ҲИСОБКУНАК

Ба дигарон равон намоед

Барномаи «Ҳисобкунак» (Калкулятор) — воситаи асосии иҷрои амалҳои одии арифметикӣ — ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур, ки гунаи компютерии ҳисобкунаки маъмулии болоимизӣ мебошад, бо ёрии зербанди «Замимаҳо» (Приложения)-и банди «Ҳамаи барномаҳо» (Все программы)-и менюи асосии системаи амалиётии MS Windows (тугмаи «Огоз») бо кор омода гардонида мешавад (расми поёнӣ, аз тарафи чап).

Пас аз интихоби зербанди «Ҳисобкунак» (Калкулятор) дар экран равзанаи «Ҳисобкунак» (Калкулятор)-и электронӣ намудор мегардад (расми болой, аз тарафи рост). Воқеан, аз расм дида мешавад, ки андоза ва шакли ҳисобкунаки электронӣ ба ҳисобкунаки маъмулӣ хеле шабоҳат дорад.

Равзанаи барномаи «Ҳисобкунак» ба се ҳисса тақсим шуда, қисмҳои он мувофиқан — «Ҳисобкунак» (Калкулятор), «Табдилдиҳак» (Конвертер) ва «Параметрҳо» (Параметры) номгузорӣ шудаанд.

Қисми «Ҳисобкунак»-и равзана, дар навбати худ, боз ба чор банди дигар тақсим шудааст: «Маъмулӣ» (Обычный), «Муҳандисӣ» (Инженерный), «Барномасоз» (Программист), «Ҳисобкунии санаи рӯз» (Вычисление даты). Бандҳои мазкур барои гузариш аз як реҷаи кори ҳисобкунак ба реҷаи дигари он хизмат мерасонанд (расми поёнӣ). Афзори асосии гузариши байни реҷаҳои кори ҳисобкунак — тугмаи мебошад, ки он дар тарафи чапи поёни номи барнома (Калкулятор) ҷойгир шудааст.

Гузариши байни се реҷаи аввалаи корбарӣ бо «Ҳисобкунак»-ро ба ғайр аз тугмаи = , инчунин, бо пахши якҷояи тугмаҳои сафҳакалид низ ташкил кардан мумкин аст:

ТугмаҳоГузариш ба реҷаи:
Alt+1«Маъмулӣ»
Alt+2«Муҳандисӣ»
Alt+3«Барномасоз»

Ҳисобкунак дар реҷаи маъмулӣ ба ғайр аз чор амали арифметикӣ, инчунин, ҳисобкунии қимати баъзе функсияҳоро иҷро карда метавонад, ки афзорҳо (ишораҳо)-и онҳо дар қатори болои майдони рақамӣ оварда шудаанд.

Дар реҷаи муҳандисӣ ҳисобкунак дорои имконияти ҳисобкунии маҷмӯи функсияҳо барои ҳисоббарориҳои илмӣ ва муҳандисӣ мегардад. Дар ин реҷа, инчунин, бо истифода аз қавсҳо тағйир додани тартиби иҷрои амалҳои арифметикӣ, иҷрои баъзе амалҳои мантиқӣ ва оморӣ низ имконпазир мегардад.

Дар реҷаи барномасоз ҳисобкунакро барои аз як системаи ҳисоб ба дигар система (масалан, аз системаи 10-ӣ

ба 2-ӣ) гузаронидани қимати иттилооти ададӣ истифода мебаранд. Дар реҷаи мазкур ҳисобкунак ба таҷҳизоти мукаммали ҳисоббарориҳои қимати функсияҳои мантиқӣ ва математикӣ табдил меёбад.

Реҷаи ҳисобкунии санаи рӯз бошад, асосан барои муайян кардани фарқи байни ду санаи рӯзҳои дилхоҳи сол (солҳо) истифода мешавад.

Ҳамин тариқ, бо истифода аз реҷаҳои гуногуни корбарии «Ҳисобкунак» технологияҳои коркарди иттилооти ададиро ба зинаҳои боз ҳам болотар бардоштан имконпазир

гаштааст.

Қисми «Табдилдиҳак» (Конвертер)-и равзанаи барномаи «Ҳисобкунак» — афзори беҳамтои табдилдиҳии байниҳамдигарии ченакҳои бузургиҳои (унсурҳои) иттилоотӣ, физикӣ ва геометрӣ — ҳаҷм, дарозӣ, вазн ва масса, ҳарорат, энергия, масоҳат, суръат, вақт, тавоноӣ, додаҳо, фишор ва кунҷ мебошад. Барои қимати бузургии додашударо аз як ченак ба ченаки дигар баргардонидан, кифоя аст, ки аввал, аз номгӯи бандҳои бузургиҳо банди (унсури) заруриро интихоб кунем, баъд, дар қисмати ченакҳои равзанаи пайдошуда номи ченаки мавҷуда ва ченаки натиҷавиро ба қайд гирем ва ниҳоят, қимати ададии бузургиро ба воситаи қисмати рақамии равзана дохил намоем. Қимати ададии воридшуда дар болои номи ченаки аввала ва қимати натиҷавии бузургӣ дар болои номи ченаки нав (баъдӣ) пайдо мешавад.

Қисми «Параметрҳо» (Параметры)-и равзанаи барномаи «Ҳисобкунак» барои гирифтани маълумот оид ба гунаи барномаи мазкур, оид ба ширкати соҳибмулк, оид ба ҳуқуқҳо ва шартҳои истифодабарии барнома ва оид ба дарёфти дигар иттилооти ҳуқуқӣ хизмат мерасонад.

Дохилкунии иттилооти ададиро ҳам бо ёрии тугмаҳои худи ҳисобкунак (бо пахши тугмаи чапи муш) ва ҳам ба воситаи пахши тугмаҳои мувофиқи сафҳакалид анҷом додан мумкин аст. Натиҷаҳои ададии коркарди ҳисобкунакро бо ёрии буфери мубодилаи системаи амалиётӣ ба дигар замимаҳои MS Windows интиқол додан ва баръакс, иттилооти ададии дигар замимаҳоро бо ҳамин тарз ба ҳисобкунак кӯчонидан имконпазир аст.

Саволҳо:

  1. Вазифаи барномаи «Ҳисобкунак» аз чӣ иборат аст? Вай аз ҳисобкунаки болоимизӣ ё кисагӣ чӣ фарқ дорад?
  2. Қисмҳои равзанаи «Ҳисобкунак» чӣ ном доранд? Онҳо барои иҷрои кадом амалҳо пешбинӣ шудаанд?

З.Чӣ тавр аз як реҷаи кори ҳисобкунак ба дигар реҷаи он гузаштан мумкин аст? Вазифаҳои реҷаҳоро тавзеҳ диҳед.

  1. Оё натиҷаҳои коркарди ҳисобкунакро ба дигар замимаҳои Windows интиқол додан имконпазир аст? Чӣ тавр?

Супориш:

Барномаи «Ҳисобкунак»-ро тавассути менюи асосии СА Windows ба кор омода созед, бо бандҳои ҳар се қисми равзанаи он шинос шавед, аз як реҷаи корӣ ба дигар реҷа гузашта, таҷриба кунед, ки онҳо чӣ фарқ доранд.

Маводҳои ҳамсон