Ҷадвали электронии Gnumeric

Ба дигарон равон намоед

Хусусиятҳои ҶЭ Gnumeric. Гарчанде тарзи кори барномаи Gnumeric бо тарзи кори ҶЭ KSpread хеле монанд бошад ҳам, вале имкониятҳои корбарии Gnumeric бо санадҳо, махсусан ҷадвалҳои мураккаби характери ҳисоббароридошта бештар аст. Ин замимаро бо ёрии фармони gnumeric ба кор медароранд.

Дар катакҳои ҷадвали Gnumeric, ба мисли KSpread, иттилооти намуди ададӣ, формулавӣ ва матниро ҷойгир кардан мумкин аст. Қисми бутун ва касрии ададҳои ҳақиқиро бо ёрии аломати вергул ҷудо мекунанд. Аломати нуқтаро дар иттилооти намуди матнӣ истифода мебаранд.

Барои кушодани парвандаи мавҷудаи Gnumeric банди Кушодан (Открыть)-и менюи Парвандаи равзанаи он ё тугмаи

F3^ сафҳакалид хизмат мерасонанд. Gnumeric имконият

медиҳад, ки иттилооти тавассути дигар ҷадвалҳои электронӣ, масалан Excel, сохташуда мавриди қабул ва истифода қарор дода шавад. Барои ин аз банди Содирот (Импорт)-и менюи Парванда истифода бурдан лозим аст. Ҷадвали эҷод ё таҳриршударо бо ёрии комбинатсияи тугмаҳои Ctrl ва   ё менюи барнома ва ё тугмаи сабти лавҳаи афзорҳо дар хотираи беруна сабт кардан мумкин аст.

Gnumeric имконият медиҳад, ки бо ёрии банди Миқёс (Масштаб)-и менюи Намо (Вид) ё майдончаи миқёсгирии лавҳаи афзорҳо андозаи ҷадвали инъикосшавандаро дар экран тағйир диҳем. Ҳамчун пешфарз миқёси ҷадвал ба 100% баробар аст. Барои ба таври худкор табдил додани муроҷиаткунии нисбии суроғаи катакҳо ба мутлақ аз тугмаи F4 истифода мебаранд. Агар дар сатри таҳриркунии формулаҳо мушнаморо ба суроғаи катаки зарурӣ гузошта, пай дар пай тугмаи F4^ пахш кунем, он гоҳ ба таври даврӣ муроҷиаткунии нисбӣ ба мутлақ, масалан B2^$B$2^B$2^$B2^B2, табдил дода мешавад. Пахши тугмаи F9 ҷадвалро аз нав ҳисоб менамояд.

Ҳамаги

Тарзи форматбандии ҶЭ Gnumeric. Барномаи Gnumeric бо ҳама воситаҳои стандартии форматбандии катакҳо — тағйирдиҳии ранги матн ва заминаи катак, андоза ва намуди зоҳирии ҳарфҳо, радифбандии матни катак (аз чап, рост, мобайн), тақсимкунии матни катак ба якчанд сатр ва ғайра муҷаҳҳаз аст. Барои иҷрои форматбандӣ менюи Формат (FormaO-и равзана ва менюи матнии барнома хизмат мерасонанд. Интихоби зербанди Форматбандии катакҳо (Фор- мат ячеек)-и ин менюҳо ё пахши комбинатсияи тугмаҳои Ctrl ва [T] ба пайдошавии равзанаи робитавии ҳамноми зербанд сабаб мегардад, ки вай аз якчанд тугмаи қабатии бо ҳама афзорҳои зарурӣ муҷаҳҳаз иборат аст.

Тавассути афзорҳои лавҳаи объектҳои ҷадвал расмҳои одитарин — доираҳои байзашакл, росткунҷаҳо, хатҳо ва тирчаҳоро сохтан мумкин аст. Банди Худформатбандии менюи Формат (Автоформатирование) имконият фароҳам меорад, ки ҷадвал аз рӯйи ягон услуби стандартӣ сохта шавад. Gnumeric имконият муҳайё месозад, ки тавассути калиди Формуланамо (Показать формулы)-и банди Варақ (Лист)-и менюи Формат ба ҷойи қимати катакҳо матни формулавиашон инъикос карда шавад.

Пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl ва ‘ (аломати апострофи чапана) — ҳамарзиши сафҳакалидии ин амал аст. Ҳангоми форматбандии катак ё гурӯҳи катакҳо ба дарунмояи онҳо маҳдудиятҳои иловагӣ гузоштан мумкин аст. Масалан, азбаски миқдори ашё (нигар ба сутуни D-и ҷадвали болоӣ) ҳеҷ гоҳ адади манфӣ шуда наметавонад, бинобар ин аз тугмаи қабатии Санҷиш (Проверка)-и равзанаи Форматбандии катакҳо исти- фода бурда, шартҳо ва амалҳои дар чунин мавридҳо истифо- дашавандаро муайян кардан мумкин аст.

Акнун ҳар гуна кӯшиши дохилкунии миқдори маҳсулот бо адади манфӣ сабабгори дар экран пайдо шудани равзанаи махсуси бонгӣ оид ба ин вазъи бавуҷудомада мегардад.

Саволҳо:

  1. Барномаи Gnumeric аз ҶЭ KSpread чӣ бартарӣ дорад? Онро чӣ тавр мекушоянд?
  2. Парвандаи мавҷудаи Gnumeric-ро бо кадом тарзҳо кушодан мумкин аст?
  3. Чӣ тавр бо ёрии Gnumeric иттилооти тавассути дигар ҶЭ сохташударо истифода бурдан мумкин аст?
  4. Кадом тугмаи сафҳакалид барои табдилдиҳии худкори муроҷиат- кунии нисбии суроғаи катакҳо ба мутлақ хизмат мерасонад?
  5. Чанд тарзи форматбандии маълумоти катакҳои ҶЭ Gnumeric-ро медонед? Кадомаш беҳтар аст?
  6. Чӣ тавр ба ҷойи қимати катакҳо матни формулавии онҳоро дар экран инъикос кардан мумкин аст?

Супориш:

  1. Бо ёрии банди Миқёсгирии менюи Намо ё майдончаи интихоби миқёсҳои лавҳаи афзорҳои Gnumeric андозаи ҷадвали дар экран инъикосшударо тағйир диҳед.

Ҷузъҳои асосии равзанаи барномаи Gnumeric-ро дар дафтар ба қайд гиред.

Супориш:

  1. Бо ёрии банди Миқёсгирии менюи Намо ё майдончаи интихоби миқёсҳои лавҳаи афзорҳои Gnumeric андозаи ҷадвали дар экран инъикосшударо тағйир диҳед.

Ҷузъҳои асосии равзанаи барномаи Gnumeric-ро дар дафтар ба қайд гиред.

Маводҳои ҳамсон