Ёфти дарозии хатти истиво (хатти экватор)

Ба дигарон равон намоед

Илми нуҷум дар даврони қадим дар Мисру Ҳинду Чин ва Юнон ба қуллаҳои (барои он давра) хеле баланди инкишоф расида будааст. Он замон мушоҳидони Осмон ба дарки бисёр асрори ниҳони табиати саркаш комёб гардида тавонистаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳанӯз 23-24 аср пеш аз замони мо фаҳмида будаанд, ки Замин шакли куравӣ дорад. Олими юнонинажоди мисрӣ Еротус (276-194 то м.) андозаи Заминро бо тарзи барои он давра хеле дақиқ муайян кардааст.

Ҳалли ин масъаларо Еротус он гоҳ ёфтааст, ки ӯ аз тоҷирони равуокунандаи байни ш. Искандария (ватани Еротус) ва ш. Освон як чизи муҳимро шунидааст — ин ки ҳар сол Офтоб дар лаҳзаи ними рӯзи 22 июн ба қаъри чуқуртарин чоҳҳои ш. Освон мерасад.

Еротус барои муъайян кардани дарозии хатти истивои Замин фосилаи самтурраъсии[1] Офтобро (ниг. рас. 1.14) барои ду нуқтаи аз якдигар хеле дури рӯйи Замин чен кардааст. Ӯ ба сифати ин ду нуқта ш. Освон (дар ҷануби Миср) ва ш. Искандарияро (дар шимоли Миср), ки 800 км дур аз ш. Освон воқеъ аст, гирифтааст.

Ҳадаф ин буд, ки аз рӯйи фосилаи самтурраъсии Офтоб қимати ба 1 дараҷаи кунҷӣ (ба 1°) ростояндаи масофаи байни он ду шаҳр ёфта шавад. Он гоҳ ҳосили зарби ин масофа ба адади 360 дарозии тақрибии хатти истиворо ифода мекунад. Дар ин маврид масофаи байни шаҳрҳо (ба ҳисоби дараҷаҳои кунҷӣ) ба фарқи арзҳои ҷуғрофии шаҳрҳо баробар меояд, ки ин аз рас. 1.14 ба хубӣ аён аст.

Еротус барои чен кардани фосилаи самтурраъсӣ асбобе сохт, ки тарзи истифодаи он аз рас.1.15 равшан аст. Асбоби ӯ (бо ҳавои номгузориҳои юнонӣ) искофис номида шуда буд. Ин як навъ косае буд ба шакли нимкура, ки дарунаш бо дараҷаҳои кунҷӣ дараҷабандӣ шуда буд ва дар қаъраш як милаи филизӣ дошт дар ҳоли истода. Еротус гоҳи image17санҷиш косаро мавқеъе медод, ки мила дар ростои нуқтаи самтурраъс ҷой бигирад. Гоҳи ба сари мила задани шуоъи Офтоб мила дар қаъри косаи Еротус соя меафканд ва дарозии он соя фосилаи самтурраъсиро нишон медод.

Барои анҷом додани санҷиш боз зарур буд, ки Еротус лаҳзаи фаро расидани шароити мусоидро бидонад. Офтоб гоҳи нимрӯзии 22 июн дар ростои самтурраъс воқеъ мешавад. Ин гуфта ба ш. Освон дахл дошт. Дар Искандария дар лаҳзаи мутобиқ ба ними рӯзи 22 июн Офтоб на дар болои сар (дар таҷрибаи Еротус дар болои сари милаи даруни косаи асбоби соясанҷӣ), балки 7°12′ дур аз нуқтаи самтурраъс ҷой мегирад, яъне чанд боре, ки 360° аз 7,2° зиёд бошад, дарозии хатти истиво l нисбат ба масофаи байни Освон то Искандария ҳамон қадар бор зиёд аст:

Аз ин ҷо Еротус барои дарозии хатти истиво l қимате ёфт, ки ба қимати ҳозира (40 000 км) хеле наздик аст.

  1. Самтурраъс (зенит) чист?
  2. Фосилаи самтурраъсии Офтоб чӣ гуна фосила аст?
  3. Чарост, ки фосилаи самтурраъсиро на бо километр (км), балки бо дараҷаҳои кунҷӣ (бо °) ифода мекунанд?
  4. Шаҳрванди Мисри кадим Еротус дарозии хатти истивои Заминро чӣ тавр ёфтааст?
  5. Оё шумо аз рӯйи таносуби (*) андозаи Заминро ёфта метавонед?
  6. Дар замони ҳозира андозаи Заминро ба чӣ тарз баҳодод мекунанд?

[1] Самтурраъс (зенит, zenith) — баландтарин нуқтаи гунбади Осмон (он, ки гоҳи нимрӯзии 22 июн дар болои сар воқеъ мешавад).

Маводҳои ҳамсон