Ҳаракати лаппишнок

Ба дигарон равон намоед

Дар байни ҳаракатҳои механикие, ки мо дучор мегардем, аксар вақт ҳаракатҳои такроршаванда ба назар мерасанд.

Чархзании ҷисмҳои гуногун ҳаракати такроршаванда ба шумор меравад: гардиши Моҳ дар атрофи Замин, ҳаракати сайёраҳо, чархзании қисмҳои мошинҳо ва ғайра.

Ҳаракати айнан такроршавандаро ҳаракати даврӣ меноманд. Масалан, ҳаракати раққосак, ҳаракати бори дар пружин овезон буда, тори асбобҳои мусиқӣ, раққосаки соатҳо, заминларза низ ҳаракати даврӣ ба шумор мераванд.

Ҳаракатҳоеро, ки пас аз фосилаҳои муайяни вақт айнан, ё қариб айнан такрор мешаванд, лаппиш меноманд.

Системаеро, ки лаппиш хӯрда метавонад, системаи лаппанда меноманд (ин гуна система лаппиш нахӯрда низ метавонад).

Масалан, ҷисми ба пружин овезон ё бори дар ресмон овезон дар якҷоягӣ бо Замин системаи лаппанда ба шумор мераванд.

Лаппишҳо дар табиат хеле зиёд ба амал меоянд. Ларзиши шохи дарахтон ҳангоми вазиши бод, арғунчаки аз мавқеи мувозинатӣ майлдода шуда, лаппиши дили одам ва ғайраҳо ҳаракатҳои такроршаванда буда, лаппиш ба шумор мераванд. Рӯшноие, ки ба мо имконияти диданро медиҳад, табиати лаппишӣ дорад. Атомҳое, ки моддаҳо аз он ташкил ёфтаанд, лаппиш менамоянд.

Лаппишҳо дар амалия татбиқи васеъ доранд. Лаппишҳо асоси акустика, оптика, электротехника ва радиотехникаро ташкил менамоянд.

Лаппишҳои озод ва маҷбурии системаҳои лаппанда аз ҳамдигар фарқ доранд. Қувваҳои дар байни ҷисмҳои системаи лаппанда таъсиркунандаро қувваҳои дохилӣ меноманд. Қувваҳои ба ҷисмҳои системаи лаппанда аз тарафи ҷисмҳои берунӣ таъсиркунандаро қувваҳои берунӣ меноманд.

Лаппишҳое, ки дар системаи лаппанда бо таъсири кувваҳои дохилӣ баъди аз ҳолати мувозинатӣ баровардани он ба амал меоянд, лаппишҳои озод меноманд.

Лаппиши бори дар пружин овезон (расми 1.1.1, а, б) ва бори дар ресмон овезон (расми 1.1.2, а, б) лаппишҳои озод ба шумор мераванд. Лаппишҳои озодро баъзан лаппишҳои хусусӣ низ мегӯянд.

Дар расми 1.1.1, а қувваи чандирии ҳангоми ёзиши пружин ба вуҷуд оянда Fч, қувваи вазнинии ба саққо таъсиркунанда P-po мувозинат мекунад.

Ҳангоми аз мавқеи мувозинатӣ баровардани саққо, яъне онро андаке ба поён кашида cap додан (расми 1.1.1, б) вай болою поён харакат карда, ба лаппиш медарояд.

Дар расми 1.1.2, а қувваи чандирии ҳангоми тарангшавии ресмон ба вуҷуд оянда Fч, қувваи вазнинии ба саққо таъсиркунанда P-po мувозинат мекунад. Ҳангоми саққоро аз мавқеи мувозинатиаш майл кунонида, cap додан, вай ба чапу рост ҳаракат карда, лаппиши озод менамояд (расми 1.1.2, б).

Саққои дар нӯги ресмон овезонро дар сурати бо таъсири қувваи вазнинӣ лаппиданаш ҳамчун раққосаки оддӣ дида баромадан мумкин аст. Ҷисми ба ресмон овезон ё ба меҳвар (тир) мустаҳкамшударо, ки бо таъсири кувваи вазнинӣ лаппида метавонад, раққосак меноманд. Болғаи дар мех овезон, шоҳини тарозуҳои фашангӣ, хаткашаки дар мех овезон ва амсоли онҳоро раққосак ҳисоб кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, баъди аз ҳолати мувозинатӣ баровардан системаҳои лаппанда бе таъсири қувваҳои берунии даврӣ тағйирёбанда лаппиши озод менамоянд.

Ҷисмҳои лаппанда энергия доранд ва лаппиши онҳо дар муҳит ба амал меояд. Ҳангоми лаппиш байни ҷисм ва муҳит соиш ба амал меояд. Барои бартараф кардани кувваи соиш кор иҷро кардан лозим аст ва ин кор аз ҳисоби энергияи ҷисми лаппанда иҷро мешавад. Бинобар ин, энергияи ҷисми лаппанда оҳиста-оҳиста кам шуда меравад ва дар охир лаппиши ҷисм хомӯш мегардад.

Ҳамаи лаппишҳои воқеӣ хомӯшшаванда мебошанд.

САВОЛҲО БАРОИ TAKPOP

  1. Лаппиш гуфта, чиро меноманд?
  2. Системаи лаппанда гуфта, чиро меноманд?
  3. Дар амалия лаппишҳоро дар куҷо истифода мебаранд?
  4. Чӣ гуна лаппишҳоро лаппишҳои озод меноманд?
  5. Чаро лаппишҳои озод хомӯшшавандаанд?

Маводҳои ҳамсон