Қисмҳои иловагии компютер

Ба дигарон равон намоед

Дар компютерҳои фардй ба ғайр аз таҷҳизоти комплекти асосй боз имконияти пайваст кардани таҷҳизоти иловагӣ низ вуҷуд дорад. Модем ва факс-модем. Барои тавассути компютер аз шабакаи саросарии Интернет (Intemet) ё маҳаллии корхона истифода бурдан, бо почтаи электронӣ кор кардан, равон ё қабул кардани факс ва ғайра зарур аст, ки он бо модем ё

 факс-модем муҷаҳҳаз бошад. Модем (modem) — таҷҳизотест, ки ба воситаи шабакаи телефонӣ иттилоотро аз як компютер ба компютери дигар интиқол медиҳад. Факс-модем — таҷҳизотест, ки якбора имкониятҳои ҳам модем ва ҳам аппаратҳои факсиро дорад ва барои бо дигар таҷҳизоти ҳамҷинси худ ё аппаратҳои муқаррарии телефаксӣ барпо кардани мубодилаи тасвирҳои факсималӣ хизмат мерасонад. Қисми зиёди модемҳои нав дорои хусусиятҳои факс- модеманд. Баъзе модемҳо дорои имкониятҳои садоӣ буда, метавонанд ба сифати ҷавобдиҳаки худкор хизмат расонанд. Модемҳо дар ду намуд — дохилӣ (платаи электронии ба шинаи ISA пайвастшуда) ва берунӣ (ҳамчун таҷҳизоти алоҳида) истеҳсол карда мешаванд.

Платаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ. Дар бисёр соҳаҳо — техника, тиб, биология ва ғайра баъзан лозим меояд, ки сигнали датчикҳо ба компютер дохил карда шуда, дар асоси онҳо раванд идора карда шавад. Масалан, дар табобатгоҳ ба бемори дарди дил датчике гузоштан мумкин аст, ки тавассути он кардиограммаи бемор мунтазам ба компютер ворид гардад. Дар мавриди хуруҷи касалй компютер ба таври худкор метавонад табибонро огоҳ созад. Ва ё агар дар гармхона ба компютер датчикҳои ҳарорати ҳаво, намӣ ва таркиби гази ҳавоченкунандаро пайваст кунанд, он гоҳ дар асоси маълумоти аз онҳо дастрасшаванда дар гармхона микроиқлими беҳтаринро таъмин кардан мумкин аст.

Барои амалй гаштани ин мақсад платаи махсус хизмат мерасонад, ки он сигналҳои аналогии аз датчик дастрасшударо ба сигналҳои рақамии компютерӣ табдил медиҳад. Чунин платаро табдил- диҳандаи аналогӣ-рақамӣ мегӯянд. Барои идора кардани афзорҳои беруна бошад, аз платаи рақамӣ-аналогӣ истифода мебаранд, ки он, баръакс, иттилооти рақамиро ба сигналҳои аналогӣ табдил медиҳад. Дар компютерҳои имрӯза функсияҳои ҳар ду платаро як платаи умумӣ иҷро мекунад.

Воситаҳои чандрасонаӣ (мултимедиа). Мафҳуми мултимедиа бо калимаи лотинии media — муҳит (барандаи иттилоот) алоқаманд аст. Мултимедиа имконияти бо иттилооти табиати гуногундошта кор карданро фароҳам меорад. Онро дар забони тоҷикӣ чандрасона мегӯянд. Агар воситаҳои муқаррарии компютер имконияти танҳо бо иттилооти намуди матнӣ ва ададй кор карданро фароҳам оранд, пас чандрасона шароит муҳайё месозад, ки аз садо ва тасвир (иттилооти аудиоӣ ва видеоӣ) лаззат барем:

• мусиқӣ, суруд, сухан ва дигар намуд иттилооти савту садой айнан

ҳосил, сабт ва шунида мешавад;

расму график, видеоролик, филми аниматсиони ва дигар намуд иттилооти видеоӣ саҳеҳ сохта, намойиш дода ва дида мешавад.

Воситаҳои садоИ (микрофон — microphone, системаҳои акустикИ, колонкаҳо) ва тасвирии компютерро (камераи банаворгирии рақамӣ ва ғайра) барномаҳои чандрасонаӣ истифода ва идора мекунанд.

Дастгоҳҳои коркарди графикаҳо. Вақтҳои охир як қатор таҷҳизоти нави коркарди графикаҳои комоютерИ ихтироъ шудаанд, ки бо ёрии онҳо ба компютер дохил кардани маълумотҳои графикИ тамоман осон гардидааст. Муҳимтарини ин навъ сахтафзорҳо сканер, фотокамераи рақамӣ, плот- тер, дигитайзер ва ғайра ба ҳисоб мераванд.

Сканер (scanner) — таҷҳизотест, ки ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер дохил мекунад. Он саҳифаҳои матниро низ ҳамчун расм аксбардорИ мекунад. Компютер бо ёрии системаи барномаҳои махсус аломатҳои матн ва ҷузъҳои расму графикҳои тавассути сканер дохилшударо мешиносад ва кор карда мебарояд. Сканерҳои ҳозиразамон ҳатто матнҳои дастнависро

низ ба компютер дохил карда метавонанд.

Сканерҳо ҳам ба мисли дигар таҷҳизот дар намудҳои мухталиф офарида мешаванд: дастИ, рӯйимизИ, планшетИ, барабанИ, ранга, сиёҳу сафед ва ғайра. АксбардорИ дар сканер ба таври худкор бо ёрии нури рӯшной амалй мешавад.

Манбаи нур аз як тарафи тасвир ба тарафи дигари он муттасил ба ҳаракат дароварда шуда, иттилоот аксбардорИ мешавад.

Сканерҳо дар соҳаи нашриёт, системаҳои балоиҳагирИ, мултипликатсия ва ғайра бисёр истифода мешаванд. Аз онҳо дар тайёр кардани маводди аёнИ, ки барои намойишномаҳои ифтитоҳИ, хондани маърӯзаҳо, баромадҳои таблиғотИ, реклама ва ғайра заруранд, истифода мебаранд.

Хусусиятҳои фарқкунандаи сканерҳо инҳоянд:

  • дараҷаи шинохти (дарёфти) ранг — сиёху сафед, хокистарИ, ранга;
  • дақиқии аксбардорИ — 200, 300, 600, 1200 нуқта/дюйм;
  • таъминоти барномавИ — шинохти матн, дастхат, ҷузъи тасвир;

 — навъи сохт — дастӣ, рӯйимизӣ, планшетӣ.

Фотокамераи рақамӣ аз фотоаппарати муқаррарӣ бо он фарқ

мекунад, ки тасвир на дар фотоплёнка (методи кимиёӣ), балки дар микросхемаи хотираи он (методи рақамӣ) ба қайд гирифта мешавад. Тасвир, пеш аз он ки ба хотираи фотокамера фиристода шавад, аввал дар матритсаи ДАЗ (дастгоҳи алоқаи

заряднок — ПЗС/прибор с зарядовой связью) сабт карда мешавад.

Матритсаи ДАЗ аз маҷмӯи катакҳо (пикселҳо) иборат аст. Рӯшноие, ки ба ДАЗ меафтад, дар он заряди электрикиро ба вуҷуд меорад. Бузургии заряд ба шиддати рӯшной вобаста аст. Тасвир ба пикселҳои матритса тақсим карда мешавад. Барои ҳосил кардани тасвири ранга, пеш аз матритса полойишгарони рангӣ гузошта мешаванд. Ҳар як полойишгар дар яке аз қисматҳои сурх, сабз ё кабуди спектри нурӣ рангеро ба қайд мегирад. Дар заминаи ин се ранги пойгоҳй протсессор тасвирро ба пуррагӣ ҳосил менамояд.

Нишондиҳандаи асосии фотокамераҳои рақамӣ — миқдори пикселҳои матритсаи ДАЗ мебошад. Барои фотокамерае, ки дар расми болой оварда шудааст, ин нишондод ба 2,1 млн. пиксел баробар аст. Нишондоди рангфиристӣ барои тасвирҳои хокистарӣ 8 бит ва ранга аз 10 бит боло мебошад.

Парвандаҳои тасвирҳо дар формати зичкардашудаи JPEG нигоҳ дошта мешаванд. Зичкунӣ метавонад андозаи парвандаро аз даҳ то сад маротиба хурд кунад. Бояд дар назар дошт, ки дар раванди зичкунӣ сифати тасвир метавонад коҳиш ёбад.

Барои сабти тасвир дар фотокамера аз хотираи дохилии он ё аз барандагони иттилоотии навъи Compact Flash (Type I, Type II) card, Ultra Compact Flash card ва ғайра истифода мебаранд. Гарчанде ҷисман ҳаҷми ин барандагон хеле хурд ва истеъмоли энергияашон бисёр кам бошад ҳам, вале ғунҷойиши онҳо хеле калон (то якчанд гигабайт) шуда метавонад.

Плоттер — таҷҳизоти графиксоз буда, барои дар коғаз ва

лӯлаҳои полиэтиленӣ тасвир намудани расм, навиштаҷот ва графикаву нақшаҳои компю- терӣ хизмат мерасонад. Плоттерро (Plotter) бештар дар системаҳои худкори лоиҳакашй (СХЛ) истифода мебаранд. Вақтҳои охир он дар муассисаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба

яке аз сахтафзорҳои асосй табдил ёфтааст. Осори фаъолияти ин муассисаҳо ородиҳандаи тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекламавии ташкилоту корхонаҳо ва созмону ширкатҳо гаштаанд.

Плоттер дар ду намуд — барабанӣ (бо коғаз ё маводди полиэтилении лӯлапеч) ва планшетӣ (бо варақи ватман) истеҳсол карда мешавад. Плоттерҳои аввалин бо қалам ва ранг кор мекарданд. Ҳоло онҳо ба мисли чопгарҳо дар шаклҳои рангпошанда ва лазерӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дигитайзер низ таҷҳизоти графиксоз аст, вале он барои ба компютер дохил кардани тасвири эҷодшудаистода хизмат

мерасонад. Дигитайзерро планшети графикӣ низ мегӯянд. Ин сахтафзор ҳам ба мисли плоттер бештар дар СХЛ мавриди истифода қарор дода мешавад. Аз он рассомон низ ҳангоми кашидани расму манзараҳои

табиат (пейзаж) истифода мебаранд. Яке аз хусусиятҳои дигитайзер он аст, ки ҳангоми бо ёрии он кашидани расм координатҳои нуқтаи ҷорӣ ба таври худкор ба компютер дохил мегарданд.

Саволҳо:

  1. Модем ва факс-модемҳо чӣ гуна таҷҳизотанд?
  2. Кадом воситаҳои чандрасонаиро медонед?
  3. Плоттер аз дигитайзер чӣ фарқ дорад? Кадоми онҳоро дар СХЛ бештар истифода мебаранд?
  4. Платаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ дар куҷо ва чӣ тавр татбиқ мешаванд?
  5. Барои коркарди иттилооти графикӣ аз кадом таҷҳизот истифода мебаранд?
  6. Сканерҳо дар кадом шаклҳо истеҳсол мешаванд? Вазифаи асосии онҳо аз чӣ иборат аст? Хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо дар чист?
  7. Фотокамераи рақамӣ аз фотоаппарати муқаррарӣ чӣ фарқ дорад?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Сахтафзорҳои иловагии мавҷудаи синфи компютериро бо иҷозати омузгор мушоҳида кунед ва параметрҳояшонро дар дафтар нависед.
  3. Якчанд саҳифаи чопӣ ва расму графикҳои тайёрро бо ёрии сканер аз коғаз ба компютер аксбардорӣ кунед ва ба сифати иттилооти аз нав ҳосилшуда баҳо диҳед.

Агар фотокамераи рақамӣ дошта бошед, якчанд расми манзараҳои табиат ва устодону ҳамсабақонатонро гиред ва ба компютер гузаронед.

Маводҳои ҳамсон