Ҳангоми истифода компютер чиро бояд донист.

Ба дигарон равон намоед

Тарзҳои безарари истифодаи компютер. Истифодаба- рандаи компютер бояд донад, ки дар назди экрани компютер аз меъёр зиёд нишаста, кор кардан ба саломатии ӯ зарар дорад. Махсусан, организми кӯдакон ва хонандагони мактаб ба нурафшониҳои электромагнитии таҷҳизоти электронӣ хеле ҳассос мебошад. Онҳо бо бозиҳои дӯстдоштаи компютерии худ машғул шуда, баъзан нафаҳмида мемонанд, ки дар назди экран аз меъёри зарурӣ зиёдтар нишастаанд. Дар натиҷа, аксар вақт онҳо дар бораи дарди cap, мондашавии чашмон, хастагии

умумӣ ва дарди мушакҳои худ шикоят мекунанд. Падидаҳои мазкур аз рӯйи надонистани қоидаҳои дурусти истифодаи компютер ва меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ рӯӣ медиҳанд.

Албатта, истеҳсолкунандагон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таъсири номусоиди компютер ба саломатии шахс ҳар чӣ камтар бошад. Вале, агар реҷаи истифода дуруст риоя карда шавад, он гоҳ корро дар назди компютер на танҳо безарар, балки ҳаловатнок ташкил кардан мумкин аст.

Қоидаҳои асосии истифодаи компютер:

1. Ҳуҷраи компютерӣ бояд фаррох ва равшан бошад. Рӯшноии табиӣ аз рӯшноии сунъӣ беҳтар аст.

2.

Ҷойи кор бояд аз мизи корӣ (барои гузош- тани монитор, сафҳакалид ва муш), ҷевон- чаи ҳуҷҷатгу- зорй, курсии махсуси ни- шаст ва пой-

монак иборат бошад.

  1. Андозаи мизи корӣ вобаста ба андозаҳои монитору сафҳакалид муайян карда шуда, баландии он мувофиқи баландии қадди истифодабаранда танзим карда мешавад.
  2. Барои кори бофароғат аз роҳаткурсии махсуси ҳаракат- кунанда истифода бурдан лозим аст.
  3. Масофаи байни экрани монитор ва чашмони истифода- баранда бояд тақрибан 50-70 см бошад.
  4. Азбаски нурафшонии монитор ҳамеша дар қисми муқобили экран зиёдтар аст, бинобар он, ҷойи нишастро дар ҳуҷра дуруст интихоб бояд кард.

Варзиши чашмон, истеъмоли витаминҳо. Пас аз дуруст ташкил намудани ҷойи корй, барои кам намудани шиддатҳои фикрӣ ва ҷисмй, чунин реҷаро риоя бояд кард:

  • пас аз ҳар 30 дақиқаи корӣ 5-10 дақиқа танаффус кардан;
  • вақти танаффусро барои истироҳати фаъол ва варзиши чашмон истифода бурдан — аз курсӣ нахеста пуштмонакро ба шакли амудӣ овардан, чашмонро калон кушодан, ба пеш нигоҳ кардан;
  • аз ҷой хестан ва варзиши чашмонро давом додан: ба тарафҳои гуногун зуд-зуд нигоҳ кардан, чашмонро ҳаракати даврашакл додан, пӯшидан, чашмак задан, молиши сабук кардан;
  • агар ҳис кунед, ки чашматон сурх шуда, сахт дард мекунад, як қатра аз доруи чашм — «Visine» чаконед;
  • барои бартараф кардани хастагӣ машқҳои маъмули ҷисмониро иҷро кунед;
  • ҳангоми гурусна мондан ҳатман хӯрок хӯред;
  • барои бо моддаҳои зарурӣ таъмин кардани организми худ бештар меваю сабзавоти тару тоза, шир, равғани маска, панир, тухм, чормағз, мавиз, моҳй, гӯшт, маҳсулоти аз парандаву ҳайвонот ва ғалладонагиву лӯбиёгӣ истеҳсолшуда истеъмол намоед;
  • истифодаи витамин ва нимвитаминҳои тайёрро бо маслиҳати духтур ба роҳ монед.

Саволҳо:

  1. Қоидаҳои дурусти истифодаи компютер кадомҳоянд?
  2. Кадом қисми компютер бештар ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонида метавонад? Барои чй?
  3. Варзиши чашм гуфта чиро мефаҳмед?

Супоришҳо:

  1. Мавзӯъро бодиққат хонед ва нақл кунед.
  2. Оид ба тарзи дурусти истифодаи компютер ва истеъ- моли витаминҳо нақли хаттӣ нависед.

Маводҳои ҳамсон