Ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавӣ

Ба дигарон равон намоед

Ҳангоми ба сатҳи ҷисмҳои сахт расидани моеъҳо ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин ҳодисаҳо ба таъсири мутақобили молекулаи моеъ ва ҷисми сахт алоқаманд мебошанд.

Агар қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ ва молекулаҳои ҷисми сахт аз қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои худи моеъ калон бошад, дар ин ҳолат моеъ сатҳи худро зиёд намуда дар сатҳи ҷисми сахт паҳн мешавад. Дар ин вақт мегӯянд, ки моеъ ҷисми сахтро тар мекунад. Агар қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ ва молекулаҳои ҷисми сахт аз қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъ хурд бошад, моеъ кӯшиш менамояд, ки сатҳи сарҳади худро бо ҷисми сахт хурд кунад. Дар ин вақт мегӯянд, ки моеъ сатҳи ҷисми сахтро тар намекунад.Ҳамон як моеъ як ҷисми сахтро тар мекунад ва ҷисми дигарро тар намекунад.

Мисол, об шишаро тар карда парафинро тар намекунад; симоб шишаро тар намекунад, аммо сатҳи оҳани тозаро тар мекунад.

Барои дар бораи қувваи ҷозибаи молекулаҳо маълумот пайдо намудан таҷрибаи зерринро дида мебароем.

Лавҳаи шишагии ба пружини борик уфуқӣ овезонро ба сатҳи оби зарф то расиданаш наздик мебиёрем (расми 2.7.1,а).

Баъд лавҳаро оҳиста боло мебардорем. Лавҳа аз об канда намешавад ва пружин  меёзад (расми 2.7.1,б). Дарозшавии пружин мавҷуди-яти қувваи ҷозибаи байни молекулаҳоро тасдиқ менамояд. Пас аз об канда шудани лавҳаи шишагӣ (расми 2.7.1,в) дар рӯи он як қабати тунуки об боқӣ мемонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки лавҳаро об тар кардааст. Кандашавӣ на дар ҷойҳои расиши молекулаҳои об ва молекулаҳои шиша, балки дар ҷойҳое ба амал меояд, ки молекулаҳои об ба ҳам мерасанд.

Об на танҳо шишаро, балки чарм, чӯб ва бисёр дигар моддаҳоро тар мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо об метавонад, ҷисмҳоро тар накунад. Масалан, агар ба об пораи мум ё парафинро ғутонем, баъди аз об баровардан онҳо хушк мемонанд. Яъне қувваи кашиши молекулаҳои об аз қувваи кашиши байни молекулаҳои обу мум ё парафин калон мебошад.

Дар ҳаёт мо бо ҳодисаҳои таршавӣ ва тарнашавӣ хеле зиёд вомехӯрем.

Масалан, таввасути ҳодисаи таршавӣ мо менависем, ҷисмҳои тарро аз он ҷумла рӯямонро бо сачоқ пок  мекунем.

Аз ин ҳодисаҳо дар техника барои ба сатҳи ҷисмҳои сахт молидани ранг ва бо маводҳои изолятсиякунанда пӯшонидани сатҳи онҳо ва ғайраҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

 Саволҳо барои такрор

  1. Моеъ ҷисми сахтро кадом вақт тар мекунад?
  2. Моеъ ҷисми сахтро кадом вақт тар намекунад?
  3. Мавҷудияти қувваи ҷозибаи байни молекулаҳои моеъҳоро чӣ тавр санҷидан мумкин аст?
  4. Аҳмияти ҳодисаҳои таршавӣ ва  тарнашавиро бо мисолҳо маънидод намоед.

 Машқи 3

  1. Ду варақи қоғазро, ки якеаш дар об ва дигараш дар равған тар карда шудааст, бо ҳам часпонед. Онҳо ба ҳам мечаспанд ё не? Ҷавобатонро асоснок намоед.
  2. Болу пари паррандагони дар об шинокунанда тар намешаванд. Ин ҳодисаро маънидод намоед.
  3. Оё равғане, ки барои мошинаҳои дарздӯзӣ истифода мебаранд, сатҳи металлҳоро тар мекунад?
  4. Қатраи симоби дар сатҳи шишаи уфуқӣ гузошташуда шакли саққоро соҳиб мегардад, дар сатҳи лавҳаи рӯҳӣ паҳн мегардад. Дар кадом маврид ҳодисаи таршавӣ мушоҳида карда мешавад.

Маводҳои ҳамсон