Ҳаракати каҷхатта

Ба дигарон равон намоед

Ҳаракатеро, ки аз руи масири каҷ ба амал меояд ҳаракати каҷхатта меноманд. Дар ҳаракати каҷхатта суръати ҷисм мувофиқи самти расандаи аз нуқтаи ихтиёрии масир гузаронидашуда тағйир меёбад. Дар ин маврид аз руи бетағйир мондани модули суръат онро доимӣ ҳисобидан нодуруст аст, чунки суръат бузургии векторист ва барои бузургиҳои векторӣ қимати мутлақу самт тавсифоти зарурии якхелаанд.Аз ин рӯ дар ҳаракати каҷхатта шитоб ҳамеша қимати ғайрисифрӣ дорад.

Намуди содатарини ҳаракати каҷхатта ҳаракати мунтазами ҷисм аз рӯи давра ба ҳисоб меравад. Ҳангоми чунин ҳаракат дар лаҳзаҳои гуногуни вақт векторҳои суръат қиматҳои мутлақи баробар, вале самтҳои гуногун доранд (расми 26). Аксар вақт дар ҳаракати гирдхатта
басомади гардиши ҷисм (шумораи гардишҳо дар як сония) аз руи даври гардиш тавсиф дода мешавад. Фосилаи вақтеро, ки дар давоми он ҷисм як давраи пурра мекашад, даври гардиш номида, онро бо ҳарфи T ишорат ва бо ченакҳои вақт чен мекунанд.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Давр ва басомади гардиш чӣ гуна алоқамандӣ доранд?
  2. Ҳангоми харакати ҷисм аз рӯи давра самти суръати хаттии он дар нуқтаҳои гуногуни масираш чӣ гуна аст?
  3. Суръатҳои хаттӣ ва кунҷиро бо давр ё басомади гардиш ифода кунед.
  4. Шитоби марказрав чӣ тавр тавсиф дода мешавад? Вай чӣ гуна самт дорад?

Машки 7

  1. Суръати хаттӣ ва кунҷии радиферо муайян кунед, ки баландии мадори он аз сатҳи Замин 1200 км буда, даври гардишаш 105 дақиқа аст.
  2. Велосипедрон аз роҳи гирдхаттаи радиуси каҷиаш 50 м бо суръати 36 км/ст ҳаракат мекунад. Шитоби велосипедрон чанд аст?
  3. Нӯги ақрабаки дақиқагарди соати дасти Шумо бо кадом шитоб ҳаракат мекунад?

Маводҳои ҳамсон