Ҳисоби масса (ҷирм) ва ҳаҷм аз руйи зичӣ

Ба дигарон равон намоед

Дар сурати маълум будани ҳачми ҷисм ва зичии моддае, ки ҷисм аз он “сохта шудааст”, массаи ҷисмро бе тарозу (барнокашида) ҳам муайян кардан мумкин аст. Мисол, мо метавонем массаи тахтачаеро бо роҳи ҳисобукитоб ёбем, ки он аз чӯби булут ба андозаҳои 25х20х2 (бо см) бурида шудааст. Барои ин аввал ҳачми тахтачаро меёбем:

V = 25 см∙20 см∙2 см = 1000 см3

Акнун аз ҷадвали зичиҳо (ниг. рӯяи дарунии муқоваи китобро) мебинем, ки чӯби булут зичии 0,7 г/см3 дорад. Ин рақам он гуна маънӣ дорад, ки массаи ҳар як см3-и булут 0,7 г аст. Тахтача ҳачми 1000 см3 дорад. Модом ки ҳар см3-и он 0,7 г бошад, пас, барои ёфтани массаи умумии тахтача ҳамин 1000-ро бо 0,7 зарб задан лозим аст, яъне

1000 〖см〗^3  -0,7 г/〖см〗^3  = 700 г = 0,7 кг.

Пас, барои аз рӯйи зичии ҷисм ва ҳачми он ёфтани массаи ҷисм m, зичӣ  ва ҳаҷм V-ро зарб задан зарур аст:

Масса=Зичӣ∙Ҳаҷм

ё ба воситаи ишоратҳо:

m = ρV.

Мисли ҳамин, агар чисми муайянзичӣ баркашида шуда бошад, яъне агар зичӣ ва массаи ҷисм маълум бошанд, ҳаҷми онро муайян кардан осон аст. Барои ин массаи чисм m – ро ба зичии он  тақсим кардан мебояд:

Маводҳои ҳамсон