Ҷузвдони «компютер»

Ба дигарон равон намоед

Тавре аз мавзӯи гузашта медонем, ҷузвдони системавии «Компютер» барои нигахдорӣ, азназаргузаронӣ ва идоракунии барандагони иттилооте, ки дар компютери мазкур насб гардиданд, пешбинӣ шудааст. Азбаски ҳар гуна иттилоот, барнома ва додаҳои компютерӣ ба воситаи ҳамин барандагони иттилоот дастрас карда мешаванд, бинобар он, бо ёрии ин ҷузвдон тамоми сахтафзор ва нармафзори компютерро идора, танзим ва мавриди истифода қарор додан мумкин аст. Танҳо аз номи ҷузвдон — «Компютер» низ ҳувайдост, ки он муаррифгари тамоми имкониятҳои компютер мебошад.

Номи ин ҷузвдони системавӣ, вобаста аз гунаи системаи амалиётии дар компютер насбгардида, метавонад каме аз ҳамдигар фарқ дошта бошад: «Компютер», «Компютери ман», «Ҳамин компютер» ва ғайра. Дар расми поёнӣ ду тарзи инъикоси ҷузвдони системавии «Ҳамин компютер» (дар намудҳои тахтача (плитка) ва нишонаҳои бузург) дар мизи кории СА Windows 10 оварда шудааст.

Ҷузвдони система- вии «Ҳамин ком- пютер»-ро ба воси- таи ду объекти СА (мизи корӣ ва менюи асосӣ) ва бо ду тарз кушодан имконпазир аст:

  • Пахши дукаратаи тугмаи чапи муш ба нишонаи «Ҳамин компютер»-и мизи кории система;
  • пахши яккаратаи тугмаи чапи муш ба банди

«Ҳамин компютер»-и номгӯи барномаҳои лавҳаи рости менюи асосии система;

Агар дар мизи кории СА нишонаи «Ҳамин компютер» мавҷуд набошад, он гоҳ тамғаи нишонаи онро бо ёрии амали «кашолакунӣ» аз менюи асосии система дастрас ва ҷогузорӣ кардан мумкин аст.

Ба сифати барандагони иттилооти ҷузвдони системавии «Ҳамин компютер» хотираҳои дохилӣ — асосан диски винчестер ва берунӣ — дискҳои сахти озод, CD, DVD RW, USB-воситаҳо (флэшкортҳо ва дигар барандагони озоди иттилоот) баромад мекунанд. Барандагони иттилоот бо ёрии нишонаҳо ё тамғаҳояшон кушода мешаванд.

Ҷузвдони «Ҳамин компютер» ба воситаи объектҳои худ дастрасиро ба тамоми парвандаҳои дар хотираи компютер нигаҳдоришаванда таъмин менамояд. Пахши дукаратаи муш дарунмояи объекти дилхоҳи ин ҷузвдонро дар экран инъикос менамояд.

Одатан винчестери компютер ба ду диски мантиқӣ (дискҳои маҳаллии «С:» ва «D:») тақсим карда мешавад. Диски маҳаллии «С:» диски системавӣ ном дошта, барои нагахдории маҷмӯи барномаҳои системаи амалиётӣ ва дигар барномаҳои системавӣ пешбинӣ шудааст. Дар диски мазкур нигоҳ доштани парвандаҳои хусусӣ иҷозат дода намешавад. Дар диски маҳаллии «D:» бошад, асосан иттилооти истифодабарандаи компютер (барномаҳои касбй, барномаҳои хидматӣ, бозиҳо, забонҳои барномасозӣ, санадҳо, китобҳо, расмҳо, суруду мусиқӣ, видеофилмҳо ва ғайра) нигоҳ дошта мешаванд.

Номи системавии барандаи берунаи итгилооти DVD/CD-RW — дискдони «Е:» буда, ба воситаи он иттилооти дискҳои мувофиқи DVD ё CD дида ё сабт карда мешавад. Дигар ҳамаи барандагони озоди иттилоот ба компютер ба воситаи бандарҳои навъи USB пайваст карда мешаванд. Ба онҳо система ба таври худкор, мувофиқан, номҳои «Ғ:», «G:», «Н:», «I:» ва ғайраро мегузорад.

 Барои фаҳмидани ғунҷоипш умумӣ ва андозаи фазои холии дастраси барандаи итшлоот, кифоя аст, ки объектҳои кории равзанаи ҷузвдони системавии «Ҳамин компютер»-ро бо ёрии зербанди Дарунмоя (Содержимов)-и банди Намо (Вид)-и менюи ҷузвдон батанзим орем. Равзанаи ҷузвдон намуди дар расми поёнӣ овардашударо мегирад.

Барои дастрас намудани иттилооти бепггари судманд оид ба барандаи иттилоот, мушнаморо ба болои нишонаи объект гузоптга, тугмаи рости мушро пахш кардан лозим аст. Баъд аз он, дар менюи матнии кушодашуда банди Хосияҳо (Свойства)-ро интихоб ва пахш кардан лозим аст. Дар натиҷа, масалан, барои диски системавии «С:», равзанаи робитавии дар расми тарафи рост оварда- шуда пайдо мешавад. Бо ёрии афзорҳо ва имконият-

ҳои равзанаи мазкур, натанҳо дар бораи ғунҷоиш, қисмҳои

 банд ва озоди барандаи иттилоот маълумоти заруриро дастрас кардан, балки объектро аз иттилоот пурра холӣ (форматсозӣ) намудан, намуди зоҳирии нишонаи объектро тағйир додан, навъи объект ва ба кадом системаи парвандаӣ тааллуқ доштани онро муайян кардан, иттилооти дар объект маҳфузбударо фишурдан ва дигар амалҳои ба он алоқамандро иҷро кардан мумкин аст.

Тамоми маълумоти заруриро оид ба тарзи корбарӣ бо ҷузвдони системавии «Ҳамин компютер» тавассути низоми «Маълумотнома»-вии равзанаи ҷузвдони мазкур дастрас намудан имконпазир мебошад.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои ҷузвдони системавии «Компютер» аз чӣ иборат аст? Онро чӣ тавр кушодан мумкин аст?
  2. Кадом объектҳо, — барандагони иттилооти ҷузвдони системавии «Компютер» шуда метавонанд?

З.Объектҳои ҷузвдони системавии «Компютер» чӣ гуна номгузорӣ карда мешаванд?

  1. Дар бораи объектҳои ҷузвдони системавии «Компютер» чӣ тавр иттилоот дастрас кардан мумкин аст?
  2. Вазифаи низоми «Маълумотнома»-вии равзанаи ҷузвдони системавии «Компютер» аз чӣ иборат аст?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи ҷузвдони системавии «Компютер»-ро кушода, дарунмояи онро мушоҳида намоед.
  2. Акнун равзанаи ҷузвдони диски системавии «С:»-ро кушоед ва зерҷузвдонҳои онро мушоҳида намоед.
  3. Бонавбат равзанаҳои зерҷузвдонҳои «Program Files» ва «Windows»-H ҷузвдони «С:»-ро кушоед ва парвандаҳову зерҷузвдонҳои онро мушоҳида намоед.
  4. Бо истифода аз афзорҳои банди Намои менюи равзанаи зерҷузвдони «Windows»-H ҷузвдони диски «С:» намуди нишонаҳои объектҳои «Windows»-po тағйир диҳед ва онҳоро бо тарзҳои гуногун ба танзим оред.
  5. Тамоми равзанаҳои кушодаро бандед.

Маводҳои ҳамсон