Ҳаракати ростхаттаи мунтазам. Масири (траектория) ҳаракати ҷисм

Ба дигарон равон намоед

Ҷисми ҳаракаткунанда дар системаи сарҳисоби интихобӣ гӯё хатеро мекашида бошад, ки онро масири (траектория) ҳаракати ҷисм меноманд. Масири тайёраи реактивиро, ки дар баландии зиёд парвоз мекунад, аз рӯи изи сафеди туманшаклаш, масири автомобил ё велосипедро аз рӯи нақши чархҳояшон дар роҳ дида метавонем. Фарз мекунем, ки дар қитъаи ростхаттаи роҳ аз болои автомобили боркаш, ки ба пеш ҳаракат мекунад, ҷисме меафтад (расми 4)

Ин ҷисм нисбат ба автомобил амудӣ, вале нисбат ба роҳ аз рӯи хати каҷ меафтад. Ҷисмеро, ки харротӣ мекунанд, нисбат ба худи дастгоҳ чарх мезанад, аммо теғи дастгоҳ бошад, пешраванда ҳаракат мекунад (расми 5).

Ҳамон теғ нисбат ба ҷисми харротишаванда чун мурват ҳаракат мекунад.

Poҳ ва кӯчиш. Суръат. Aгap масофаро қад — қади масир аз нуқтаи ибтидоии ҳаракат то нуқтаи охирин чен кунем, пас дарозии роҳро хосил мекунем, ки онро ҷисм дар ягон фосилаи вақт тай намудааст. Poҳ — бузургии скалярӣ мебошад. Онро бо метрҳо (ё бо дигар воҳидҳои дарозӣ) чен мекунанд ва аз рӯи он муайян мегардад, ки ҷисм аз рӯи масири худ чӣ кадар ҷои худро иваз намудааст. Вале аз рӯи он муайян кардан мумкин нест, ки ҷисм ба кадом самт ҳаракат кардааст ва ҳоло дар куҷо мавқеъ гирифтааст. Барои дар лаҳзаи дилхоҳи вақт муайян кардани мавқеи ҷисм роҳи паймудаи онро не, балки кӯчиши онро донистан лозим аст.

Бузургии вектории S -po кӯчиши ҷисм меноманд, ки он мавқеи
аввалаи ҷисмро ба мавқеи охиринаш мепайвандад (расми 6).

Кӯчиш ва роҳ бузургиҳои гуногуни физикианд. Фарз кунем моҳигир аз як тарафи соҳили кӯл ба тарафи дигари он гузаштан мехоҳад (расми 7).

Вай метавонад ба соҳили муқобил чи аз тарафи рост, чи аз тарафи чап ҳаракат намояд, ё худ кӯлро бо заврақ шино кунад. Дар ҳар маврид кӯчиш (AB) ҳамон як бузургист, вале дарозии роҳҳои паймудаи моҳигир гуногун мешаванд. Бисёр вақтҳо самти векторҳои кӯчишу масири ҳаракати ҷисм мувофиқ намеоянд. Онҳо танҳо ҳангоми ҳаракати ростхаттаи ҷисм мувофиқ меоянду халос.

Кӯчиши ҷисмро аз рӯи формулаи зерин

(1.1.1)

ҳисоб мекунанд, ки дар ин ҷо  – вектори суръат, t — вақти ҳаракат мебошанд.

Барои фахмидани зудӣ ва самти ҳаракати ҷисм бузургии векториеро истифода мебаранд, ки он суръати ҷисм номида мешавад. Ҳангоми ҳаракати ростхаттаи ҷисм самти суръат ба самти кӯчиш мувофиқат мекунад (расми 8, а), вале ҳангоми ҳаракати каҷхатта суръат ба масир самти расандаро дорад расми 8, б),

Суръатро ҳамчун нисбати кӯчиши ҷисм бар фосилаи вақт t муайян мекунанд:

1.1.2

Воҳиди суръат дар системаи байналхалқи (СБ)-и воҳидҳо 1м/с мебошад.

Aгap ҷисм дар фосилаҳои якхелаи вақт бо масири ростхатта кӯчишҳои якхеларо иҷро намояд. ҳаракати онро мунтазам меноманд, ки бо ин намуди ҳаракат мо аз физикаи синфи 7 шинос ҳастем.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Чиро масири ҳаракат меноманд ва масирҳо чӣ гуна мешаванд?
  2. Maгap дар системаҳои сарҳисоби гуногун масири ҳаракати ҷисмҳо якхела шуда метавонад? Мисолҳо биёред.
  3. Байни дарозии роҳ ва кӯчиши ҷисм чӣ фарқ аст?
  4. Суръати ҷисм аз рӯи чӣ тавсиф дода мешавад? Суръати ҷисм хангоми ҳаракати каҷхатта чӣ гуна самт дорад?

Машқи 2

  1. Аз қатораи дар роҳи оҳан мунтазам харакаткунанда туберо амудан ба боло партофтанд. Масири харакати тӯб нисбат ба қатора чӣ гуна мешавад? Нисбат ба роҳи оҳан чӣ?
  2. Варзишгар дар майдони варзиш нимдавраи радиусаш 30 м-ро давида гузашт. Роҳи паймуда ва кӯчиши онро муайян кунед.
  3. Роҳкирои таксӣ вобаста ба дарозии роҳ дода мешавад ё барои кӯчиш?

Маводҳои ҳамсон