Ҳарфҳои хоси алифбои тоҷикӣ дар сафҳакалид (клавиатура).

Ба дигарон равон намоед

Ширкати Майкрософт аз намунаи Windows 7 сар карда забони тоҷикиро ба руйхати ҳуруфҳои системаи амалиётии  Windows ворид кардааст. Барои онро фаъол намудан дар қисми рости лавҳаи масъалаҳо нишонаи забонро интихоб намуда  ба параметри он ворид гашта дар баробари забони русӣ ва англисӣ забони тоҷикиро низ ҳамроҳ менамоем. Ҳангоми фаъол будани забони тоҷикӣ ҳарфҳои хоси забони тоҷикиро по пахши тугмаҳои    ц   (қ),    —   (ғ),     =   (ӯ),  щ (ҳ),  ь (ӣ),  ы  (ҷ)  дарёфт намудан мумкин аст.

Аксаран вақт ҳангоми ягон санади заруриро аз як компютер ба компютери дигар гузаронидан  ҳуруфҳои тоҷикӣ шаклашонро тағйир медиҳанд. Барои хотири он, ки ин ҳолат рӯй надиҳад ҳангоми навиштани матн дар барномаи ворд  ҳуруфи    Palatino Linotype –ро интихоб намоед. Дар баъзе ҳолатҳои дигар ҳангоми дар дигар компютер кушодани санад калимаҳои матн ҳама якҷоя мешаванд, ки ин ба намунаҳои барномаи Word вобастагӣ дорад. Агар Шумо хоҳед, ки санади навиштаатон дар ҳама компютер новобаста аз намуди барномаҳо бехато кушода шавад, намуди ҳуруфро  Palatino Linotype ва ҳангоми сабт кардан ҳамчун намунаи word -2003 сабт намоед.

Маводҳои ҳамсон