Ҷузвдони системавӣ

Ба дигарон равон намоед

Ҷузвдони системавӣ — пойгоҳи барномавии муҳимтарин парвандаҳои системаи амалиётӣ (СА) ба ҳисоб меравад. Парвандаҳои ҷузвдони системавӣ асоси системаи амалиётиро

ташкил дода, дар фаъолияти таъминоти барномавӣ (кулли нармафзор)-и компютер нақши калидӣ мебозанд. Воридоти дилхоҳ тағйирот ба мазмуни ин навъ парвандаҳо, метавонад ба садамаҳои барномавии таҷҳизоти гуногуни компютерӣ ва фурӯпошии кулли системаи амалиётӣ

оварда расонад. Ба ҷузвдонҳои системавии СА MS Windows ҷузвдонҳои «Компютер», «Windows», «Сабад», «Шабака», «Санадҳо» ва ғайра, ки ба таври ошкор ё ноошкор дар мизи кории система ҷойгиранд, дохил мешаванд. Вобаста аз гунаи СА, номҳои ин ҷузвдонҳо метавонанд каме дигаргун бошанд.

Ҷузвдони системавӣ – пойгоҳи барномавии муҳимтарин парвандаҳои системаи амалиёти мебошад.

Ҳар як ҷузвдони системаи амалиётии MS Windows дорои вазифаи ба худ хос мебошад. Масалан, вазифаи ҷузвдони системавии «Компютер» («Компютери ман», «Ҳамин компютер» ё дигар ном) аз нигаҳдории истинодҳо (пайвандҳо) ба барандагони иттилооте, ки дар системаи амалиётии ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, иборат аст. Дар ин ҷузвдон пайроҳаҳои дастрасӣ ба дискҳои сахти компютер («С:», «D:», «Е:») ва дигар барандагони иттилоот (масалан, флэшкортҳое, ки дар USB-бандарҳои компютер насб гардидаанд) ба қайд гирифта шудаанд. Дастрасӣ ба барандагони иттилоот бо ёрии нишонаҳо ё тамғаҳои онҳо амалӣ гардонида мешавад. Гарчанде ҳазфи тамғаҳои

 барандагони иттилооти ҷузвдони системавии «Компютер» сабабгори баъзе бенизомиҳои корӣ гардад ҳам, вале ин амал ба фалаҷшавии пурраи системаи амалиётӣ намеорад.

Ҷузвдони системавии «Windows» бе ягон муболиға муҳимтарин ҷузвдони СА ба ҳисоб рафта, дар қисми фаъоли диски винчестер — диски мантиқии «С:» ҷой дода мешавад. Ҷузвдони мазкурро, масалан, дар СА Windows 10, чунин дастрас кардан мумкин аст: Ҳамин компютер -Диски маҳаллӣ (C:)h-Windows.

Дар ин ҷузвдон тамоми парвандаҳои иҷрошавандаи системаи амалиётӣ, драйверҳо, модулҳо ва дигар навъҳои барномаҳои системавӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо конфигуратсияи компютерро муайян менамоянд. Илова бар ин, дар ин ҷузвдон тамоми афзорҳои танзимотии сахтафзори компютерӣ, истинодҳо ба объектҳои компютерӣ, иттилоот оид ба истифодабарандаи компютер ва додаҳои компютерии дар хотираи он сабтгардида нигахдорӣ карда мешаванд. Дар он ҳамчунин, парвандаҳо ва китобхонаҳои барномавии муваққатӣ, ки воситаҳои ёрирасони омодасозандаи кори ҳамаи барномаҳои Windows ба ҳисоб мераванд, нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин рӯ, ба парвандаҳои он ворид намудани

тағйирот ё ҳазф намудани ягон объекти ин ҷузвдон қатъиян манъ аст. Онҳо аз тарафи система ҳифз карда мешаванд.

Ҷузвдони системавии «Сабад» одатан дар мизи кории СА ҷойгир буда, парвандаҳоеро инъикос менамояд, ки онҳо аз система ҳазф карда шуда, барои истифодабаранда муваққатан ё абадан нолозим гаштаанд. Гарчанде ҷузвдони мазкур дорои иттилооти муайян бошад ҳам, аммо вай дар маҷмӯъ барои система начандон муҳим арзёбӣ мегардад. Аз тарафи дигар, ҷузвдони «Сабад» тарзи созгори қдоракунии парвандаҳои истифодабарандаро таъмин менамояд. Дар мавридҳои зарурӣ, ҳамаи он санадҳоеро, ки пас аз ҳазф ба сабад афтодаанд, аз нав ба ҷойҳои қаблиашон барқарор кардан мумкин аст.

Ба ҷузвдонҳои системавӣ, инчунин, худи ҷузвдони «Мизи корӣ»-и системаи амалиётӣ ва низоми

маълумотдиҳандаи он — «Маълумотнома» (Справка)-ро дохил кардан мумкин аст, ки бо тарзи кори онҳо мо дар синфи 5 ошноӣ пайдо карда будем.

Умуман, аз мавзӯъҳои китоби дарсии синфи 5-ум маълум аст, ки ҷузвдони СА метавонад натанҳо парвандаҳо, балки дилхоҳ навъи иттилоотро дар бар гирад. Ҷузвдони системаи амалиётии Windows контейнери маҷозиеро мемонад, ки дар

 он амалан иттилооти навъи дилхоҳро нигоҳ доштан имконпазир аст. Вай метавонад фарогири ҳам парвандаҳо ва ҳам зерҷузвдонҳо бошад.

Ҳамин тариқ, ҷузвдонҳои системавӣ аз ҷузвдонҳои маъмулии истифодабарандагон асосан бо он фарқ мекунанд, ки онҳо барои таъмин намудани кори озодона ва устувори системаи амалиётӣ масъул мебошанд ва ҳангоми кори компютер доимо фаъоланд.

Саволҳо:

  1. Ҷузвдони системавӣ чист? Барои чӣ онро системавӣ мегӯянд?
  2.  Ҷузвдони системавӣ аз ҷузвдони маъмули истифодабаранда чӣ фарқ дорад?
  3. Кадом ҷузвдонҳои системавии мизи кории системаи амалиётиро медонед? Дар бораи ҷузвдони системавии «Windows» маълумот диҳед.

4.0ё равзанаи «Мизи корӣ», объектҳо ва ҷузъҳои идории онро дар хотир доред? Акнун мизи кориро ҳамчун ҷузвдони системавӣ тасаввур кунед ва тарзи кори онро тавзеқ диҳед.

Супоришҳо:

  1. Мавзӯъро бодиққат мутолиа намоед.

Бонавбат ҷузвдонҳои системавии мизи кории компютерро кушоед, дарунмояи онҳоро мушоҳида кунед ва таассуротатонро дар шакли нақли хаттӣ рӯйи коғаз биёред.

Маводҳои ҳамсон