Ҷойгузин ва нусхабардории объект

Ба дигарон равон намоед

Технологияҳои ҷойгузин ва нусхабардорӣ кардани объектҳои графикӣ аз объектҳои навъи дигар, масалан, матнӣ ягон фарқи ҷиддие надоранд. Дар ин маврид низ барои иҷрои ин амалҳо ҳамон афзорҳое истифода бурда мешаванд, ки маъмулан барои нусхабардорӣ ё ҷойгузин кардани ҳар гуна объектҳо ё ягон қисми алоҳидаи онҳо пешбинӣ шудаанд.

Новобаста ба ин, мо дар ин мавзӯь ба таври муфассал доир ба технологияҳои нусхабардорӣ кардан ё буридани объектҳои графикӣ ва ба мавқеъи дигар гузоштани онҳо ва инчунин бо мақсади тағйирдихд ва коркарди минбаъдаи объектҳои тайёр, технологияҳои ба майдони кории виростори графикӣ кӯчонидани ин гуна тасвирҳоро двда

мебароем.

Афзорҳои асосии корбарӣ барои Буридан (Вырезать), «Нусхабардорӣ кардан» (Копировать), Гузоштан (Вставить) ва Кӯчонидан (Вставить из) дар блоки «Буфери мубодила»

(Буфер обмена)-и тасмаи абзори

банди Асосӣ (Главная)-и менюи барномаи Paint ҷой дода шудаанд. Вазифаҳои афзорҳои зикршударо бо пахши якҷояи тугмаҳои алоҳидаи сафҳакалид низ иҷро кардан мумкин аст:

  • «Ctrl» ва «С» — нусхабардорӣ кардан;
  • «Ctrl» ва «X» — буридан;
  • «Сtr1»ва«V»-гузоштан.

Фарқи байни амалҳои нусхабардорӣ ва буридан дар он аст, ки ҳангоми нусхабардорӣ кардани объект ё қисми он иттилооти нусхагирифташуда ба буфери мубодила интиқол дода шуда, худи объект ё қисми он (нусхаи асл) дар ҷойи аввалааш боқӣ мемонад. Ҳангоми буридан (қайчӣ кардан)-и объект ё қисми он бошад, иттилооти буридашуда пурра ба буфери мубодила интиқол дода шуда, нусхаи асл дар ҷойи аввалааш боқӣ намемонад. Иттилооти дар буфери мубодила маҳфузбуда (объекти нусхагирифташуда ё буридашуда)-ро ба миқдори дилхоҳ маротиба ба соҳаи расмкашии майдони кории виростори графикӣ гузоштан имконпазир мебошад.

Барои он ки мо амалҳои нусхабардорӣ ва буриданро татбиқ карда тавонем, бояд аввал объекти корӣ ё қисми онро ҳатман ҷудо намоем. Масалан, бигузор бо объекти стандартии шашкунҷа амалҳои номбурдаро татбиқ кардан зарур бошад.

Аз усули нусхабардорӣ истифода бурда, бо ёрии афзори «Нусхабардорӣ кардан» нусхаи шашкунҷаро ба буфери мубодилаи системаи амалиётӣ равона месозем. Баъд, аз буфери мубодила бо ёрии афзори Гузоштан пай дар пай, 14 маротиба, нусхаи объекти шашкунҷаро ба соҳаи расмкашии майдони

кории виростори графикӣ мегузорем ва онҳоро аз рӯйи низом дар се қатор ҷойгир менамоем.

Натиҷаи амалҳои нусхабардории шашкунҷа ва гузоштани нусхаи он дар расми поёнӣ инъикос гардидааст.

Акнун, қисми болоии пайдарпайии чор шашкунҷаи (аз дуюм то панҷум) расми болоиро интихоб ва ҷудо намуда, бо истифода аз афзори Буридан онҳоро ба буфери мубодила равона месозем. Пас аз он, иттилооти буфери мубодиларо бо тарзи дар расми поёнии аз тарафи чап овардашуда, дар соҳаи расмкашии виростор дар чор қатор ҷойгир менамоем.

Дар қисми мобайнии расми поёнӣ натиҷаи амалкарди афзори «Тобдиҳӣ ба 180°» бо тасвири ҳосилшуда ва дар тарафи рости расми поёнӣ бошад, амалкарди ҳамин афзор ҳангоми ба 90° ба чап тоб додани тасвири зикршуда оварда шудаанд.

Ҳоло бо технологияи ба соҳаи расмкашии майдони кории виростори графикӣ кӯчонидани тасвирҳои тайёр (парвандаҳои графикӣ) шинос шуда, тарзи тағйирдихӣ ва коркарди онҳоро дида мебароем.

Кучонидани тасвирҳои таиер ба соҳаи расмкашии Paint бо ёрии афзори Кӯчонидан (Вставить из)-и блоки «Буфери мубодила»-и тасмаи абзори банди Асосии менюи виростс амалӣ гардонида мешавад. Барои ин кифоя аа Кӯчонидан интихоб ва пахш карда шавад. Дар экран равзанаи робитавии Кӯчонидан (Вставш мешавад (расми поёнӣ, аз чап).

Равзанаи мазкур имконияти дастрасиро ба захираҳои графикӣ (мусавваравӣ)-и тамоми барандагони иттилооти (дискҳои) дохилӣ ва берунии компютер ва инчунин шабакаи Интернет таъмин менамояд. Тарзи истифодаи ин равзана аз равзанаҳои робитавии Кушодан (Открыть) ва «Сабткунӣ ҳамчун» (Сохранить как) ягон фарқе надорад.

Пас аз интихоб ва кушодани ҷузвдони зарурӣ, номгӯи парвандаҳои (мусаввараҳои) он дар майдони кории ҷузвдон

намудор мегарданд. Бо пахш кардани парвандаи зарурӣ, номи он дар майдончаи мувофиқи равзана пайдо мешавад. Пас аз он, барои татбиқ намудани амали кӯчониш, бояд тугмаи амрии Кушодан (Открыть)-и ҷузвдонро пахш намоем.

Бо пахши тугмаи амрии Кушодан мусаввараи интихобшуда дар соҳаи расмкашии майдони кории виростори графикӣ пайдо мегардад. Ба сифати мисол, аз як ҷузвдони компютер ба соҳаи расмкашии Paint мусаввараи мақбараи асосгузори адабиёти муосири тоҷик — устод Садриддин

Айнӣ кӯчонида шудааст (расми болой, тарафи рост).

Тарзи тағйирдиҳӣ ва коркарди минбаъдаи мусаввараи тайёр, айнан ба мисли объектқои блоки Шакҳо (Фигуры)-и тасмаи абзори виростори графикӣ мебошад.

Саволҳо:

1.Технологияҳои ҷойгузин ва нусхабардорӣ кардани объектҳои графшсӣ аз объектҳои навъи дигар чӣ фарқ доранд?

2.0ё шумо тарзҳои нусхабардорӣ кардан ва буридани объектҳои графикӣ ва ба мавқеъи дигар гузоштани онҳоро медонед?

  • Технологияҳои ба соҳаи расмкашии майдони кории виростори графикӣ кӯчонидани мусаввараҳо чигунаанд?
  • Амалҳои нусхабардорӣ кардан ва буридапи объектҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи «Paint»-po кушоед ва бо афзорҳои ҷойгузин ва нусхабардорӣ кардани объектҳои графикӣ шинос шавед.
  2. Амалҳои расмкашии дар мавзӯъ нишондодашударо дар компютер мустақилона иҷро кунед ва натиҷаҳоро бо номи «Расмҳои шашуми ман дар Paint» сабт намоед.

Маводҳои ҳамсон