Ҳаракати браунӣ

Ба дигарон равон намоед

Яке аз таҷрибаҳое, ки сохти атомӣ-молекулӣ доштани моддаҳо ва дар ҳоли ҳаракати доимӣ будани молекулаҳоро ба хубӣ тасдиқ мекунад, ҳаракати браунӣ аст.

Агар ба воситаи резбин (микро­скопии пурқудрат ҳаракати зарраҳои хурдеро муойина кунем, ки андаруни моеъ ва ё газ (масалан, дар “қатра”-и хурди тумани ҳаво, дар “гард”-и ранги даруни оби ором ва ғ.) ҷунбуҷул доранд, мебинем, ки зарраҳо дар ҳаракати доимианд ва ҳар қадре ки ин зарраҳо хурдандозатар бошанд, ҳамон қадар чолоконатар ҳаракат мекунанд. Зарраҳои рез (хурдандоза) тезҳаракатанд ва аз ҷойе ба ҷойи дигар бо осонӣ кӯчида метавонанд. Зарраҳои бузургтар низ бетартибона ҷунбиш мехӯранд.

Ин падидаро набототшиноси инглис Р. Браун с.1827 кашф кардааст. Номи «ҳаракати браунӣ» аз ҳамин ҷост. Ҳаракати браунӣ дар он замина шарҳ дода шуд, ки моддаҳо сохтори атомӣ-молекулӣ доранд.

Биёед, бо резбин ҳаракати ягон зарраи нишонашуда (масалан, зарраи ранг)-ро тамошо кунем. Молекулаҳои модда (моеъ, газ ва ғ.) ба зарраи нишонашуда аз ҳар сӯ зарба зада метавонанд. Дар сурати ба ягон самт бартарӣ ёфтани адади зарбаҳо зарраи нишонашуда ҳамон сӯ майл мехӯрад. Дар натиҷаи ин гуна бархӯрдҳо ва ҳар дам ҳар сӯ данг хӯрданҳо зарра водор мешавад, ки бетартибона ҳаракат кунад.

Молекулаҳоро дар резбини одӣ дидан имкон надорад, вале аз рӯйи ҳаракати зарра дар хусуси буди молекулаҳо ва дар ҳоли ҷунбуҷули доимӣ будани онҳо хулосаи равшан баровардан мумкин аст: молекулаҳо зарраи нишонашударо пайдарпай такон дода, онро ба ҳаракат кардан водор месозанд.

Ҳамин тариқ, ба яқин метавон гуфт, ки ҷисмҳо (моддаҳо) аз молекулаҳо иборатанд ва молекулаҳо андаруни ҷисмҳо ба таври бефосила ҳаракати бетартибона (бенизом) мекунанд.

Табиъати ҳаракати брауниро с.1905 олими машҳур А.Эйн­штейн (с.1879-1955) шарҳ додааст. Ӯ дар заминаи натиҷаҳои таҷрибавии онвақта тавонист, ки андозаи молекулаҳо ва атомҳоро баҳодод кунад ва барои қутри атомҳо бузургии тақр. 10-10м ҳосил кард.

Саволҳо

  1. Сабаб чист, ки ҳаракати донаи гард (масалан, ягон зарраи ранг) андаруни моеъ низом надорад?
  2. Ҳаракати бенизом (бетартибона)-и зарраҳои модда чӣ шарҳи физикӣ дорад?
  3. Ин ҷо вожаи “низом” чиро ифода мекунад?
  4. Магар ҳаракати браунӣ ягон лаҳза катъ намегардад?
  5. Шумо дар миёни ҳаракати браунӣ, падидаи ба ҳамдигар даррафтан (фурӯ рафтан)-и ду модда ва ҳарорати ҷисм чӣ алокамандӣ мебинед?

Маводҳои ҳамсон