Ҳаракати ҳароратии молекулаҳо

Ба дигарон равон намоед

Чӣ тавре ки аз физикаи синфи 7-ум медонед, моддаҳо аз молекулаҳо иборатанд.

Молекулаҳо ба чашми оддӣ нонамоён бошанд, ҳам мавҷудият ва ҳаракати онҳоро бо таҷрибаҳои сершумор тасдиқ кардан мумкин аст. Мавҷудияти воқеии молекулаҳоро далелҳои сершумори таҷрибавӣ тасдиқ менамоянд, чунончи: омехташавии моеъҳо, назар ба суммаи ҳаҷмҳои моеъҳои гуногуни омехташаванда хурд будани ҳаҷми ҳосилшуда, паҳншавии бӯйҳо, бухор гардидани моеъҳо ва ғайраҳо. Исботи бевоситаи ҳаракати молекулаҳо ҳаракати броунӣ, ҳал шудани моддаҳо, ҳодисаи диффузия ва ғайраҳоянд.

Соли 1827 ботаники англис Броун (1773-1858) бо микроскоп рафтори гардчаҳои гиёҳеро, ки дар моеъ омехта шуда буд, мушоҳида карда ошкор сохт, ки онҳо дар ҳаракати беисти бетартибона мебошанд.

Таҷрибаҳои сершумор нишон доданд, ки ин ҳаракат ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад. Шиддати ин ҳаракат бо баланд шудани       ҳарорат меафзояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки зарраҳои мушоҳиданамудаи Броун молекула     набуда, зарраҳои нисбатан хеле калоне мебошанд, ки онҳоро бо воситаи микросокоп мушоҳида кардан имконпазир аст. Бинобар ин чунин зарраҳоро зарраҳои броунӣ номиданд. Молекулаҳо бошанд аз зарраҳои броунӣ хеле хурд буда, онҳоро бо микросокопҳои муқаррарӣ мушоҳида намудан ғайриимкон аст.

Ҳаракати   зарраҳои броунӣ натиҷаи зарбаҳои бетартибонаи молекулаҳои ҳаракатманди моеъ мебошад.

Ду намунаи чунин ҳаракат дар расми 1 тасвир ёфтааст. Дар расм мавқеи зарраҳо пас аз фосилаи вақти нимдақиқагӣ бо нуқтаҳо ишорат шудаанд. Нуқтаҳо бо хатҳои рост пайваст шудаанд, ки дар натиҷа хати шикаста ҳосил шудааст. Ин нишон медиҳад, ки траекторияи ҳаракати зарраҳо хеле мураккаб аст. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳаракати молекулаҳо боз ҳам бетартибонатаранд.

Ҳаракати бетартибонаи молекулаҳоро дар газҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Зарраҳои дар ҳаво муаллақи чанг ё дуд ҳамин тавр ҳаракат мекунанд.

Ҳаракати ҳар як молекулаи ҷудогона ҳаракати механикӣ аст. Роҳи тайкарда ва суръати миёнаи ҳар як молекуларо муайян кардан мумкин аст.

Адади молекулаҳо дар таркиби моддаҳо хеле бисёранд ва ҳаракати онҳо бо сабаби ба якдигар бархӯрданашон хеле мураккаб аст.

Ба мо маълум аст, ки ҳарорати ҷисм ба суръати ҳаракати молекулаҳои он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳаракати бетартибонаи зарраҳоро, ки ҷисмҳо аз онҳо таркиб ёфтаанд, ҳарактаи ҳароратӣ меноманд.

Ҳаракати ҳароратӣ аз механикӣ бо он фарқ мекунад, ки дар он миқдори зиёди зарраҳо иштирок мекунанд ва ҳаракати ҳар як зарра бетартибона аст.

Саволҳо

  1. Кадом таҷрибаҳо мавҷудияти молекулаҳоро тасдиқ мекунанд?
  2. Кадом далелҳо ҳаракати молекулаҳоро тасдиқ мекунанд?
  3. Доир ба ҳаракати броунӣ маълумот диҳед.
  4. Расми 1-ро шарҳ диҳед.
  5. Чӣ гуна ҳаракатро ҳаракати ҳароратӣ меноманд?
  6. Ҳаракати ҳароратӣ аз механикӣ бо чӣ фарк мекунад?

Маводҳои ҳамсон