Ҷисм. Модда. Майдон. Ҳаюло (Материя)

Ба дигарон равон намоед

Дар баёноти илмӣ, аз ҷумла дар баёнҳои физикӣ дар баробари калимаҳои маъмулӣ истилоҳҳо ном вожаҳое низ истеъмол мешаванд, ки бори маънавии муайян бар дӯш доранд. Фарҳангҳои физикии муосир даҳҳо ҳазор истилоҳро дар бар мегиранд — ҷисм, модда, кор, қувва, тавон, нерӯ, суръат, ҳаракат, шитоб ва ғ.

Калимае, ки ба сифати истилоҳ пазируфта мешавад, бар хилофи вожаи муқаррарӣ бояд танҳо як маъниро ифода кунад, то ки хонанда гоҳи дар ин ё он матн дидани он ҳайрон намонад, ки ин калима ин ҷо ба чӣ маънӣ омада бошад. Чунончи, калимаи ҷисм, ки дар забони омма маънии тан, бадан, пайкар, ҷасад ва инчунин маънии колбуд дорад, дар физика ба маънии чиз, ба маънои ҳар чизи алоҳидае омада метавонад, ки шаклу ҳаҷми муайян дорад ва қисми муъайяни фазоро ишғол мекунад.

Модда чизест, ки ҷисмҳо аз он сохта мешаванд. Чунончи, об модда аст. Аммо чакраи об ба ҷумлаи чисмҳои физикӣ дохил мешавад. Чумчаи чӯбин ҷисм аст, валекин чӯберо, ки чумча аз як пораи он сохта шудааст, модда номидан мебояд. Аммо ҳамон чӯб, агар мо онро ба сифати дастак, болор (рав) ё тири ҷувоз истифода карданӣ бошем, бояд ба ҷумлаи ҷисмҳо дохил карда шавад.

Моддаҳо сохтори зарра-зарра доранд, яъне аз зарраҳои алоҳида таркиб ёфтаанд. Зарраҳоеро, ки моддаҳо аз онҳо таркиб меёбанд, чунон ки гуфтем, молекула меноманд. Молекулаҳо хурдтарин зарраҳоеанд аз ин ё он модда, ки ҳама хосиятҳои кимиёии он моддаро дар худ таҷассум мекунанд. Молекулаҳоро низ зарра номидан то дараҷае шартист, зеро инҳо ҳам, чунон ки гуфтем, “дарун доранд”, мураккабанд — онҳо аз атомҳо ном зарраҳои хурдтар таркиб ёфтаанд. Ҳар як молекула аз як, ду, се ё зиёда атоми якхела ё гуногун таркиб меёбад. Атомҳо андаруни молекулаҳо бо якдигар ба василаи робитаҳои кимиёӣ алоқаманданд.

Маҷмӯи атомҳои як навъи муайянро унсури кимиёӣ мегӯянд. Адади унсурҳои то ҳол кашфшуда ва унсурҳое, ки бо роҳи сунъӣ сохта шудаанду ном дода шудаанд, ба 126 мерасад.

Моддаву майдонро якҷоя ҳайуло (материя; matter) мегӯянд.

Моддаҳо сода ва мураккаб буда метавонанд. Моддаҳои сода онҳоеанд, ки аз ҳамон як навъ унсури кимиёӣ (аз ҳамон як навъи атомҳо) иборатанд. Моддаҳои мураккаб (пайвастагиҳои кимиёӣ) аз атомҳои ба тарзи кимиёӣ ба ҳам алоқаманди ду ё зиёда унсур таркиб меёбанд. Ҷузъи таркибдиҳандаи моддаҳо — молекулаҳо якатома (монанди алумин Al, тилло Au ва ғ.), дуатома (чун ҳидроген Н2, оксиген О2 ва ғ.), сеатома (озон О3, об Н2О ва ­ғ.), чандатома (турушаи сулфат H2SO4 ва ғ.) ва ҳ. буда метавонанд.

Моддаҳое низ ҳастанд (монанди сафедаҳо), ки молекулаҳои онҳо то садҳо ҳазор атом доранд.

Миқдори молекулаҳои ин ё он ҷисмро аз рӯйи ҳачм ва мас­са (чирм)-и онҳо ёфтан мумкин аст.

Яке аз мафҳумҳои физикии дигар мафҳуми «майдон» аст. Майдон дар физика ба маънои соҳае фаҳмида мешавад, ки дар он қувва зоҳир мегардад. Майдон навъҳои гуногун дорад майдони магнитӣ, майдони электрикӣ, майдони ҷозиба ва ғ.

Мавҷудияти майдонро аз рӯйи таъсире ошкор сохтан мумкин аст, ки аз тарафи ин майдон ба ҷисми дар он воридшуда оварда мешавад. Чунончи, агар ҷисмеро аз рӯйи Замин боло бардошта, раҳо кунем, рост сӯйи поён меафтад — ин афтидан далел аст, ки Замин чозиба, майдони ҷозиба дорад ва ҷисмро бо қувваи муайяне сӯйи маркази худ ҷазб мекунад. Навъи дигари майдон майдони электромагнитӣ мебошад, ки атомҳову молекулаҳои моддаро бо якдигар робита медиҳад. Ҳамин майдони электромагнитӣ аст, ки ҳосил кардан ва густариш додани радиомавҷҳоро имконпазир мегардонад. Дар ин замина мо имкон пайдо мекунем, ки радио бишнавем ё телевизион тамошо кунем.

  1. Инҳо ҷисманд ё модда: тилло, танга, калам, оҳан, сим, тир, ҳаво, мис, абр, оҳак?
  2. Инҳо моддаанд ё падида (ҳодиса): барфбод, тирукамон, раъду барқ, жола, арзиз, алкул (спирт), барф, маска, шафак, мисгарӣ ва оҳангарӣ, об, обхезӣ.
  3. Аз чӯб чӣ гуна чизҳо (ҷисмҳо) сохта мешавад? аз оҳану чӯян чӣ? аз барф чӣ?

Маводҳои ҳамсон