Ҳодисаҳои физикӣ

Ба дигарон равон намоед

Агар бо диққат ба олами атроф назар афканем, дар он мо ба тағйиротҳои гуногун дучор гардидани материяро мушоҳида менамоем. Масалан, ҳангоми гудозиши ях, ҷӯшиши об, сӯхтани ҳезум материя ба тағйиротҳо дучор мегардад. Ҳангоми аз ноқил гузаштани ҷараёни электрикӣ он гарм мешавад (мӯяки тафсони лампа) ва ғайраҳо.

Ҷисмҳои физикӣ (материя) ҳамеша тағйир меёбанд. Тағйиротҳои дар ҷисмҳои физикӣ ба амал омадаро ҳодисаи физикӣ меноманд.

Об шудани ях, ҷӯшиши об, сӯхтани ҳезум, гарм шудани ноқил ҳангоми аз он ҷорӣ гардидани ҷараёни электрикӣ, ба амал омадани шамолу садо ҳодисаҳои физикӣ ба шумор мераванд.

Дар физика ҳодисаҳои механикӣ, электрикӣ, магнитӣ, ҳароратӣ, садогӣ ва рӯшноигӣ омӯхта мешаванд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо ба ҳодисаҳои физикӣ тааллуқ доранд. Ҳодисаҳои физикии зеринро вобаста ба хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

а) ҳодисаҳои механикӣ – ин ҳаракати ҳавопаймоҳо ва мошинҳо, лаппиши раққосакҳо ва ҷоришавии моеъҳо дар қубур, ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб, ҳаракати радифони маснӯъ дар гирди Замин ва ғайраҳо ба шумор мераванд;
б) ҳодисаҳои электрикӣ- ин ҷазбшавӣ ва теладиҳии ҷисмҳои заряддор,ҷоришавии ҷараёни электрикӣ ва ғайраҳо мебошанд;
в) ҳодисаҳои магнитӣ – ин таъсири магнит бо оҳан, таъсири байниҳамдигарии магнитии ҷараёнҳо, таъсири Замин ба ақрабаки қутбнамо (компас) ва ғайраҳо ба шумор мераванд;
г) ҳодисаҳои оптикӣ – ба ин паҳншавии рӯшноӣ дар муҳитҳои гуногун, инъикоси рӯшноӣ аз оина, равшанидиҳии манбаъҳои гуногун ва ғайраҳо дохил мешаванд;
д) ҳодисаҳои ҳароратӣ – ба ин гудозиши ях, ҷӯшиши об, ба вуҷудоии барф, аз гармӣ васеъшавии металҳо ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд;
е) ҳодисаҳои атомӣ – ба ин таркиши бомбаи атомӣ, проссесҳое, ки дар қишри ситораҳо ба вуҷуд меоянд ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳои физикӣ ба олами ғайризинда тааллуқ доранд. Аммо бештари онҳо дар дохили организмҳои зинда низ ба амал меоянд. Мисол, хун ба воситаи рагҳои хунгузар ба ҷисми инсон ва ҳайвонот ҷорӣ мешавад, ба воситаи торҳои асаб сигналҳо аз майна интиқол дода мешавад ва ғайраҳо. Саволе ба миён меояд: физика ба омӯзиши ин қадар ҳодисаҳои зиёд қодир аст ё не?

Физика хусусияти ҳайратангез дорад. Физика ҳодисаҳои оддиро омӯхта, қонуниятҳои умумиро ошкор месозад.
Масалан, ҳангоми омӯзиши афтиши озоди саққоҳои андозаҳои гуногун дошта аз баландиҳои ҳархела, қонунияте муқаррар карда шуд, ки ҳангоми озод афтидани дигар ҷисмҳо иҷро мегардад

Саволҳо барои такрор:

  1. Ҳодисаи физикӣ гуфта чиро меноманд ?
  2. Дар бораи ҳодисаҳои физикӣ маълумот диҳед ?
  3. Оё ҳодисаҳои физикӣ дар организмҳои зинда ба амал
    меоянд?

Маводҳои ҳамсон