Қисмҳои сафҳакалид.

Ба дигарон равон намоед

Аз рӯйи тақсимоти вазифавӣ тугмаҳои сафҳакалидро ба панҷ блок (қисм) ҷудо мекунанд:

  1. блоки тугмаҳои ҳарфӣ-рақамй;
  2. блоки тугмаҳои ёрирасони хидматй;
  3. блоки тугмаҳои идоракунии (мудирияти) курсор;
  4. блоки иловагии тугмаҳои рақами;
  5. блоки тугмаҳои функсионалӣ.

Гарчанде барномаҳои гуногун вазифаи баъзе тугмаҳои сафҳакалидро бо тарзи ба худ хос тағйир дода тавонанд ҳам, вале дар аксар мавридҳо онҳо амалҳои якхеларо иҷро мекунанд.

Блоки ҳарфй-рақамӣ дар қисми мобайну поёнии чапи сафҳакалид ҷойгир аст. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран ҳарфҳои алифбои кириллӣ ё лотинӣ (вобаста ба реҷаи интихобшуда), рақамҳо ё аломатҳои махсуси китобатӣ пайдо мешаванд. Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои лотинӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран аломатҳои дар қисми чапу болоии тугмаҳо ҷойгирбуда пайдо мешаванд. Ин қоида ба тугмаҳои сатри якуми блок дахл надорад. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин сатр аломатҳои поёнии тугмаҳо (асосан рақамҳо ва аломатҳои — =) пайдо мешаванд. Барои ҳосил кардани аломатҳои болоии сатр бошад, тугмаҳои онҳоро дар якҷоягӣ бо тугмаи ёрирасони «шифт» (Shift — лағжондан, тағйир додан) пахш намудан лозим аст.

Агар ҳангоми ғайрифаъол будани тугмаи CapsLock тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гоҳ дар экран ҳарфҳои калони алифбои ҷорӣ ва дар мавриди фаъол будани ин тугма, баръакс ҳарфҳои хурд ҳосил мешаванд.

Агар реҷаи кори сафҳакалид бо алифбои кириллӣ (тоҷикӣ ё русй) бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ҳарфии ин блок дар экран аломатҳои дар қисми росту поёнии тугмаҳо ҷойгирбуда пайдо мешаванд.

Барои аз як реҷа ба реҷаи дигари корӣ (масалан, аз кириллӣ ба лотинӣ ё баръакс) гузаштан комбинатсияи тугмаҳои ёрирасонро истифода бурдан лозим аст. Истифодаи навъи комбинатсия ба драйвер (барномаи махсуси корй)-и сафҳакалид вобаста аст. Баъзе драйверҳо пахши якҷояи

Ctrl ва Shift, дигарашон Alt ва Shift, сеюмашон тугмаҳои Windows ва Фосила ва ғайраро талаб мекунанд.

Агар матн танҳо аз ҳарфҳои калон иборат бошад, он гоҳ бо пахши тугмаи ёрирасони [CapsLock (кэпслок) ин корро ба осонӣ анҷом додан мумкин аст. Худи маънои caps lock низ бақайдгирии ҳарфҳои калон аст. Дар мавриди фаъол будани реҷаи ҳарфҳои калон дар сафҳакалид индикатори (нишон- диҳандаи) махсуси Caps Lock фурӯзон мегардад. Агар дар ин ҳолат тугмаҳои ҳарфии блок якҷоя бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гоҳ, тавре қайд кардем, дар экран ҳарфҳои хурд пайдо мешаванд. Яъне ин реҷа баръакси реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Пахши такрории тугмаи CapsLock реҷаи ҳарфҳои калонро лағв (бекор) мекунад ва индикатори ҳамномаш низ хомӯш мегардад.

Дар маркази қисми поёнии блоки ҳарфй-рақамӣ тугмаи дарозтарини сафҳакалид — «фосила — пробел» ҷойгир аст. Новобаста ба реҷаи кор ё пахши тугмаи Shift ин тугма ҳамеша як вазифа — фосилагузориро иҷро мекунанд.

Сабаби функсионалӣ ном гирифтани тугмаҳои сатри якуми сафҳакалид он аст, ки онҳо вобаста ба системаи амалиётӣ ва барномаи татбиқии айни ҳол истифодашаванда метавонанд вазифаҳои (функсияҳои) гуногунро иҷро кунанд F1, F2, F3, F4, F5, F6, F7, F8, F9, F10, F11, F12  .Баъзе барномаҳо вазифаи ин тугмаҳоро дар якҷоягӣ бо пахши тугмаҳои ёрирасони Ctrl ё низ муайян месозанд. Дар аксар барномаҳо Ғ1 ба экран баровардани системаи маълумотдиҳандаро таъмин месозад.

Ин тугмаҳо дар байни блокҳои ҳарфй-рақамӣ ва рақамии махсус ҷойгиранд. Ҳангоми пахши ин тугмаҳо курсор мавқеъи худро дар экран тағйир медиҳад.

Курсор нишонаест, ки дар экран ба воситаи он мавқеъ ва самти амалиётгузаронӣ муайян карда мешавад.

Блоки рақамии махсус дар қисми рости сафҳакалид ҷойгир аст. Тугмаҳои он вобаста ба реҷаи кориашон метавонанд ду вазифаро иҷро кунанд: масалан, агар тугмаи NumLock пахш карда шуда бошад, он гоҳ ин блок барои дохилкунии рақамҳои 0, 1,2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, амалҳои арифметикии + — * / ва иҷрои ҳиссобарориҳо бисёр созгор аст. Дар ин маврид индикатори ҳамноми тугма низ дар сафҳакалид фурӯзон аст. Ҳангоми хомӯш будани индикатор тугмаҳои ин блок вазифаи тугмаҳои идоракунии курсорро иҷро мекунанд.

Аксар тугмаҳои блоки ёрирасони хидматӣ мустақиман (бевосита) ягон амалро иҷро намекунанд. Вале ҳангоми бо тугмаҳои дигар якҷоя пахш намудани тугмаҳои ёрирасон вазифаи ин тугмаҳо тағйир меёбад. Аз тугмаҳои ёрирасон бештар барои аз як реҷаи корбарӣ ба дигар реҷа гузаштан, дохилкунй, ҷойгузорй, лағвнамой, таҳриркунӣ ва формат- бандии матн истифода мебаранд.

Саволҳо:

  1. Тибқи тақсимоти вазифавӣ тугмаҳои сафҳакалидро ба чанд блок ҷудо менамоянд? Оё номи онҳоро номбар карда метавонед?
  2. Блоки ҳарфй-рақамӣ дар кадом қисми сафҳакалид ҷойгир аст? Вазифаҳои ин блок аз чӣ иборат аст?
  3. Барои аз як реҷа ба реҷаи дигари корӣ гузаштан комбинатсияи кадом тугмаҳои ёрирасони сафҳакалидро пахш кардан лозим аст?
  4. Блоки тугмаҳои функсионалии сафҳакалид дар кадом қисми он ҷойгир шудааст? Вазифаҳои тугмаҳои он аз чӣ иборат аст?
  5. Оё мавзеи ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои тугмаҳои дигар блокҳои сафҳакалидро ҳам медонед? Тавзеҳ диҳед.
  6. Курсор чист?

Супориш:

1. Сафҳакалиди компютерро дар наздатон гузоред ва тарзи ҷойгиршавии блоку тугмаҳои онро ҷиддан мушоҳида кунед.

Супоришҳо барои омузгор:

  1. Ягон барномаи машқи (тренажёри) сафҳакалидро дастрас кунед ва тарзи босуръату истифодаи дурусти тугмаҳои сафҳакалидро ба хонандагон ёд диҳед.

Дар дарсҳои берунисинфӣ низ барномаи машқи сафҳа- калидро чанд муддат идома диҳед.

Маводҳои ҳамсон