландӣ воқеъбуда, пружинаи фишурда ё ёзонидашуда дорои энергияи потенсиалианд.

Ҷисмҳо метавонанд дар як вақт ҳам дорои энергияи кинетикӣ бошанду ҳам дорои энергияи потенсиалӣ. Масалан, самолёти парвозкунанда, ҷисми ба боло ё ба поён ҳаракаткунанда ҳам дорои энергияи кинетикианду ҳам дорои энергияи потенсиалӣ.

Ба мо маълум аст, ки ҳамаи ҷисмҳо аз молекулаҳо иборатанд. Молекулаҳо дар ҳаракати бефосилаю бетартибона мебошанд, пас онҳо дорои энергияи кинетикианд. Инчунин молекулаҳои таркиби ҷисмҳо байни худ таъсироти мутақобил мекунанд. Аз ин рӯ онҳо боз дорои энергияи потенсиалӣ низ мебошанд. Пас, молекулаҳои таркиби ҷисмҳо дар як вақт ҳам дорои энергияи кинетикианду ҳам дорои энергияи потенсиалӣ. Энергияи кинетикии ҳаракати бетартибонаи молекулаҳои таркиби ҷисм ва энергияи потенсиалии таъсироти мутақобили онҳо энергияи дохилии ҷисмро ташкил медиҳанд.

Энергияи ҳаракат ва таъсироти мутақобили зарраҳоеро, ки аз онҳо ҷисм таркиб ёфтааст, энергияи дохилӣ меноманд.

Ҷисм ҳамеша дорои як миқдор энергияи дохилӣ мебошад. Ба ин аз мушоҳидаи таҷрибаи зайл боварӣ ҳосил намудан мумкин аст. Даҳони пробиркаро бо пӯк махкам карда, ба зери сарпӯши шишагини насоси ҳавойӣ ҷойгир мекунем. Бо воситаи насоси Камовский ҳавойи дохили сарпӯши шишагинро кашида мегирем. Пас аз чанде мушоҳида мешавад, ки пӯки даҳони пробирка мепарад (расми 5). Паридани пӯк гувоҳи он аст, ки ҳавои дохили пробирка кор иҷро кард. Пас, ҳавои дохили пробирка дорои энергия будааст. Ин энергияро энергияи дохилӣ мегӯянд.

Энергияи дохилӣ аз энергияи механикӣ бо он фарқ мекунад, ки он ба ҳаракати ҷисм ва вазъи он нисбат ба ҷисмҳои дигар вобастагӣ надорад.

Энергияи дохилӣ ба суръати ҳаракати молекулаҳои таркиби ҷисм ва вазъи ҷойгиршавии онҳо вобастагӣ дорад.

Истифодаи энергияи дохилии ҷисм на ҳамеша имконпазир аст. Дар замони муосир барои ҳалли проблемаи энергетикӣ ба истифодаи ин навъи энергия аҳамияти калон дода мешавад. Муваффақиятҳои илму техника ба он алоқаманд аст, ки то чӣ андоза инсон истифодаи энергияи дохилиро омӯхтааст.

Ба энергияи дохилӣ энергияи атомиро низ мансуб медонанд. Ҳангоми омӯхтани ҳодисаҳои ҳароратӣ бошад, танҳо энергияи молекулаҳоро ба назар мегиранд, чунки дар ҳодисаҳои мазкур асосан ҳамин энергия тағйир меёбад. Бинобар ин минбаъд мо дар бораи энергияи дохилии ҷисм сухан ронда, таҳти мафҳуми он энергияи кинетикии ҳаракати ҳароратӣ ва энергияи потенсиалии таъсироти мутақобили молекулаҳои таркиби ҷисмро дар назар хоҳем дошт.

Саволҳо

  1. Дар кадом ҳолат ҷисм дорои энергияи кинетики ҳасту дар кадом ҳолат дорои энергияи потенсиалӣ?
  2. Оё ҷисм дар як вақт ҳам дорои энергияи кинетикӣ ва ҳам дорои энергияи потенсиалӣ буда метавонад?
  3. Молекулаҳои таркиби ҷисм дорои чӣ гуна энергияанд?
  4. Чӣ гуна энергияро энергияи дохилии ҷисм меноманд?
  5. Энергияи дохилӣ аз энергияи механикӣ бо чӣ фарқ мекунад?

Маводҳои ҳамсон