Ҷузвдони компютерӣ

Ба дигарон равон намоед

Ҷузвдони комтотерӣ низ ба мисли парванда манбаъи иттилоот аст. Дар ҷузвдон парвандаҳо ва ҷузвдонҳои дигар нигоҳ дошта мешаванд. Ҷузвдонҳои дохили ҷузвдони мушаххасро зерҷузвдощои он мегӯянд. Тарзи нигаҳдории парвандаву зерҷузвдонҳо дар ҷузвдон ихтиёрӣ мебошад. Ҳар як истифодабарандаи компютер метавонад бо таври ба худ хос зерҷузвдонҳо ва парвандаҳои худро дар ҷузвдон ҷойгир кунад. Дар як ҷузвдон парвандаҳои навъҳои гуногун (матнй, графикӣ, мусиқй, видеоӣ ва ғайра)-ро ҷамъ овардан мумкин аст. Аммо ҷузвдон, пеш аз ҳама, барои ба танзим овардани иттилоот, яъне парвандаҳо ва зерҷузвдонҳои дохилй, сохта мешавад.

Ҳар як ҷузвдон айнан ба мисли парвандаҳо ном ва андоза дорад. Аммо дар номи чузвдон қисми иловагӣ вуҷуд надорад. Ҷузвдонҳои компютериро ба ду гурӯҳи калон чудо кардан мумкин аст: ҷузвдонҳои системавӣ ва ҷузвдощои хусусии истифодабарандагони компютер.

Ҷузвдощои системавӣ чузвдонҳое мебошанд, ки онҳо пешакӣ дар компютер насб гардидаанд. Ин гуна чузвдонҳо аз тарафи ширкатҳои пешкашкунандаи барномаҳои системавӣ, масалан, ширкати Microsoft, ба истифодабарандагони компютерҳо дастрас карда мешаванд. Масалан, чузвдонҳои «Ҳамин компютер» ва «Сабад», ки доимо дар мизи кории компютер омодаи кор мебошанд, мисоли ҷузвдонҳои системавӣ шуда метавонанд.

Умуман, агар шумо чузвдони «Ҳамин компютер»-ро кушода, аз дохили он диски «С:»-ро интихоб кунед ва кушоед, он гоҳ дар равзанаи диски мазкур танҳо номгӯйи чузвдонҳоеро мебинед, ки ҳамаи онҳо ба ҷузвдонҳои системавии компютер мансуб мебошанд. Азбаски пахши диски «С:»-и компютер ба кушодашавии равзанаи ҳамномаш меоварад, пас, аз ин ҷо

маълум мегардад, ки худи диски «С:» низ яке аз ҷузвдонҳои системавии компютер буда, номаш кӯтоҳакак «С:» будааст. Тасвири графикии сохтори зикршударо дар расми поёнӣ дидан мумкин аст.

Ҷузвдоҳои хусусии истифодабарандагони компютер ҷузвдонҳое мебошанд, ки онҳо аз тарафи худи истифода- барандагон сохта мешаванд. Ин гуна ҷузвдонҳо аз тарафи соҳибони худ ба таври ихтиёрӣ номгузорӣ шуда, дар дохили ягон ҷузвдон, масалан диски «Б:»-и компютер ё «Мизи корй»- и он нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, ҷузвдонҳои «Китобҳо», «Санадҳо», «Сурудҳо», «Бозиҳо» ва ғайра мисоли ҷузвдонҳои хусусии истифодабарандагони компютер мебошанд.

Гуфтаҳои болоӣ ва мафҳумҳои «парванда»-ву «ҷузвдон»- ро бо ёрии мисоли зерин мустаҳкам менамоем. Агар шумо лаҳзае номи худро «Хонанда» гузошта, ҳамчун диски винчестери компютер тасаввур кунед, он гоҳ ба зудӣ дармеёбед, ки шумо «барандаи иттилоот» мебошед. Акнун, ҷузвдони мактабии худро ҳамчун ҷузвдони комютерӣ бо номи

«Дарсҳо» тасаввур кунед. Бо ҳамин тарз андешарониро давом дода, қисмҳои дохили ҷузвдони мактабии худро ҳамчун зерҷузвдонҳои компютерӣ таҳти номҳои «Технологияи иттилоотӣ», «Физика», «Математика», «Суруд ва мусиқй» ва «Расмкашй» ба қайд гиред. Дар чунин ҳолат китобу дафтарҳои шуморо ба сифати парвандаҳои компютерии андозаҳои гуногундошта қабул кардан мумкин аст.

Масалан, дафтари фанни технологияи иттилоотиро ҳамчун парвандаи матнии «Дафтари TH.doc» тасвир кардан мумкин аст. Дар ин маврид, «Дафтари ТИ» — номи асосии парванда ва «.doc» — номи иловагии парвандаро ифода менамоянд. Агар дафтари мазкур аз 96 сахифа иборат бошад, пас андозаи парвандаи «Дафтари TH.doc» тақрибан 96 килобайтро ташкил медиҳад.

Китоби дарсии технологияи иттилоотиро низ ҳамчун парвандаи матнй, таҳти номи «Китоби TH.doc», ба қайд гирифтан мумкин аст. Албатта, дар ин маврид пешакӣ маълум аст, ки андозаи ин китоб нисбат ба андозаи дафтари фанни мазкур метавонад хеле калон бошад. Зеро на танҳо микдори саҳифаҳои китоб аз дафтар зиёдтар аст, балки навъи иттилооти дар он маҳфузбуда (матн, расм, ҷадвал ва ғайра) низ метавонад аз иттилооти дафтарӣ бисёртар бошад. Аз ин рӯ агар андозаи парвандаи «Дафтари TH.doc» ба 96 килобайт баробар бошад, пас андозаи парвандаи «Китоби TH.doc» метавонад тақрибан 100 мегабайтро ташкил диҳад.

Айнан ҳамин тавр дар дигар қисмҳои ҷузвдони мактабй, яъне зерҷузвдонҳои компютерй, метавонанд китобу дафтарҳои мувофиқ, яъне парвандаҳои ҳамҷинс ҷойгир карда шаванд. Масалан, дар зерчузвдони «Суруд ва мусиқй» — парвандаи (дафтари) савту садоии «Нотаҳо.шрЗ» ва парвандаи мусиқии (китоби) «Китоби nmaxo.wav», дар зерчузвдони «Расмкашй» бошад, парвандаҳои графикии (варақҳои алоҳидаи албоми

расмкашй) «Расми1.Ьшр», «Расми2.Ьшр», «РасмиЗ.Ьтр» ва парвандаи барномавӣ (қуттии рангҳо)-и «Рангҳо.ехе» метавонанд ҷойгир карда шаванд. Бо ёрии парвандаи «Рангҳо.ехе» пар- вандаҳои навъи «.bmp»-po сохтан ва таҳрир кардан мумкин аст.

Ба ғайр аз ин, дар худи ҷузвдони «Дарсҳо» (яъне, ҷузвдони мактабй) низ бевосита баъзе парвандаҳоро нигоҳ доштан мумкин аст. Масалан, ҳамин гуна парванда метавонад парванда-барномаи «Нон бо ҳасиб.ехе» (яъне хӯроки пеш- тайёри хонагй) бошад. Дар ҳақиқат, гарчанде маводди хӯрока мантиқан бо дарсҳои технологияи иттилоотӣ ё расмкашӣ ва ё физика ягон алоқамандӣ надошта бошад ҳам, он ҷузъи ҳатмии дарсҳо ба ҳисоб меравад, чунки бе истеъмоли хӯрок фаҳмидани дарсҳо бисёр душвор мегардад.

Саволҳо:

  1. Ҷузвдони компютерӣ чист? Ҷузвдони системавӣ чй? Зерҷузвдон чй?
  2. Ҷузвдонҳои хусусии истифодабарандагони компютер аз ҷузвдонҳои системавӣ чӣ фарқ доранд?
  3. Ҷузвдонҳои дискҳои компютер чӣ тавр номгузорӣ карда мешаванд? Дигар чузвдонҳо чй?
  4. Вазифаи чузвдон аз чӣ иборат аст?
  5. Ҷузвдон аз парванда чӣ фарқ дорад?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат мутолиа кунед ва дар мавзӯи «Ҷузвдонҳои компютерй» нақли хаттӣ нависед.
  2. Ба мисли чузвдони «Дарсҳо» ва зерчузвдонҳову парвандаҳои дохили он, ки дар ҳамин мавзӯъ баён шудаанд, ҷузвдоне созед ва онро дар диски «Б:»-и компютер ба қайд гиред.

Маводҳои ҳамсон