Ҷадвали электронӣ — воситаи асосии коркарди иттилооти ададӣ

Ба дигарон равон намоед

Ҷадвал — маҷмӯи сатрҳо ва сутунҳои муайяни ба ҳам алоқаманде мебошад, ки дар буриши онҳо катакҳо ҳосил мешаванд. Вазифаи асосии ҷадвалҳо — тасвиркунӣ ва коркарди ададҳо мебошад. Мисоли ин гуна ҷадвалҳо феҳристи баҳоҳои хонандагон ва феҳристи маоши кормандон шуда метавонанд. Вале бо мурури замон ҷадвалҳоро дар коркарди иттилооти ҳам ададӣ ва ҳам матнӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Масалан, тақвими сол, журнали синфӣ, ҷадвали дарсӣ, рӯйхат ва маълумоти гуногун оид ба хонандагон, номгӯи чорабиниҳо бо замону макони баргузориашон ва ғайра ҳамин гуна ҷадвал- ҳоянд. Баъдтар, одамон имкониятҳои ҷадвалҳоро васеътар намуда, дар онҳо иттилооти дилхоҳ — адад, матн, формула, расм, график ва ғайраро ҷой медодагӣ шуданд.

Дар баробари пайдоиши мошинҳои электронии ҳисоббарор усулҳои компютерии коркарди иттилооти ҷадвалӣ низ оғоз ёфт. Ҷадвалҳое, ки маҳз барои коркарди компютерӣ сохта мешуданд, ҷадвалҳои электронӣ ном гирифтанд.

Агар дар ҷадвалҳои маъмулӣ ҳисоббарориҳо бо додаҳои ададӣ ба таври дастӣ иҷро шаванд, пас дар ҷадвалҳои электронӣ онҳо ба таври худкор анҷом дода мешавад. Барои сохтан ва истифода бурдани ҷадвалҳои электронӣ синфи барномаҳои махсус хизмат мерасонанд, ки онҳоро протсессорҳои ҷадвалӣ меноманд.

Таърихи пайдоиши ҷадвалҳои электронӣ бо зуҳур кардани протсессори ҷадвалии Vi iCalc сарчашма мегирад. Барномаи Vi iCalc соли 1978 аз тарафи Ден Бринклин ва Боб Френкстон барои компютерҳои фардии Apple II сохта шудааст. Он солҳо ин барномаро ширкатҳои гуногун дар худкорсозии раванди ҳисоббарориҳои молиявии худ истифода мебурданд.

Воситаҳои электронии ҳисоббарор. Яке аз мақсадҳои асосии созандагони аввалин мошинҳои электронии ҳисоббарор ихтирои чунин таҷҳизоте буд, ки вай мебоист ҳисоббарориҳои якхелаи дилгиркунандаро бо суръати баланд иҷро карда тавонад. Ин мақсад ба зудӣ амалӣ гашт. Дар рӯзгори мо компютерҳое сохта шудаанд, ки онҳо метавонанд

ҳисоббарориҳои мураккабтаринро бо ҳаҷми хеле калони додаҳо ва суръати бениҳоят баланд иҷро намоянд. Барои ҳисоббарориҳои начандон душвор бошад, аз барнома- калкуляторҳо истифода мебаранд, ки онҳо аз рӯйи намуди экранӣ ва вазифаҳояшон ба калкуляторҳои муқаррарӣ хеле монанданд. Калкуляторҳои электронӣ дар ҳама СА мавҷуданд. Масалан, RCalc дар Linux ва Calculator дар MS Windows  аз қабили чунин барномаҳо ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои мухталиф дар қатори дигар воситаҳои ҳисоббарорӣ аз ҷадвалҳои электронӣ (ҶЭ) низ ба таври васеъ истифода мебаранд. ҶЭ дар фаъолияти иқти- соддонҳо, менеҷерҳо, риёзидонҳо, муҳандисон ва мутахас- сисони дигар соҳаҳо ба асбоби асоситарини ҳисоббарорӣ табдил ёфтаанд. ҶЭ имконият медиҳанд, ки заҳмати ҳисоббарориҳои душвори такроршаванда ва якхела бо исти- фодаи формулаҳои мувофиқ худкор гардонида шаванд. Ин ҷадвалҳо дорои функсияҳои гуногун мебошанд, ки дар ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, иқтисодӣ, математикӣ, оморӣ ва ғайра истифода мешаванд. Яке аз барномаҳои маъмултарини синфи ҷадвалҳои электронӣ Microsoft Excel ба ҳисоб меравад. Камбудии асосии ин барнома ба мисли СА Windows  аз он иборат аст, ки вай барномаи хусусӣ буда, озодона паҳн карда намешавад. Барномаи дигари хеле машҳур ва илова бар он бепулу озодасос — OpenOffice Calc аст, ки аз рӯйи имкониятҳояш аз M  Excel ягон монданӣ надорад.

Ҳар ду барнома низ ба таври хеле осон ҳисоббарориҳои ҷадвалиро иҷро, иттилооти пойгоҳи додаҳоро танзим ва натиҷаҳоро таҳлилу дар шакли диаграммаҳо инъикос менамоянд. Онҳо бо маҷмӯи васеи функсияҳои математикӣ ва молиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, параметрҳои ҳисобкуниҳои мураккабро ба таври худкор интихоб мекунанд.

Барномаҳои K pread (аз дастаи KOffice) ва Gnumeric низ ҷадвали электронианд. Ин барномаҳо дар муҳити СА Linux кор мекунанд. Барномаи K pread-ро барои навомӯзон ва Gnumeric- ро барои истифодабарандагони соҳибмалака тавсия медиҳанд.

Ҷадвалҳои электронӣ аз зумраи он маҳсулоти барнома- вӣ ба ҳисоб мераванд, ки бо онҳо ҳар як истифодабарандаи компютер хоҳу нохоҳ сару кор мегирад. Сарфи назар аз он ки вай бо кадом барномаи синфи ҷадвалҳои электронӣ кор мекунад, ҳамаи онҳо сохтори якхела ва тарзи истифодаи ба ҳам монанд доранд. Бинобар ин мо имкониятҳои функсионалӣ ва принсипи кори ҶЭ-ро дар шакли умумӣ меорем.

Ҷадвали электронӣ ба истифодабаранда варианти компю- терии ҳисоббарориҳоро дар шакли ба ном китоби корӣ пешниҳод менамояд. Китоб аз варақҳои кории номдор (ҷадвалҳо) иборат аст. Ҳар як варақ тавассути маҷмӯи катакҳо ташаккул меёбад, ки онҳо дар навбати худ, дар буриши сатру сутунҳои ҷадвал ҳосил мешаванд. Сутунҳо бо ёрии ҳарфҳои калони лотинӣ (A, B, …, Z, AA, …, AZ, …) ва сатрҳо бо ёрии ададҳо (1, 2, 3,…) рақамгузорӣ карда мешаванд. Ҳар як катак суроғаи хусусии худро дорад, ки бо ёрии номи сутуну рақами сатрҳо сохта мешавад (масалан, A1 ё D55). Шумо дар ин расм як қисми ҷадвали K pread-ро дида истодаед. Пеш аз он ки маълумот ба ягон катаки ҷадвал дохил карда шавад, бо пахши тугмаи чапи муш онро пешакӣ фаъол кардан лозим аст. Катаки фаъол (ҷудошуда) бо чорчубаи1 росташ квадратчадор фаро гирифта мешавад.

Ҷадвали электронӣ — воситаи пуриқтидори тасвир, табдил, коркард ва ирсоли иттилооти ададӣ дар катакҳо мебошад, ки онҳо дар буриши сатру сутунҳо ҳосил шудаанд.

Маълумотҳоро бевосита дар ҳамин гуна катакҳо ё сатри формулаҳо — сатри инъикоскунии ном ва дарунмояи катаки фаъол дохил кардан мумкин аст. Дар қисми чапи сатри формулаҳо майдончаи инъикоскунии номи катаки фаъол (дар расм С2), дар мобайн тугмаҳои амрии 2ll — бекоркунй ва kJ- тасдиқкунии фармон ва дар қисми рости сатр бошад, майдончаи дарунмояи катаки фаъол ҷойгиранд. Тасдиқкунии (ворид, таҳрир, ҳазф ва ғайра) фармонро бо ёрии пахши тугмаи

Enter-и сафҳакалид ё мушнамо (гузаштан ба дигар катаки ҷадвал) низ иҷро кардан мумкин аст.

Дар расмҳои зерин қисмати ҷадвалҳое оварда шудаанд, ки онҳо тавассути барномаҳои Gnumeric ва OpenOffice Calc сохта шудаанд.

Саволҳо:

  1. Кадом воситаҳои электронии ҳисоббарорро медонед?
  2. Оё шумо аз калкуляторҳои муқаррарӣ истифода бурдаед? Аз барнома-калкуляторҳо чӣ?
  3. Ҷадвалҳои электронӣ аз ҷадвалҳои муқаррарӣ чӣ фарқ доранд?
  4. Ҷадвалҳои электронӣ кадом вазифаҳоро иҷро менамоянд?
  5. Номи чанд ҷадвали эектрониро медонед?

Супориш:

  1. Барномаи KCalc-ро тавассути СА Linux ё Calculator-ро тавассути СА MS Windows  ба кор дароред ва тугмаҳои онҳоро аз назар гузаронида, тарзи корашонро бо ягон калкулятори муқаррарӣ муқоиса кунед.
  2. Мафҳумҳои асосии ҶЭ-ро номбар ва маънидод намоед.

Ягон ҷадвали электрониро ба кор дароред ва ҷузъҳои равзанаи онро омӯзед.

Маводҳои ҳамсон