Ҷузвдони «сабад»

Ба дигарон равон намоед

Вазифаҳои ҷузвдони «Сабад». Ҷузвдони системавии «Сабад»~и мизи кории системаи

амалиётии Windows амсоли сабади (сатили) партовҳои воқеӣ мебошад. Мо сабади партовҳоро дар ҳама ҷо — хона, мактаб, кӯча, ҷои кори волидон ва ғайра дида метавонем.

Маъмулан, одамон сабади партовҳоро зери мизи кории худ гузопгга, ба он ҳамагуна коғазу ашёи нолозимро мепартоянд. Бо ҳамин тарз одамон мизи кории худро аз ҳар гуна ашёи нолозим тоза нигоҳ медоранд. Аммо, ашёи ба сабади партовҳо ҷойгузиншуда то ягон муддати муайян (масалан, то рӯбучини ҳуҷраи корӣ) дар он боқӣ мемонанд. Агар ашёи зарурие тасодуфан ба сабад партофта шуда бошад, онро аз он ҷо имконияти бозгапгга гирифтан вуҷуд дорад.

Дигархелтар карда гӯем, сабади партовҳои зери мизи корӣ нақпш буфери фосилавиро бозида, барои муваққатӣ нигоҳ доштани ашёи нолозими мизи корӣ, бо имконияти бозгардон (то вақги дар сабад будан), пешбинӣ шудааст. Вазифаи ҷузвдони системавии «Сабад»-и мизи кории компютер низ тақрибан аз ҳамин амалҳо иборат аст. Ҳама гуна парвандаҳо ва ҷузвдонҳои ҳазфшавандаи система маҳз ба ҷузвдони системавии «Сабад»-и мизи кории СА ҷойгузин мешаванд. Аз ҷузвдони системавии «Сабад» тамоми парвандаву ҷузвдонҳои ҳазфшударо аз нав барқарор ва ба ҷойҳои қаблиашон бозгардонидан имконпазир мебошад. Дар мавриди аз ҷузвдони «Сабад» ҳазф намудани объектҳо, дигар имконияти барқароркунии онҳо боқӣ намемонад.

Сохти ҷузвдони «Сабад». Аз нуқтаи назари техникӣ «Сабад» ҷузвдони махсусеро мемонад, ки дар ҷузвдони решавии диски додашуда аз тарафи СА Windows сохта мешавад ва ба он «барчасби» системавӣ тақдим мегардад. Ҳар як диски сахти (мантиқии) компютер соҳиби ҷузвдони

 системавии «Сабад»-и хусусии худ мебошад. Вобаста ба гунаи системаи амалиётӣ ҷузвдони «Сабад» номҳои системавии гуногун дошта метавонад: recycled, recycler ё recycle.bin. Ҳангоми амали ҳазфи объектҳо, дар асл онҳо аз диски винчестер ҷисман ҳазф нагардида, танҳо нишонаҳояшон пинҳон (рӯйпӯш) карда мешавад. Ба ҷузвдони «Сабад» бошад, гӯё ҳамон нишонаҳояшон ҷойгузин карда мешаванд. Аз ин ҷо ду хулосаи муҳим бармеояд:

  1. объектҳои ҳазфшударо аз ҷузвдони «Сабад» ба осонӣ ба ҷойҳои қаблиашон аз нав барқарор кардан имконпазир аст;
  2. объектҳои ҳазфшуда ба мисли пешин дар диски винчестер фазои муайян (ҷойи ишғолкардаашон)-ро банд менамоянд.

Пас, барои чӣ истифодабарандаи компютер объектҳои ҳазфшударо дар ҷузвдонҳои диск дида наметавонад? Барои он ки тибқи низоми танзимкунандаи СА аз рӯйи пешфарз роҳбалади Windows парвандаҳо ва ҷузвдонҳои системавию пинҳоншударо дар экран инъикос наменамояд.

Қайд кардан бисёр бамаврид аст, ки ҷузвдони системавии «Сабад» дар СА Windows танҳо барои дискҳои сахти компютер кор мекунад. Ҳангоми ҳазфкунии объектҳои барандагони озоди иттилоот (масалан, флэшкортҳо) бошад, онҳо ба ҷузвдони «Сабад» наафтода, бебозгашт ҳазф мегарданд.

Тарзҳои барқароркунии объектҳои ҳазфшуда аз ҷузвдони «Сабад». Барои дидани дарунмояи ҷузвдони «Сабад» нишонаи онро дар мизи корӣ ду маротиба пахш кардан лозим аст. Дар натиҷа, дар экрани монитор равзанаи он дар шакли расми поёнӣ намудор мегардад.

Дар майдони кории равзанаи ҷузвдони «Сабад» тамоми объектҳои ҳазфшудаи дискҳои сахти компютер инъикос карда мешаванд. Яъне, новобаста ба он ки ҳар як диски мантиқии компютер дорои ҷузвдони хусусии Recycle бошад ҳам, ҳангоми кушодани ҷузвдони «Сабад»-и мизи корӣ объектҳои ҳазфшудаи ин ҷузвдонҳо маҳз дар равзанаи ҳамин ҷузвдон пайдо мешаванд.

Барои барқарор кардани ягон объекти мушаххаси ҷузвдони «Сабад», кифоя аст, ки бо пахши тугмаи рости муш ба болои нишонаи объект, менюи матниро рӯйи кор биёрем ва банди «Барқарор карда шавад» (Востановить)-и онро татбиқ кунем. Дар натиҷа, объекти барқароршуда аз равзанаи ҷузвдони «Сабад» ба макони қаблии худ бозгардонида

мешавад.

Барои барқарор кардани кулли объектҳои ҷузвдони «Сабад» бошад, бе амали интихобкунии объектҳо, аз афзори «Ҳамаи объектҳо барқарор карда шаванд»

(Восстановить все объекты)-и банди Идоракунӣ (Управление)-и менюи равзанаи ҷузвдон истифода бурдан лозим аст.

Аз афзори «Объектҳои интихобшуда барқарор карда шаванд» (Восстановить выделенные объекты)-и банди мазкури менюи равзана дар мавридҳое истифода мебаранд, ки агар якчанд объекти интихобшударо барқарор кардан лозим бошад.

Тарзҳои аз системаи парвандаӣ қатъап ҳазф намудани объектҳои ҷузвдони «Сабад». Барои қатъан аз системаи парвандаӣ ҳазф намудани ягон объекти мушаххаси ҷузвдони «Сабад», банди «Ҳазф карда шавад» (Удалить)-и менюи матниро татбиқ кардан лозим аст. Дар ин маврид, дар экран равзанаи робитавии «Парванда ҳазф карда шавад» (Удалить файл) пайдо мегардад ва иловатан розигӣ додан ё надодани истифодабарандаро пайгирӣ менамояд. Ҳангоми пахш намудани тугмаи амрии «Ҳа» амали ҳазфи қатъӣ иҷро гардида, ҳангоми «Не» — иҷро намегардад.

Айнан ҳамин тарзи қатъан ҳазфкуниро барои гурӯҳи объектҳои ҷузвдони «Сабад» татбиқ кардан мумкин аст. Агар мо амали мазкурро барои кулли объектҳои ҷузвдони «Сабад» татбиқ карданӣ бошем, он гоҳ бояд аз афзори «Сабад тоза карда шавад» (Очистить корзину)-и банди Идоракунии менюи равзанаи ҷузвдон истифода барем. Дар ин маврид, розигӣ додан ё надодани истифодабарандаро равзанаи робитавии «Ҳазф кардани якчанд ҷузъ» (Удаление нескольких элементов) пайгирӣ менамояд.

Бояд зикр намуд, ки гарчанде объектҳои қатъан ҳазфшудаи ҷузвдони системавии «Сабад» барои системаи амалиётии Windows беқурбшуда ва азбайнрафта ба ҳисоб рафта, ҳатто ҷойҳои ишғолнамудаашон дар дискҳои сахти компютер гӯё холӣ шуда бошанд ҳам, вале дар асл онҳо ҷисман дар ин дискҳо ба мисли ҳолатҳои қаблиашон боқӣ мемонанд. Барои чй? Чунки ҳангоми ҳазфкунии объектҳо ё тозакунии ҷузвдони системавии «Сабад», дар системаи парвандаӣ танҳо иттилооти хидматӣ оид ба мавзеи ҷойгиршавӣ ва нигаҳдории ин объектҳо тоза карда мешавад, на худи объектҳо.

Барои азнавбарқароркунии объектҳои қатъан ҳазфшуда, аз барномаҳои махсуси системавӣ истифода бурдан лозим меояд.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои ҷузвдони системавии «Сабад» аз чӣ иборат аст? Вай бо сабади партовҳои воқеӣ чӣ монандӣ ва аз он чӣ тафовут дорад?
  2. Аз нуқтаи назари техникӣ сохти ҷузвдони «Сабад»-ро чӣ гуна тасвир кардан мумкин аст? Тавзеҳ диҳед.
  3. Кадом тарзҳои барқароркунии объектҳои ҳазфшудаи ҷузвдони «Сабад»-ро медонед?
  4. Барои аз системаи парвандаӣ қатъан ҳазф намудани объектҳои ҷузвдони «Сабад» чӣ бояд кард?

Супоришҳо:

  1. Равзанаи ҷузвдони системавии «Сабад»-ро кушода, дарунмояи онро мушоҳида намоед.
  2. Якчанд объекти ҷузвдони системавии «Сабад»-ро аз нав барқарор кунед. Амали барқароркуниро барои кулли объектҳои ҷузвдони «Сабад» анҷом диҳед.
  3. Аввал якчанд ва баъд кулли объектҳои ҷузвдони системавии «Сабад»-ро ҳазфи қатъӣ намоед.

Маводҳои ҳамсон