Қувваҳои ҷозиба (гравитатсионӣ)

Ба дигарон равон намоед

Ба Замин афтидани ҷисмҳо, харакати мушакҳо дар атрофи Замин, гардиши сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва ғайра таҳти таъсири қувваҳои чозиба, ки боиси таъсири мутақобилаи ҷисмҳо мегарданд, аз

рӯи қонуни ҷозибаи умумичаҳонӣ муайян карда мешаванд: Ҳар ҷуфти ҷисмҳо якдигарро бо қуввае ҷазб мекунанд, ки модули ин қувва ба ҳосили зарби массаҳои онҳо мутаносиби роста буда, ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа аст.

Одатан ҷисмҳое, ки таҳти таъсири ҷозиба ба сатҳи Замин меафтанд, ҳамчун нуқта муоина мешаванд, зеро андозаҳои онҳо нисбат ба андозаҳои Замин хеле хурданд.

Қувваҳои ҷозиба новобаста аз он ки ҷисмҳо ба якдигар мерасанд ё аз якдигар дур ҷойгир шудаанд, таъсир мекунанд (масалан, байни Замину радифони маснӯъ, Офтобу сайёраҳо). Таъсири байниҳамдигарии ҷисмҳо дар айни ҳол ба тавассути майдони ҷозиба (гравитатсионӣ) ба амал меояд.

Дар қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ зариби (коэффисиент)

 -po доимии ҷозиба (гравитатсия) меноманд. ки он қимати

 дорад.

Зуҳуроти оддитарини қувваи ҷозиба кувваи вазнинӣ шуда метавонад, ки он ба ҳосили зарби массаи ҷисм m ва шитоби афтиши озод g баробар аст.         

Қувваҳои вазнинӣ ба ҳамаи қисмҳои ҷисм якхела таъсир мекунанд ва онҳо байни худ мувозӣ мебошанд. Баробаргаъсиркунандаи кувваҳои вазнинии қитъаҳои алоҳидаи ҷисм ба маркази Замин равона аст. Нуқтаеро, ки аз он қувваи вазнинӣ ибтидо мегирад, маркази вазнинии ҷисм меноманд.

Қувваеро, ки бо он ҷисм ба овеза ё такягоҳ таъсир мекунад, вазни ҷисм меноманд. Вазни ҷисм ҳамон вақт ба қувваи вазнинии он баробар мешавад, ки агар ҷисм нисбат ба Замин дар ҳолати оромӣ ё ҳаракати ростхаттаи мунтазам қарор дошта бошад. Дар акси ҳол, ё худ дар мавриди нисбат ба Замин бошитоб ҳаракат кардани ҷисм вазни он аз қувваи вазнинӣ каму зиёд шуда метавонад.

Чунончи дар ҳолати амудан бо шитоб ба боло ҳаракат кардани ҷисм (зиёдавазнӣ) вазни он

 

ҳангоми бо шитоб ба поён ҳаракат кардан (камвазнӣ) вазни он ба

 

баробар мешавад.

Ҷисм агар нисбат ба Замин амудӣ ва мунтазам ҳаракат намояд, вазни он бо формулаи P = mg ҳисоб карда мешавад. Aгap он озод афтад, вай дар ҳолати бевазнӣ мешавад. Дар ҳамаи мавридҳои дар боло зикршуда қувваи вазнинии ҷисм ба F=mg баробар мешавад.