Ҷадвали электронии OpenOffice Calc

Ба дигарон равон намоед

OpenOffice Calc яке аз барномаҳои озодасоси синфи ҷадвалҳои электронӣ буда, дорои имкониятҳои хеле зиёди ҳисоббарорӣ ва омодасозии санадҳои ҷадвалӣ мебошад. Ин барнома як қисми лоиҳаи OpenOffice-ро ташкил намуда, ҳамчун ҳамтои маҳсулоти тиҷоратии Microsoft Office сохта шудааст ва аз рӯйи имкониятҳои функсионалиаш амалан аз MS Excel ягон фарқе надорад. Системаи хеле осони маълумотдиҳанда ва ҳуҷҷатгузории таркибии муфассали барнома ба истифода- баранда имконият медиҳад, ки он ба зудӣ аз худ карда шавад.

Барномаи OpenOffice Calc бо ёрии фармони  office ба кор дароварда мешавад. Барои корбарӣ бо китоби кории мавҷуда аз банди Кушодан (Открыть)-и менюи Парванда (Файл) ва барои корбарӣ бо китоби кории нав — аз калиди Санади ҷадвали

электронӣ (Документ электронной таблицы)-и банди Сохтан (Создать)-и менюи Парванда истифода бурдан лозим аст.

Китоби корӣ ба таври пешфарз аз се варақи корӣ иборат аст. Миқдори варақҳои китоб, ном ва ҷойи онҳоро тавассути менюи зерматнӣ (пахши дукаратаи номи варақ бо тугмаи чап ё яккарата бо тугмаи рости муш) дар вақти дилхоҳ тағйир додан мумкин аст. Аз менюи зерматнӣ (контекстӣ) ҳангоми кор бо дигар объектҳои ҶЭ — катакҳо, сарлавҳаи сатру сутунҳо ва ғайра ба таври васеъ истифода мебаранд. Раванди дохилкунӣ, таҳрир ва формуласозӣ дар OpenOffice Calc ба мисли дигар барномаҳои пеш аз ин омӯхтаамон иҷро мегардад. Дар катакҳои ин ҶЭ иттилооти намуди ададӣ, формулавӣ, матнӣ, графикӣ ва ғайра- ро истифода бурдан мумкин аст. Қисми бутун ва касрии ададҳои ҳақиқиро дар ин ҷо низ бо ёрии вергул ҷудо мекунанд. Аломати нуқтаро дар иттилооти намуди матнӣ истифода мебаранд.

Ба ҳар як катак тавзеҳ (менюи Гузоштан — Вставка, банди Тавзеҳот — Примечания) илова кардан мумкин аст, ки ҳангоми

мушнаморо ба болои он овардан, ба таври худкор (агар дар менюи Маълумотнома — Справка калиди Хабардиҳак — Подсказка фаъол бошад) дар экран инъикос меёбад. Аз тавзеҳотӣ будани катак квадратчаи сурхи кунҷи рости болоии он дарак медиҳад. Агар дар менюи зерматнӣ банди Тавзеҳнамо (Показать примечания) фаъол бошад, он гоҳ вай доимо инъикос меёбад. Бо пахш кардани майдончаи тавзеҳот матни он барои таҳрир омода мегардад.

Форматбандии дарунмояи катак. Хусусияти барномаи OpenOffice Calc аз он иборат аст, ки вай ҳам имконияти истифодабарии қолабҳои пешакӣ додашуда ва ҳам эҷоди услубҳои форматбандии махсусро дорад. Барои иҷрои амали форматбандӣ банди Катаки менюи Формат ё равзанаи Хосиятҳои катак (Атрибуты ячейки), ки бо ёрии банди Формати катакҳо (Формат ячеек)-и менюи зерматнӣ кушода мешавад, хизмат мерасонанд. Тавассути тугмаҳои қабатии равзанаи Хосиятҳои катак параметрҳои форматбандиро тағйир додан мумкин аст.

Масалан, бо ёрии тугмаи қабатии Ададҳо (Числа) қолаби ададҳо ва Ҳуруф (Шрифт) — намуд, андоза ва ранги ҳарфҳоро ба танзим овардан мумкин аст. Тугмаи қабатии Радифбандӣ (Выравнивание) барои идора кардани тарзи росткунии дарунмояи катак нисбат ба сарҳадҳои дохилиаш хизмат мерасонад. Калидҳои Бо тарзи уфуқӣ (По горизонтали) ва Бо тарзи амудӣ (По вертикали) бошанд, росткунии дарунмояи катакро ба самтҳои мувофиқ таъмин менамоянд. Агар калиди Бо тарзи уфуқӣ дар реҷаи Стандарт бошад, он гоҳ қоидаҳои стандартии росткунӣ — ададҳо аз тарафи рост ва матн аз чап, омодаи кор мешаванд.

Тугмаи даврӣ барои муттасил тағйир додани хамии кунҷи матн ва тугмаи амудӣ — барои инъикоси амудии (сутунии) дарунмояи катак хизмат мерасонанд. Агар калиди Каниши сатр (Разрыв строки) фаъол бошад, он гоҳ ба каниш додани худкори сатр то канори катак иҷозат дода мешавад. Пахши ком- бинатсияи тугмаҳои Ctrl ва Enter низ ба иҷрои амали каниши сатр меоранд.

Бо ёрии фармони Муттаҳидсозии катакҳо+Муқаррар карда шавад (Объединить ячейки+Задать)-и менюи Формат якчанд катаки пешакӣ ҷудошударо якҷоя (пайваст) кардан мумкин аст. Баръакс, барои ба ҳолати аввалааш баргардонидани катаки

муттаҳида онро фаъол намуда, аз менюи Формат банди Бардошта шавад (Снять)-ро амалӣ кардан кифоя аст.

Мисоли 1:

Тарзи эҷод ва истифодаи услуби катакро дида мебароем. Бо пахши тугмаи F11 афзори Сабксоз (Стилист)-ро ба экран ҷеғ мезанем. Дар яке аз катакҳои ҷадвал матн ва дигараш — ададро дохил мекунем. Ададро ҷудо намуда, барои форматбандиаш ҷузъи Натиҷа (Результат)-и равзанаи сабкҳоро ду маротиба пахш менамоем.

Акнун сабки нав месозем. Матнро бо ёрии ҳарфҳои ғафси андозааш 20 пункт, рангаш кабуд ва заминааш сабз форматбандӣ мекунем. Тугмаи Сабки баргузида сохта шавад (Создать стиль из выбран- ного)-и афзори Сабксозро пахш менамоем ва дар равзанаи пайдошуда барои сабк ном интихоб мекунем, масалан, «Формати сарлавҳа». Агар тугмаи ОК-ро пахш кунем, сабки нав ба рӯйхати услубҳои мавҷуда ҳамроҳ карда мешавад. Акнун, барои татбиқ намудани ин сабк ба дигар катакҳо кифоя аст, ки пас аз ҷудокунии онҳо ду маротиба ба номи сабк таъсир расонем.

OpenOffice Calc вобаста ба вазъи муайян имконият медиҳад, ки услуби катакҳо ҳам дар реҷаи дастӣ ва ҳам худкор татбиқ карда шавад. Агар мо хоҳем, ки қисми иттилооти ҷадвал ба таври махсус, масалан, қиматҳои аз миёна боло бо ранги сабз, поён — бо ранги сурх ҷудо карда шаванд, он гоҳ мо бояд аз Форматбандии шартӣ (Условное форматирование) истифода барем. Ду тарзи худкорсозии форматбандии шартӣ мавҷуд аст.

Тарзи якум дар форматсози истифода бурдани формулаҳо мебошад. Масалан, формулаи

дар мавриди аз 3 калон будани қимати ҷорИ катакро бо ранги сурх пур мекунад ва дар ҳолати акс, ба катак сабки номаш «сабз»-ро мебахшад. Фарз карда мешавад, ки услубҳои қайдшуда пешакИ муайян карда шудаанд.

Тарзи дуюм истифодаи формати шартИ мебошад. Барои он ки катак ё диапазони катакҳои ҷудокардашуда формати муайянро қабул кунанд, бояд ҳамаи шартҳои (то се шарт) тавассути банди Форматбандии шартии менюи Формат дохилкардашуда иҷро гарданд. Ҳангоми тағйирёбии иттилоот услуби форматбандӣ низ ба таври худкор тағйир меёбад.

Мисоли 2:

Ҷадвали ададҳои тасодуфӣро месозем. Барои ёфтани адади тасодуфӣ аз фосилаи аз 0 то 1 функсияи =СЛЧИС() хизмат мерасонад. Барои аёнияти кор мо ададҳои бутуни аз 0 то 50-ро дида мебароем. Дар катаки чапи қисми болоии соҳаи интихобшуда формулаи =ЦЕЛОЕ(СЛЧИС()*50)-ро дохил мекунем. Ин формуларо дар якчанд катак ба самти уфуқИ нусхабардорӣ мекунем. Қатори уфуқии ададҳои тасодуфӣи ҳосилшударо ҷудо мекунем ва бо мақсади ҳосилкунии якчанд сатри ададҳои тасодуфӣ формулаҳоро ба поён нусхабардорӣ мекунем.

Акнун барои мисоли овардашуда ду услуби катак месозем. Услуби якум — услуби ҳамаи қиматҳои аз қимати миёна калони

катакҳо. Услуби дуюм — услуби ҳамаи қиматҳои аз қимати миёна хурди катакҳо.

Равзанаи Сабки катакҳо бояд намоён бошад. Ягон катаки холиро пахш карда, бо ёрии менюи зерматнӣ банди Формати катакҳоро интихоб мекунем ва формати катаки мазкурро бо номи «Боло» сабт менамоем. Айнан ҳамин тавр ин амалиётро такрор намуда, ба услуби дуюм номи «Поён» мегузорем.

Барои ёфтани шарте, ки вобаста ба он қиматҳои муайяни ҷадвал ҳар хел ташаккул меёбанд, аввал қимати миёнаи ҳамаи ададҳои тасодуфӣи ҷадвалро ҳисоб мекунем. Ба ягон катаки холӣ функсияи =СРЗНАЧ()-ро дохил мекунем. Курсорро ба дохили қавсҳо ҷойгир карда, тавассути муш ҳамаи ададҳои тасодуфӣро ҷудо ва формулаи ҳосилшударо ба қайд мегирем. Барои ба катакҳои ҷудокардашуда татбиқ кардани формат- бандии шартӣ аз фармони Форматбандии шартӣ истифода мебарем. Дар равзанаи робитавии пайдошуда ду шарт: (1) — агар қимати катак хурд ё баробари қимати миёна бошад, он гоҳ катак бо услуби «Поён» ва (2) — дар ҳолати акс, — услуби «Боло» форматбандӣ карда шавад. Акнун ҳангоми тағйирёбии қимати додаҳои ҷадвалӣ ба таври худкор форматбандии онҳо низ тағйир меёбанд. Пахши тугмаи F9 ба тағйирдиҳии маҷбурии (дастии) қимати катакҳо оварда мерасонад.

Саволҳо:

  1. OpenOffice Calc чӣ гуна барнома аст? Вай ҳамтои кадом барномаи тиҷоратии дастаи Microsoft Office мебошад?
  2. Барномаи OpenOffice Calc-ро бо ёрии кадом фармон ба кор даровардан мумкин аст?
  3. Барномаи OpenOffice Calc бо ҷадвалҳои KSpread ва Gnumeric чӣ умумият ва тафовут дорад?
  4. Миқдори варақҳои китоби корӣ, ном ва ҷойи онҳоро чӣ тавр дар равзана тағйир додан мумкин аст?
  5. Хусусияти фарқкунандаи услуби форматбандии ҶЭ OpenOffice Calc нисбат ба KSpread ва Gnumeric аз чӣ иборат аст?

Супориш:

  1. Бо ягон усул барномаи OpenOffice Calc-ро ба кор дароред ва умумияту тафовути ҷузъҳои равзанаи онро аз равзанаи барномаҳои KSpread ва Gnumeric ба қайд гиред.

Бо ёрии омӯзгори фан мисолҳои 1 ва 2-и дар матни мавзӯъ овардашударо дар компютер иҷро кунед.

Маводҳои ҳамсон