Ҳисобкунии сана

Ба дигарон равон намоед

Реҷаи чоруми корбарии «Ҳисобкунак» реҷаи «Ҳисобкунии санаи рӯз» ном дорад. Барои «Ҳисобкунак»-ро ба реҷаи мазкур гузаронидан, чун қоида, аз афзори = -и равзанаи он истифода мебаранд. Реҷаи ҳисобкунии санаи рӯз асосан барои муайян кардани фарқи байни ду санаи рӯзҳои дилхоҳи сол (солҳо) истифода бурда мешавад.

Дар ин реҷа бо ёрии ҳисобкунак натанҳо ҳисоб намудани фарқи байни санаҳои рӯзҳои соли мушаххас ё солҳои

гуногун имконпазир аст, балки ба санаи додашуда миқдори муайяни рӯзҳоро илова кардан ё аз он кам намудан низ мумкин мебошад.

Намуди зоҳирии «Ҳисоб- кунак» дар реҷаи «Ҳисобкунии санаи рӯз» (Вычисление даты) дар расми тарафи рост инъикос гардидааст. Тавре аз расм дида мешавад, намуди ҳисобкунак дар ин маврид хеле одӣ буда, он ҳамагӣ аз чор банд иборат аст:

«Фарци байни санаҳо» (Разница между датами), «Санаи якум»

(От), «Санаи дуюм» (Кому) ва «Фарқ» (Разница). Азбаски дар расм қимати ҳам санаи якум ва

ҳам санаи дуюм «26 июли соли 2017» ба қайд шрифта шудааст, бинобар он, дар майдончаи банди «Фарқ» ҳамчун санаи натиҷавии ҳисоббарорӣ — ибораи «Санаҳои якхела» (Одинаковые даты) ҳосил гардидааст. Калимаҳои русии «От» ва «Кому» рамзӣ буда, онҳоро мувофиқан ҳамчун «Аз» ва «То» қабул кардан мумкин аст.

Ҳангоми ворид кардани санаҳои гуногун, ҳисоббарориҳои натиҷавӣ низ, мувофиқан, гуногун ҳосил мешаванд. Масалан, дар расми поёнӣ (аз тарафи чап) фарқи байни санаҳои «26 июли соли 2017» ва «19 октябри соли 2018» ҳисоб карда шуда, дар майдончаи банди «Фарқ» ҳамчун натиҷаи ҳисоббарорӣ — пайдарпайии ҷавобҳои «1 сол; 2 моҳ; 3 ҳафта; 2 рӯз — ҳамагӣ 450 рӯз» (1 год; 2 месяца; 3 недели; 2 дня — всего 450 дней) пешкаш гардидааст. Агар санаи якум ё дуюмро тавассути тақвими компютерӣ муайян кардан лозим бошад, он гоҳ аз афзори паҳлӯии бандҳои мазкур — (тақвим) истифода бурда (расми поёнӣ, тарафи рост), бо ёрии афзорҳои тақвимро ба пеш ё қафо саҳифагардонӣ кардан мумкин аст.

Барои ба санаи додашуда илова кардани миқдори муайяни рӯзҳо, моқҳо ва солҳо ё мувофиқан аз он кам намудани ҳамин гуна додаҳо, тугмаи -ро, ки дар паҳлӯи рости банди «Фарци байни санаҳо» ҷойгир шудааст, пахш намудан лозим аст. Дар ин маврид, «Ҳисобкунак» дарҳол намуди зоҳирии худро иваз менамояд ва банди «Фарци байни санаҳо» (Разница между датами) ба банди «Рӯзҳо илова ё кам карда шаванд» (Добавить или вычесть дни) иваз карда мешавад.

Намуди умумии равзанаи «Ҳисобкунак» барои ҳолати мазкур дар тарафи чапи расми поёнӣ тасвир гардидааст. Аз расм дида мешавад, ки дар ин маврид «Ҳисобкунак» дорои панҷ банд будааст: «Рӯзҳо илова ё кам карда шаванд (Добавить или вычесть дни), «Санаи додашуда» (От), калидҳои гузариши «Иловакунӣ» (Добавить) ва «Камкунӣ» (Изъятие), майдончаҳои воридкунии «Солҳо» (Годы), «Моҳҳо» (Месяцы) ва «Рӯзҳо» (Дни) ва инчунин «Санаи натицавӣ» (Дата).

Дар мобайни расми болоӣ натиҷаи ба санаи додашудаи «26 июли соли 2017» илова кардани 4 солу 7 моҳу 25 рӯз, ки ба санаи «23 марти соли 2022» рост меомадааст, тасвир гардидааст. Дар тарафи рости расми болоӣ бошад, натиҷаи аз санаи додашудаи «26 июли соли 2017» кам кардани 2 солу 5 моҳу 9 рӯз, ки ба санаи «17 феврали соли 2015» мувофиқ будааст, тасвир ёфтааст.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои реҷаи «Ҳисобкунии санаи рӯз»-и «Ҳисобку- нак» аз чӣ иборат аст?

2.Чӣ тавр бо ёрии «Ҳисобкунак» фарқи байни ду санаи рӯзҳои дилхоҳи солро ҳисоб кардан мумкин аст?

З.Оё бо ёрии «Ҳисобкунак» ба санаи додашуда миқдори муайяни рӯзҳоро илова кардан ё аз он кам намудан мумкин аст? Чӣ тавр?

Супоришҳо:

  1. Афзорҳои корбарии реҷаи «Ҳисобкунии санаи рӯз»-и «Ҳисобкунаюьро аз худ намоед.
  2. Бо ёрии «Ҳисобкунак» фарқи байни санаҳои «1 сентябри соли 2017» ва «1 сентябри соли 2022»-ро ҳисоб кунед. Санаҳои мазкурро бо истифода аз тақвими компютерӣ муайян ва ворид кунед.
  3. Бо истифода аз имкониятҳои «Ҳисобкунак» ба санаи ҷорӣ аввал 6 солу 6 моҳу 6 рӯзро илова ва баъд аз санаи мазкур 5 солу 9 моҳу 12 рӯзро кам намоед.

Маводҳои ҳамсон