Ҳалли масъалаҳо (Лукашик)

Ба дигарон равон намоед

Шарти масъалаҳо аз китоби масъалаҳои физика оварда шудаанд.

  • 213. Массаи 1 м3-и гази гелий аз массаи гидрогени ҳаҷмаш ҳамон қадар чанд бор зиёд аст?
  • 214 Массаи 1 м3-и алюминий назар ба массаи 1 м3-и сурб ,чӣ қадар кам аст.
  • 215. Массаи 1 м3-и санги мармар аз массаи 1 м3-и парафин чанд бор зиёд аст?
  • 216. Зичии газҳои метан, аргон, криптон ва ксенон мувофиқан 0,72 кг/м3, 1,78 кг/м3, 3,74 кг/м3 ва 5,85 кг/м3 аст. Ин зичиҳоро бо граммҳо бар куби сантиметр (г/см3) ифода кунед.
  • 217. Массаи 1 см3-и тилло назар ба массаи 1 см3-и сурб чанд бор зиёд аст?
  • 218.Массаи 1 м3-и пӯк аз массаи ҳамон кадар (аз ҷиҳати ҳаҷм) чӯби хушки дарахти санавбар чанд бор кам аст?
  • 219. Як дона картошкаи массааш 59 г ҳаҷми 50 см3 дорад. Зичии тӯшакаҳро ёбед ва онро бо килограммҳо бар куби метр (кг/м3) ифода кунед.
  • 220.Массаи сақои чӯянӣ 800 г ва ҳаҷмаш 125 cm3 аст. Maгар ин сақо дарунхолист?
  • 221.Порчаи металлие массаи 461,5 г ва ҳаҷми 65 см3 дорад. Чигуна металл аст он?
  • 222. Ҳаҷми баробар ба як литри равғани рустанӣ массаи 920 г дорад. Зичии равғанро ёбед. Онро бо килограммҳо бар куби метр (кг/м3) ифода кунед.
  • 223. Дар мензуркаи холии массааш 250 г 75 см3 моеъ рехтанд. Массаи мензурка якҷоя бо моеъ 375 г аст. Оё шумо гуфта метавонед, ки дар мензурка чигуна моеъ рехта шудааст?
  • 224. Ғилофаки металлӣ массаи 3,9 кг ва ҳаҷми 500 см3 дорад. Аз чигуна металл сохтаанд ин ғилофакро?
  • 225. Хиштчаи андозаҳояш 15x5x2 см 300 г масса дорад. Зичии модаи хиштро ҳисоб карда ебед.
  • 226. Бо ёрии ҷадвали зичии моддаҳо массаи а) чӯянпораи хаҷмаш 20 см3, б) хиштчаи арзизии ҳаҷмаш 10 см3, в) хиштчаи мисини ҳаҷмаш 500 см3, г) хоропораи ҳаҷмаш 2 м3, д) парафини ҳаҷмаш 0,5 м3,) бетонпораи ҳаҷмаш 10 м3 ва и) қаҳрабопораи ҳаҷмаш 15 см3-ро муайяи кунед.
  • 227. Ба рӯи бензини даруни махзани сӯзишвории мошини боркаш 200 л бензини дигар рехтанд. Массаи махзан чӣ қадар зиед шуд?
  • 228.Тахтасанги мармарин андозаҳои l,0×0,8×0,l м дорад. Массаи тахтасангро ёбед.

Маводҳои ҳамсон