Ҳаракати молекулаҳо ва ҳарорати ҷисм

Ба дигарон равон намоед

Дар параграфи 2.3 доир ба ҳаракати молекулаҳо шинос гардида будем. Акнун дида мебароем, ки ҳаракати молекулаҳо аз кадом омилҳо вобастагӣ дорад.
Дар оламе, ки моро иҳота кардааст ҳодисаҳои гуногуни физикӣ ба амал меоянд ва онҳо ба гармшавӣ ва хунукшавии ҷисмҳо алоқаманданд.


Мо аз таҷрибаи ҳаррӯзаи худ медонем, ки ҳангоми гармкунӣ об аввал гарм ва баъд тафсон мешавад. Бо калимаҳои «хунук», «гарм», «тафсон» дараҷаи гармшавии ҷисмҳо ё чӣ тавре, ки дар физика мегӯянд, ҳароратҳои гуногун доштани ҷисмҳо ифода мешаванд.
Ҳарорати оби гарм нисбат ба ҳарорати оби хунук, ҳарорати ҳаво дар тобистон аз ҳарорати он дар зимистон баланд аст.
Чӣ тавре, ки маълум аст дар ҳарорати баланд диффузия тезтар мегузарад. Масалан, намак ва қанд дар оби гарм нисбат ба оби хунук тезтар ҳал мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки суръати ҳаракати молекулаҳо бо ҳарорат алоқаманд аст. Бо афзоиши ҳарорат суръати ҳаракати молекулаҳо афзуда бо пастшавии ҳарорат кам мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳарорати ҷисм аз суръати ҳаракати молекулаҳои он вобастагӣ дорад. Оби гарм аз оби хунук бо он фарқ мекунад, ки молекулаҳои оби гарм бо суръати калонтар ҳаракат мекунанд.
Ҳодисаҳои ба гармшавӣ ё хунукшавӣ ва тағйирёбии ҳарорат алоқамандро ҳодисаҳои ҳароратӣ меноманд.
Масалан, гармшавӣ ва хунукшавии ҳаво, обшавии ях, гудозиши металлҳо ва ғайраҳо ҳодисаҳои ҳароратӣ ба шумор мераванд.
Дар боби якум қайд намуда будем, ки молекулаҳое, ки аз он моддаҳо таркиб ёфтаанд ҳаракати бефосила менамоянд.
Ҳаракати зарраҳое, ки аз онҳо ҷисмҳо таркиб ёфтаанд, ҳаракати ҳароратӣ номида мешавад. Чӣ қадаре, ки ҳаракати ҳароратии молекулаҳо зиёд бошад, ҳарорати ҷисм ҳамон қадар баланд мешавад.
Ҳамин тариқ, ҳарорат тавсифи физикии ҳолати модда буда, бо ҳаракати ҳароратии зарраҳои модда муайян карда мешавад.
Молекулаҳои моеъҳо мелаппанд, чарх мезананд ва нисбат ба ҳамдигар ҷой иваз менамоянд. Дар ҷисмҳои сахт молекулаҳо ва атомҳо дар наздикии мавқеи муайян мелаппанд. Ҳамаи молекулаҳои ҷисм ҳаракати ҳароратӣ менамоянд, бинобар ин бо тағйирёбии ҳаракати ҳароратии молекулаҳо ҳолати ҷисм ва хосиятҳои он тағйир меёбад.
Масалан, ҳангоми баланд гардидани ҳарорати ях он ба моеъ ва ҳангоми паст намудани ҳарорати моеъҳо онҳо ба ҷисми сахт табдил меёбанд.
Ҳарорати ҷисмҳо самти гузариши миқдори гармиро аз як ҷисми сахт (гарм) ба ҷисми дигар (хунук) муайян менамояд. Агар ҳарорати ҷисмҳо якхела бошад, он гоҳ гузариши миқдори гармӣ аз як ҷисм ба ҷисми дигар ба амал намеояд.
Саволҳо барои такрор

  1. Ҳаракати ҳароратӣ гуфта чиро меноманд?
  2. Чӣ гуна ҳодисаҳоро ҳароратӣ меноманд?
  3. Ҳарорати ҷисм бо ҳаракати ҳароратии молекулаҳои ҷисм чӣ гуна алоқамандӣ дорад?
  4. Ҳолати ҷисмҳо аз ҳарорати онҳо чӣ гуна вобастагӣ дорад?
  5. Ҷисмҳои гарм аз ҷисмҳои хунук чӣ фарқ доранд?

Маводҳои ҳамсон