Ҷадвали электронии Microsoft Excel

Ба дигарон равон намоед

Дар байни ҷадвалҳои электронии кунунӣ барномаи Microsoft Excel воситаи аз ҳама пуриқтидортарин ба ҳисоб меравад. Вай узви дастаи барномаҳои Microsoft Office мебошад. Барои ба воситаи менюи асосии СА Windows  ба кор омода сохтани Excel дар мизи кории система силсилафармонҳои Оғоз-Кулли барномаҳо-Microsoft Office-Microsoft Excel (Пуск-Все

Программы-MS Office-MS Excel — Start-All Program -MS Office-MS Excel)-ро иҷро кардан лозим аст. Китоби кории Excel дар асл номи парвандаи таҳриршавандаи он аст. Корбари компютер метавонад тибқи масъалаҳои ҳалшаванда ба ҷойи калимаҳои Китоби1, Китоби2 (Книга1, Книга2) ва ғайра ба парвандаҳо номҳои мувофиқтар гузорад.

Объектҳои MS Excel. Барномаи ҷадвали электронии Microsoft Excel тавассути маҷмӯи объектҳо ва ҷузъҳои зерини идоракунӣ масъалаҳои муттасили ҳисоббарорӣ ва ғайри- ҳисоббароридоштаро ҳал мекунад:

  китоби корӣ;

  1. варақи корӣ;
  2. ҷадвал;
  3. катак ва диапазони катакҳо;
  4. равзана;
  5. тасмаи афзорҳо;
  6. равзанаҳои робитавӣ;
  7. диаграмма;
  8. қатори додаҳо.

Объекти асосии ҶЭ MS Excel, ба мисли дигар ҷадвалҳои электронӣ, китоби кории вай ба ҳисоб меравад. Китоби корӣ аз варақҳои корӣ иборат мебошад, ки онҳо тавассути катакҳо ташаккул меёбанд. Катакҳо дар буриши сатру сутунҳои ҷадвал ҳосил мешаванд. Ҷадвал гуфта, варақи кории MS Excel дар назар дошта мешавад.

Миқдори объектҳо ва ҷузъҳои идории ҶЭ MS Excel хеле зиёданд. Аз рӯйи баъзе ҳисобҳо онҳо аз 200-то низ зиёдтаранд. Онҳоро ҳам бевосита ва ҳам бо ёрии VBA (Visual Basic for Application  — Вижуал бейсики замимаҳо) мавриди истифода қарор додан мумкин аст.

Китоби корӣ. Тамоми амалҳои бо ҷадвалҳои электронии MS Excel гузаронидашаванда дар асл дар китобҳои кории он иҷро карда мешаванд. Навъи қисми иловагии номи парвандаҳои китобҳои кории Excel ҳамчун пешфарз .XL X аст. Ҳангоми сабткуниҳои навбатии парванда имконияти ба дигар навъ иваз намудани он доимо вуҷуд дорад. Дар китоби корӣ теъдоди дилхоҳи варақҳои кориро ҷой додан мумкин аст. Ҳадди охирони ин теъдод ба ҳаҷми хотираи фаврии компютер вобаста аст. Варақҳои китоби кории Excel-ро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  • варақҳои ҳисоббарорӣ;
  • варақҳои диаграммавӣ;
  • варақҳои макросӣ (макрофармонӣ);
  • варақҳои робитавӣ (диалогӣ).

Дар экран якбора якчанд китоби кориро фаъол намудан мумкин аст. Вале дар лаҳзаи муайяни вақт танҳо бо яке аз онҳо имконияти кор кардан вуҷуд дорад. Айнан ҳамин тавр дар ҳар як лаҳзаи вақти ҷорӣ танҳо бо яке аз варақҳои фаъоли кории китоб кор кардан мумкин аст. Барои дар экран намудор кардани варақи кории дигар ба тамғаи номи он, ки дар қисми поёнии равзана дар сатри номгӯи варақҳои китоби корӣ ва тасмаи тобдиҳии уфуқӣ ҷойгир аст, бо мушнамо таъсир расонидан лозим мебошад. Барои иваз намудани номи варақ бошад, аз пахши дукаратаи муш ба тамғаи номи варақ истифода бурдан лозим аст.

Дар ин маврид дар майдончаи тамғаи номи варақ курсори матнӣ пайдо мешавад, ки бо ёрии он акнун ин номро таҳрир кардан мумкин аст. Агар ба тамғаи номи варақ тавассути

тугмаи рости муш таъсир расонем, он гоҳ имконияти аз фармонҳои менюи зерматнӣ истифода бурдан пайдо мегардад. Ҷогузории варақи нав, ҳазфи варақи муайян, номиваз- кунӣ, ҷойгузин, нусхабардорӣ ва ҳифзи варақ, тағйирдиҳии ранги тамғаи варақ ва дигар амалҳо бархе аз имкониятҳои менюи зерматнӣ ба ҳисоб меравад.

Варақи корӣ. Объекти кории истифодабарандаи компютер ин варақи кории (лист —  heet) китоби Excel мебошад. Тавре қайд намудем, варақи корӣ — ҷадвали электронии мушаххас аст. Ба мисли дигар ҷадвалҳои электронӣ варақҳои кории Excel низ аз миқдори муайяни сатру сутунҳо, ки дар буриши онҳо катакҳо ҳосил мешаванд, иборат аст. Ҳар гуна иттилоот дар ягон катаки варақи корӣ ҷойгир карда мешавад.

Варақи кории Excel-2010 дорои 16384 (214) сутун ва 1048576 (220) сатр мебошад. Агар миқдори сатру сутунҳои варақи кориро

ба ҳамдигар зарб кунем, он гоҳ миқдори катакҳои ҷадвал ҳосил мешавад. Пас, миқдори катакҳои варақи кории Excel-2010 ба 17179869184 баробар аст. Сутунҳои варақи корӣ бо ёрии ҳарфҳои калони алифбои лотинӣ номгузорӣ шуда, сатрҳо бо ёрии ададҳои натуралӣ рақамгузорӣ карда мешаванд. Номи катаки мушаххас бо ёрии номи сутуну рақами сатре муайян карда мешавад, ки ин катак дар буриши онҳо ҳосил шудааст. Гарчанде ҳамчун пешфарз бар ва баландии катакҳо маълум бошад ҳам, онҳоро аз рӯйи зарурат худи корбар низ метавонад тағйир диҳад.

Ҳангоми ба хотираи компютер сабт кардани китоби корӣ сатру сутунҳои истифоданашудаи варақҳои кории он ба ҳаҷми парвандаи Excel ҳамроҳ карда намешаванд. Ҳаҷми калони варақҳои корӣ ва имконияти ҳар лаҳза илова кардани варақҳои нав зарурати кушодани китоби навро барои истифодабарандаи алоҳида аз байн мебарад.

Дар катакҳои ҷадвал қимати бузургиҳо ва натиҷаи кори формулаҳо ҷойгир карда мешаванд. Ба сифати бузургиҳои катак иттилооти намуди ададӣ, матнӣ, мантиқӣ, санаи рӯз ва ғайраро истифода бурдан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, катаки варақи корӣ имконияти аз пардаи графикии ноаён истифода бурданро дорад, ки тавассути он дар катак шароити мусоиди ҷойгир намудани объектҳои графикӣ муҳайё мегардад. Маҳз ҳамин парда имконият медиҳад, ки дар катакҳои Excel диаграммаҳо, шаклҳои геометрӣ, расмҳои  mart Art, ҷузъҳои графикии аз тарафи корбари компютер сохташуда ва ғайра ҷойгир карда

шаванд.

Варақи диаграмма, ода- тан, барои нигоҳ доштани ягон диаграммаи алоҳида хизмат мерасонад. Дар вара- қи алоҳида ҷойгир намудани диаграмма барои чопи хуш-

сифати он мувофиқ аст. Ин гуна варақҳоро дар слайдҳои на- мойишномаҳо ҷой додан хеле осон аст.

Муҳити корбарии Excel гуфта воситаҳои ҳамоҳангсозу пайвандсози байни корбари компютер ва ҶЭ Excel-ро меноманд. Аз MS Excel-2007 сар карда, муҳити корӣ дар ин барномаи офисӣ хеле сода гардонида шудааст. Ин муҳит бо ёрии ҷузъҳои зерин идора карда мешавад:

  1. тасмаи афзорҳо;
  2. бандҳои иловагии тасма;
  3. равзанаҳои робитавӣ;
  4. истифодаи комбинатсияи тугмаҳои сафҳакалид;
  5. соҳаи масъалаҳо.

Тасмаи афзорҳо. Аз Office 2007 сар карда, ширкати Microsoft дар равзанаҳои барномаҳояш ҷузъҳои сифатан нави идориро ҷорӣ намуд. Акнун меню ва лавҳаи афзорҳо ҷойи худро ба тасмаи афзорҳо гузоштанд.

Миқдори афзорҳои тасма ба таври динамикӣ метавонад тағйир ёбанд. Теъдоди онҳо ба паҳноии равзанаи корӣ вобаста аст. Дар мавриди хурд будани равзанаи барнома баъзе афзор- ҳои тасма ба таври худкор ноаён мегарданд. Ҳангоми интихоб намудани ягон банди зарурӣ рӯйхати дастурҳои тасма иваз мешавад. Дар расми зерин се варианти тасмаи афзорҳо — дар мавридҳои андозаи муқаррарии равзана, хурд будани андозаи он ва бисёр хурд будани андозаи он оварда шудааст.

Бандҳои иловагии тасма. Дар тасмаи афзорҳои Excel дар баробари бандҳои асосӣ, инчунин метавонанд ба таври худкор бандҳои иловагӣ ҳамроҳ карда шаванд. Ин гуна бандҳо аз маҷмӯи афзорҳое иборат мебошанд, ки онҳо ҳангоми интихоб намудани объектҳои намуди графикӣ, формулавӣ ва ҷадвалӣ фаъол мегарданд.

Дар расми поёнӣ ҳамин гуна бандҳои иловагӣ дар мавриди таҳриркунии формула фаъол гардидаанд. Дар ин маврид Excel ду банди иловагӣ пешниҳод кардааст: Формат — барои корбарӣ бо объектҳои графикӣ ва Тарҳкаш (Конструктор) — барои корбарӣ бо объектҳои формулавӣ. Агар ба сатри сарлавҳаи равзанаи Excel бодиққат назар кунем, он гоҳ мебинем, ки барнома вазифаи ин бандҳоро нишон додааст: Воситаҳои расмкашӣ (Средства рисования — Drawing Tool ) ва Корбурди формулаҳо (Работа с формулами — Equation Tool ).

Дар тасмаи афзорҳои равзанаи Excel якчанд намуди ҷузъҳои дастурӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки онҳо дар шакли тугмаҳо пешкаш шудаанд:

  тугмаҳои одӣ — барои иҷрои амалҳои мушаххас бо дарунмояи катак ё диапазони катакҳо пешбинӣ шудаанд. Масалан, тағйир додани ранг ва андозаи ҳарфҳоро бо ёрии ҳамин гуна тугмаҳо анҷом додан мумкин аст. Агар баъзе тугмаҳо амалҳои мувофиқро фавран иҷро кунанд, баъзеи дигарашон аз хидмати равзанаҳои робитавӣ истифода мебаранд. Дар мавриди ба болои

тугмаҳо овардани мушнамо «хабардиҳак» таъйиноти онҳоро дар экран инъикос менамояд;

тугмакалидҳо — барои аз ду ҳолати имконпазир интихоб намудани яке аз онҳо пешбинӣ шудаанд. Масалан, барои ғафс нишон додани матни катак аз тугмаи | ж | (ғафс — bold — полужирный)-и блоки Ҳуруф (Font — Шрифт)-и банди Асосӣ (Home — Главная)-и тасмаи афзорҳо истифода мебаранд. Барои лағви (бекор кардани) амал бошад, такроран ин тугмаро пахш кардан лозим аст.

тугмаҳои маҷмӯӣ. Агар дар тарафи рости тугма тирчаи хурди ба

поён нигаронидашуда (масалан, ) мавҷуд бошад, ин далолат ба тугмаи маҷмӯӣ будани он аст. Ҳангоми пахш кардани ин гуна тугма номгӯи зерафзорҳои афзори мазкур ва сатрҳои амрии

мухталиф фаъол гашта метавонанд. тугмаҳои комбинатсионӣ барои ало- қамандсозии дигар тугмаҳо ва кушодани рӯйхатҳо пешбинӣ шуда- анд. Масалан, тугмаи Ҷогузорӣ (Pa te — Вставить)-и Буфери мубодила (Clipboard — Буфер обмена)-и банди Асосӣ (Home — Главная)-и тасмаи афзорҳо мисоли ҳамин гуна тугма шуда метавонад.

байрақчаҳо барои фаъол ё ғайри- фаъол гардонидани ин ё он объект хизмат мерасонанд. Масалан, барои тӯрпӯш гардонидани варақи корй дар

майдончаи афзори Тӯр (Gridline  — Сетка)-и блоки Аён/Ноаён ( how/Hide — Показать/скрыть)-и банди Намо (View — Вид)-и тасмаи афзорҳо байрақча гузоштан кифоя аст.

Параметры листа

Дар қисми поёнии тарафи рости баъзе блокҳои тасмаи афзорҳо тугмаи тирчадоре мавҷуд аст, ки бо ёрии он равзанаи робитавии мувофиқро фаъол гардонида, ба экран баровардан

мумкин аст. Масалан, пахши ҳамин гуна тугмаи блоки Параметрҳои варақ (Параметры листа) ба фаъол гаштани равзанаи робитавии Параметрҳои саҳифа (Параметры страницы) меорад.

Дар поёни тасмаи афзорҳо сатри формулаҳо ҷойгир шудааст д | =А2+в2~^ ки он 5арОИ дар Катакҳои ҷадвал ворид сохтани ададҳо, матн ва формулаҳо пешбинӣ шудааст. Дар маркази равзана бошад, майдони кории Excel ҷойгир шудааст.

Тасмаҳои тобдиҳии уфуқӣ ва амудӣ барои намудор кардани он қисмҳои варақи корӣ, ки айни ҳол дар экран намоён нестанд, хизмат мерасонанд. Сатри вазъи барнома бошад, дар бораи ҳолати кунунии барнома иттилоъ медиҳад. Ин сатр сатри охирини равзана ба ҳисоб меравад. Тавре қайд кардем, дар катакҳои Excel яке аз се намуди иттилоот — ададӣ, матнӣ ё формулавиро ҷойгир менамоянд. Формулаҳо бо ёрии ададҳо, суроғаи катакҳо, номи функсияҳои стандартӣ ва аломати амалҳои л (бадараҷабардорӣ), * (зарб), / (тақсим), + (ҷамъ), — (тарҳ) ва % (ҳисобкунии фоиз) тартиб дода мешаванд.

ЭЗОҲ: Ҳангоми ба катак дохил намудани формула Excel ба таври худкор қимати онро ҳисоб менамояд ва натиҷаро дар ҳамон катак нишон медиҳад. Дар вақти тағйирёбии қимати катакҳои бо формула вобаста, натиҷаи ҳисобкунии формулавӣ низ тағйир меёбад.

Дар раванди кор бо ҷадвал ҳамеша яке аз катакҳои он фаъол (ҷорӣ) аст. Атрофи катаки фаъолро чоркунҷаи сиёҳ иҳота менамояд. Ин чоркунҷаро курсори ҷадвалӣ мегӯянд. Дар Excel аз се намуди диапазони катакҳо — сатрӣ, сутунӣ ва росткунҷавӣ истифода мебаранд.

Диапазони сатрӣ аз пайдарпайии катакҳои дар як сатр ҷойгирифта иборат аст. Вай ба воситаи суроғаи катакҳои аввалин ва охиринаш, ки бо аломати : (ду нуқта) аз ҳамдигар ҷудо шудаанд, ишорат карда мешавад. Масалан, диапазони

A1:F1 катакҳои A1, B1, C1, D1, E1, Ғ1-ро дар бар мегирад. Диапазони сутунӣ бошад, аз пайдарпайии катакҳои дар як сутун ҷойгиршуда иборат мебошад. Масалан, диапазони B2:B6 — катакҳои B2, B3, B4, B5, В6-ро дар бар мегирад. Диапазони росткунҷавӣ аз маҷмӯи катакҳои варақи корӣ, ки шакли росткунҷа дорад, иборат аст. Диапазони росткунҷавӣ ба воситаи суроғаи катакҳои дар аввал ва охири диагонали асосии он ҷойгирбуда ишорат карда мешавад. Масалан, диапазони A3:D5 — катакҳои A3, B3, C3, D3, A4, B4 ,C4, D4, A5, B5, C5, Р5-ро дар бар мегирад.

Дар таркиби Excel зиёда аз 100 функсияи стандартӣ, ба монанди  in(x), Co (x), Ln(x),  qrt(x) ва ғайра мавҷуданд. Яке аз функсияҳои зуд-зуд истифодашаванда — функсияи Сумм (диапазони катакҳо) аст. Ин функсия суммаи қимати катакҳои дипазонро ҳисоб менамояд.

Мисол:

Бигузор дар катаки A1 адади 234, дар A2 адади 456 ва дар A3 адади 789 ҷойгир шуда бошанд. Агар ба катаки A4 формулаи = Cvmm(A1 :A3) -ро дохил карда, тугмаи Enter-ро пахш намоем, он гоҳ ададҳои дар катакҳои A1, A2 ва A3 ҷойгирбуда бо ҳамдигар ҷамъ шуда, натиҷа дар катаки A4 нишон дода мешавад.

Саволҳо:

  1. Ҷузъҳои асосии равзанаи Excel кадомҳоянд?
  2. Вазифаи варақҳои китоби кории Excel аз чӣ иборат аст? Номи онҳо дар куҷо ҷойгир карда мешаванд?
  3. Чӣ тавр аз як варақи корӣ ба дигараш гузаштан мумкин аст?
  4. Шакли варақи корӣ чӣ гуна аст? Вай чанд сатр ва чанд сутун дошта метавонад?
  5. Шакли курсори ҷадвалӣ аз курсори матнӣ чӣ фарқ дорад?
  6. Кадом намудҳои диапазони катакҳоро медонед? Онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
  7. Иттилоотро дар варақи корӣ бо кадом тарзҳо ҷойгир намудан мумкин аст?

Супориш:

  1. Равзанаи барномаи Excel-ро кушоед ва ҷузъҳои онро муоина намоед.
  2. Парвандаи «Книга1»-ро бо номи нави «Дарси Excel» дар ҷузвдони худ сабт намоед.
  3. Мисолҳои дар мавзӯъ овардашударо муоина намоед ва онҳоро бо ёрии омӯзгор дар компютер иҷро кунед.

Варақи кории ҷориро «Мисолҳо», китоби кории ҷориро «Дарси машқ» ном гузоред ва онро дар ҷузвдони худ сабт кунед.

Маводҳои ҳамсон