Ҷадвали электронии KSpread

Ба дигарон равон намоед

Равзанаи K spread. Барномаи Ks pread (кейсприд) ба ҳайати замимаҳои офисии KDE (СА Linux) дохил мешавад. Ин барномаро тавассути менюи KDE: Офис/Ks pread ё фармони ks pread ба кор омода сохтан мумкин аст. Ибтидои кори барнома — пайдошавии равзанаи он дар экран аст, ки вай инъикосгари варақи китоби корӣ мебошад. Агар барнома бе нишондиҳии номи парвандаи мушаххас ба кор оғоз намояд, он гоҳ дар экран китоби кории наве эҷод мегардад, ки вай танҳо аз як варақи корӣ иборат аст. Дар ҳолати зарурӣ ба китоб миқдори дилхоҳи варақҳоро илова намудан мумкин аст. Намуди умумии равзанаи ҷадвали электронии K spread дар расми зерин оварда шудааст:

Маънии ишоратҳои рақамии дар расм овардашуда:

  1. — ҷадвали ҷории корӣ;
  2. — катаки фаъол;
  3. — майдончаи суроғаи катаки фаъол;
  4. — майдончаи инъикосгари дарунмояи катаки фаъол;
  5. — лавҳаи гузариши байни варақҳои корӣ;
  6. — менюи барнома;
  7. — лавҳаи корбарӣ бо парвандаҳо;
  8. — лавҳаи таҳририи ҷадвал;
  9. — лавҳаи интихоби ҳуруф;
  10. — лавҳаи форматсозии катак;
  11. — лавҳаи аломатҳои математикӣ;
  12. — лавҳаи интихоби функсияҳо;
  13. — лавҳаи рангсозӣ, чорчӯбасозӣ ва гурӯҳбандии катакҳо.

Ҳангоми лаҳзае мушнаморо ба болои ягон тугмаи лавҳаҳои равзана гузоштан дар экран «хабардиҳак»-и зуд намудор ва ғайбзананда пайдо шуда, оид ба вазифаҳои тугмаи мазкур маълумот медиҳад. Тугмаи дорои хатҳои амудии тарафи чапи лавҳаҳо барои ҷойгузин ва муваққатан аз экран ҳазф намудани ин лавҳаҳо хизмат мерасонад.

Тарзи таҳрири ҶЭ K spread. Дар катакҳои ҷадвал асосан се намуди иттилоот коркард мешавад:

Ададбутун ё касри даҳӣ мешавад. Қисми бутун аз касрии он бо ёрии аломати вергул ҷудо карда мешавад. Аломати нуқта барои ҷудокуниҳои муоинавии қисми ҳазориҳо, миллио- ниҳо ва ғайраи адад хизмат мерасонад
Формулаифодаест, ки бо аломати “ = ” сар шуда, метавонад номи катакҳо, аломатҳои арифметикӣ, функсияҳо ва ифодаҳои дигарро дар бар гирад
Матнтамоми он иттилооте, ки адад ё формула нест

Агар ҳангоми дохилкунии иттилоот ба ғалате роҳ диҳед, онро метавонед бо пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl ва [z] ё фармони якуми менюи Виройиш (Правка) ислоҳ намоед. Барои таҳрири дарунмояи катаки мавҷуда онро ду маротиба пахш кардан

кифоя аст. Пахши яккаратаи тугмаи чапи муш бошад, иттилооти пешинаи катакро ба иттилооти ҳоло воридшуда иваз мекунад. Таҳриркунии дарун- мояи катакро дар сатри формулаҳо иҷро кардан боз ҳам осонтар аст.

Мазмуни катак ё блоки катакҳоро бо тарзҳои гуногун форматбандӣ кардан мумкин

аст. Ивазкунии намуди зоҳирию андоза, ранги матну заминаи он ва ғайра ба амалҳои маъмулии форматбандии катак дохил мешаванд. Барои ин аз бандҳои гуногуни менюи Формат ё менюи зерматнӣ (пахши тугмаи рости муш) истифода меба- ранд. Ҳангоми интихоби банди Хосиятҳои катак (Свойства ячейки) дар экран бо ҳамин ном равзанае пайдо мешавад, ки вай аз якчанд тугмаи замимавии қабатӣ иборат аст. Ба воситаи ин тугмаҳо шакл ва мазмуни катакҳои ҷадвалро тағйир додан мумкин аст.

K spread имконият медиҳад, ки дарунмояи катак зери кунҷҳои гуногун ҷойгир карда шавад. Барои ин бо ёрии тугмаи қабатии Мавқеъ (Положение) қимати кунҷи гардишро бо дараҷаҳо нишон додан лозим аст. Ин амалро бо ёрии банди Кунҷ тағйир дода шавад (Изменить угол…)-и менюи Формат низ иҷро кардан мумкин аст. Дар расми зерин лавҳаи форматбандӣ ва равзанаи тағйирдиҳии кунҷ оварда шудааст.

Барои ба ҷадвал ҳамроҳ кардани (гузоштани — вставка — in ert) сутун ё сатри нав ва ё ҳазф кардани (удаление — delete) сутун ё сатри мавҷуда аввал мавқеи заруриро ҷудо намуда, баъд тавассути менюи зерматнӣ ё лавҳаи таҳриркунӣ банди мувофиқро татбиқ кардан лозим аст. Лавҳаи таҳриркунии ҷадвал чор тугмаи қабатӣ дорад, ки бо ёрии онҳо тамоми

амалиёти номбаршударо иҷро кардан мумкин аст. Сатри (сутуни) нав пеш аз сатри (сутуни) ҷудошуда гузошта мешавад.

Иловаҳо ва ҳазфкуниҳо ба тартиби ҷойгиршавӣ ва номгузории сатру сутунҳо таъсир мерасонад. Онҳо метавонанд ба мазмуни катакҳои формулавӣ низ таъсири муайян расонанд.

Дар катакҳои формулавӣ суроғаҳои истифодашудаи катакҳо ба таври худкор тағйир меёбанд, яъне мувофиқан зиёд ё кам мешаванд. Хусусан, агар катак ҳазфшаванда бошад, он гоҳ қимат ё мазмуни формула метавонад тамоман тағйир ёбад. Аз ин лиҳоз формулаҳоро таҳрири ҷиддӣ бояд кард.

Мазмуни катакҳои K spread-ро шарҳ ё эзоҳ додан мумкин аст. Ин амалро бо ёрии банди Тавзеҳот (Комментарии)-и менюи Гузоштан (Вставить) ё банди мувофиқи менюи зерматнӣ иҷро кардан мумкин аст. Аз мавҷудияти тавзеҳи катак секунҷачаи хурди сурхи кунҷи болоии рости он дарак медиҳад.

Қисми зиёди ҷадвалҳои электронӣ метавонанд дохилкунии қатори (пайдарпайии) ададиро ба таври худкор давом диҳанд. Агар шумо ду-се аъзои аввалаи қаторро дохил карда, онҳоро ҷудо кунед ва баъд ба квадратчаи кунҷи поёнии рости катаки охирин пахш карда, мушнаморо ба самти зарурӣ ҳаракат диҳед, он гоҳ қатор ба таври худкор давом дода мешавад.

Ба ғайр аз ин, бо ёрии банди Қатор (Ряд…)-и менюи Гузоштани K pread тавсифҳои давомдиҳии қаторро интихоб кардан ва амалӣ гардонидан мумкин аст.

Ks pread имконият медиҳад, ки дар диск ҶЭ дар якчанд формат сабт карда шавад. Барои ин аз менюи Парванда (Файл) банди Сабткунӣ ҳамчун (Сохранить как…) ва аз номгӯи пешниҳодшуда фармони Полойиш (Фильтр)-ро интихоб карда, формати заруриро амалӣ сохтан мумкин аст. Аз варианти 1.1.1 сар карда, K pread бо формати HTML ва ҷадвали Gnumeric низ кор карда метавонад.

Барои бо ягон парвандаи мавҷудаи ҶЭ кор бурдан аз менюи Парванда банди Кушодан (Открыть) ва аз равзанаи робитавии пайдошуда номи парвандаи заруриро интихоб кардан лозим аст.

Ҳамчун пешфарз K spread дар майдончаи Интихоб (Выбор) танҳо парвандаҳои қисми иловагии номашон k p-бударо инъикос менамояд. Барои интихоб намудани дигар намуди парвандаҳо аз имкониятҳои майдончаи Полойиш истифода бурдан лозим аст. Ks pread ба ғайр аз барномаҳои зиёди дигар инчунин бо формати ҷадвалҳои электронии Gnumeric ва MS  Excel низ кор карда метавонад.

Саволҳо:

  1. Барномаи K pread озодасос аст ё тиҷоратӣ? Онро чӣ тавр ба кор медароранд?
  2. Хабардиҳаки пайдову ғайбзананда чӣ аҳамият дорад?
  3. Чӣ тавр ба ҷадвали KS pread сутун ё сатрро илова ё ҳазф кардан мумкин аст?
  4. Кадом роҳҳои ба катак ҳамроҳкунии тавзеҳотро медонед?
  5. Чанд формати сабти ҶЭ KS pread мавҷуд аст?

Супориш:

  1. Барномаи K spread-ро тавассути менюи KDE: Офис/K Spread ё фармони k Spread ба кор омода созед ва равзанаи онро муоина намоед.
  2. Ҷузъҳои асосии равзанаи KS pread-ро дар дафтар қайд намоед.

Бо ёрии омӯзгор ягон ҷадвал созед ва онро тавассути фармони Полойиш дар ду формати гуногун сабт намоед.

Маводҳои ҳамсон