Ҷадвалҳо дар санади HTML

Ба дигарон равон намоед

Дар ҷадвал (table) маълумоти бисёру мураккабро батезӣ ва осон овардан мумкин аст. Инчунин, дар бисёр ҳолатҳо ба воситаи ҷадвалҳо сохтори худи Web-саҳифаро муайян мекунанд. Намудҳои гуногуни чадвалҳои мураккабу содда мавҷуданд. Мисолҳоеро, ки дар поён меорем, ҳатман худ санҷида бинед ва фақат баъди бо чашми худ дидани натиҷа (яъне ҷадвали навбатӣ) ба таҳлили давоми дарс гузаред.

Ба ин ҷадвал назар кунед:

Пиёз45
Сабзи63
Картошка72

Ин ҷадвал аз 2 сутун ва 3 сатр иборат аст. Дар сутуни якум сарлавҳаҳо ва дар сутуни дуюм маълумотҳо навишта шудаанд.

Барои сохтани чунин ҷадвал, нависед:
1. <TABLE>
2. <TR> барои ташкили сатри ҷадвал.
3. <TH> барои ташкили катаки сарлавҳа.
4. Матни сарлавҳа.
5. </THбарои маҳкам намудани катаки сарлавҳа.
6. <TD> барои ташкили катаки маълумот.
7. Матни маълумот.
8. </TDбарои маҳкам намудани катаки маълумот.
9. </TRбарои маҳкам намудани сатр.
10. Нишондодҳои 2-9-ро барои ҳар як сатр ва катакҳои ин сатри ҷадвал такрор кунед.
11. </TABLE> барои ба итмом расонидани ҷадвал.

Ба ин ҷадвал нигаред:

ҶумъаШанбеЯкшанбе
456372

Ин ҷадвал аз 3 сутун ва 2 сатр иборат аст. Дар сатри якум сарлавҳаҳо ва дар сатри дуюм маълумотҳо навишта шудаанд.

Барои сохтани чунин ҷадвал, нависед:
1. <TABLE>
2. <TR> барои ташкили сатри ҷадвал.
3. <TH> барои ташкили катаки сарлавҳа.
4. Матни сарлавҳа.
5. </THбарои маҳкам намудани катаки сарлавҳа.
6. Нишондодхои 3-5-ро барои хар як сарлавха такрор кунед.
7. </TRбарои маҳкам намудани сатри сарлавҳа.
8. <TR> барои ташкили сатри чадвал.
9. <TD> барои ташкили катаки маълумот.
10. Матни маълумот.
11. </TD>
12. Нишондодҳои 9-11-ро барои ҳар як катаки маълумот такрор кунед.
13. </TRбарои маҳкам намудани сатри маълумот.
14. </TABLE> барои ба итмом расонидани ҷадвал.

Барои ташкили сарҳадҳои ҷадвал, нависед:
1. Дохили теги кушояндаи TABLE, пеш аз >:
BORDER
[2]. =n, ки дар ин ҷо n — ғафсии сарҳад дар пикселҳо.
3. >

Ба ин ҷадвал нигаред:

Фурӯши маҳсулот
ҶумъаШанбеЯкшанбе
Пиёз456372
Сабзӣ557378
Картошка473418

Ин ҷадвал аз 4 сутун ва 4 сатр иборат аст. Дар сатри якум ва сутуни якум — сарлавҳаҳо ва дар катакҳои дигар маълумотҳо навишта шудаанд.

Барои сохтани чунин ҷадвал, нависед:
1. <TABLE>
2. <TR> барои ташкили сатри ҷадвал.
3. <TH><BR></TH> барои ташкили катаки холии сутуни якум.
4. <TH> барои ташкили катаки сарлавҳа.
5. Матни сарлавҳа.
6. </TH>
7. Нишондодҳои 4-6-ро барои ҳар як сарлавҳа такрор кунед.
8. </TRбарои маҳкам намудани сатри якум.
9. <TR> барои ташкили сатри минбаъдаи ҷадвал.
10. <TH> барои ташкили катаки сарлавха.
11. Матни сарлавха.
12. </TH>
13. <TD> барои ташкили катаки маълумот.
14. Матни маълумот.
15. </TD>16. Нишондодҳои 12-14-ро барои ҳар як катаки маълумот такрор кунед.
17. </TRбарои маҳкам намудани сатр.
18. Нишондодҳои 9-17-ро барои ҳар як сатри ҷадвал такрор кунед.
19. </TABLE> барои ба итмом расонидани ҷадвал.

Барои ташкили сарлавҳаи ҷадвал, нависед:
1. Бевосита баъди теги кушояндаи TABLE, пеш аз тегҳои дигар:
<CAPTION
[2]. ALIGN=x, ки дар ин ҷо x метавонад, ки яке аз қиматҳои topbottomleftright-ро қабул кунад.
3. >
4. Матни сарлавҳаи ҷадвал.
5. </CAPTION>.

Ҷадвалро аз рӯи сатрҳояш ба се гуруҳи зерин ҷудо кардан мумкин аст: THEAD, TBODY, TFOOT. Яъне гурӯҳбандии горизонталии ҷадвал имконпазир аст, масалан:

ҶумъаШанбеЯкшанбеҲамагӣ
Пиёз15152050
Сабзӣ25103368
Картошка18251558
Ҳамагӣ585068176

Барои гурӯҳбандии сатрҳои ҷадвал, нависед:
1. Пеш аз теги TR-и сатри аввалини ба гурӯҳ дохилшаванда:
<THEAD, <TBODY ё <TFOOT
[2]. Хосиятҳо, ба мисоли BGCOLOR, ALIGN, STYLE.
3. >
4. Баъди сатри охирони ба гурӯҳ дохилшаванда, барои маҳкам кардани гурӯҳ:
</THEAD>, </TBODY> ё </TFOOT>
мувофиқан ба оне ки дар нишондоди 1 интихоб шуда буд.

Ҳакимов Раҳматҷон

Манба:   oftob.com

Маводҳои ҳамсон