Ҷузвдони «шабака»

Ба дигарон равон намоед

Тавре маълум аст, дар мизи кории СА MS Windows ба ғайр аз ҷузвдонҳои системавии «Компютер» ва «Сабад» маъмулан ҷузвдони системавии «Шабака» низ метавонад ҷойгир шуда бошад. Расми поёнӣ таҷассумгари сохтори парвандаии ҷузвдони системавии «Мизи корӣ»-и системаи амалиётии Windows мебошад. Аз сохтори мазкур доир ба вазифаҳои ҷузвдонҳои системавӣ баъзе хулосаҳои сатхД баровардан мумкин аст.

Мо дар бораи ҷузвдонҳои системавии «Компютер» ва «Сабад» аллакай маълумоти заруриро дастрас кардаем. Ҳоло диққати асосиамонро ба вазифаҳои ҷузвдони системавии «Шабака» ҷалб менамоем. Ҷузвдони системавии «Шабака»-ро

“Муҳити шабакавӣ” (сетевое окружение) низ ном мебаранд.

Муҳити шабакавӣ-ҷузъи системавии мизи корӣ буда, тасвири графикии компютерҳои шабакаи маҳаллиро инъикос менамояд.

Муҳити шабакавии системаи амалиётӣ — ҷузъи системавии мизи корӣ буда, тасвири графикии компютерҳоеро инъикос менамояд, ки онҳо бо ёрии шабакаи маҳаллӣ бо ҳамдигар пайваст карда шудаанд. Агар функсияи

дастрасӣ ба интиқоли иттилоот кушода бошад, он гоҳ муҳити шабакавӣ

имконият фароҳам меоварад, ки компютерҳои шабакавӣ байни худ мубодилаи парвандаҳояшонро анҷом диҳанд. Шабакаи маҳаллӣ метавонад шабакаи симин ё бесим бошад.

Ҳамин тариқ, нишона ё тамғаи ҷузвдони системавии «Шабака»-и мизи кории СА Windows воситаи дастрасии фаврӣ ба захираҳои иттилоотии компютерҳои шабакаи маҳаллӣ ва таҷҳизоти шабакавӣ мебошад.

Агар миқдори компютерҳои пайванди шабакаи маҳаллӣ зиёда аз дуто бошад, он гоҳ барои истифодабарандагони шабакаи мазкур доштани ҷузвдони шабакавии ягона авлотар аст. Иттилооти чунин ҷузвдон дастраси ҳамаи истифодабарандагони шабака буда, онро ба воситаи ҳар кадом компютери фардии шабакавӣ кушодан ва истифода бурдан мумкин аст. Чунин тарзи корбарӣ, масалан, аз интиқоли санадҳо бо ёрии барандагони иттилоот (флэшкортҳо), осонтар мебошад.

Агар истифодабарандагони шабака ягон намуди фаъолияти умумӣ (масалан, таҳияи лоиҳаи ягона) дошта бошанд, он гоҳ онҳо метавонанд қисмати иҷронамудаи кори худро дар шакли парванда ба ҷузвдони шабакавии умумӣ гузоранд. Истифодабарандагони дигар дарҳол ин парвандаро дастрас мекунанд, аз назар мегузаронанд, меомӯзанд, аз рӯйи зарурат ба он тағйирот ё иловаҳо ворид месозанд ва аз нав дастраси дигарон мегардонанд.

Ҷузвдони ягонаи шабакавӣ, инчунин, воситаи беҳамтои интиқоли иттилоот барои истифодабарандае ба ҳисоб меравад, ки ӯ якбора бо якчанд таҷҳизоти электронӣ — ноутбук, компютери рӯйи мизӣ, телефони ҳамроҳ, планшет, сервер ва ғайра кор мекунад. Дар чунин маврид, истифодабаранда бо ёрии ҷузвдони шабакавӣ мубодилаи иттилооти байни ин воситаҳои электрониро ба танзим оварда, иттилооти як таҷҳизотро ба воситаи таҷҳизоти дигар бе ягон мушкилӣ дастрас менамояд ё, баръакс, мефиристад.

Бартарии дигари ҷузвдони шабакавӣ аз он иборат аст, ки иттилооти дохили он (парвандаву зерҷузвдонҳо), ки метавонад ҳаҷми бениҳоят калон дошта бошад, танҳо дар яке аз компютерҳои фардии ҳаҷми хотирааш бузург нигоҳ дошта мешавад. Итшлооти дохили ин ҷузвдон метавонад аз филмҳои сифатбаланд, бойгониҳо, намунаҳои коллексияҳои тасвирӣ, маҷмӯаҳои суруду мусиқиҳо ва ғайра иборат бошад. Дар чунин мавридҳо, таҷҳизоти дигари шабакавӣ, ки ҳаҷми хотирааш хурд аст, аз иттилооти ҷузвдони шабакавӣ бе ягон мамониат бархӯрдор шуда метавонад.

Бояд зикр намуд, ки қабл аз сохтани ҷузвдони шабакавӣ, бояд худи шабакаи компютерии маҳаллиро сохт, яъне компютерҳоро бо ягон усули муайяне пайваст намуд. Барои ин, ба ҳар як таҷҳизоти шабакавӣ IP-суроғаи нодир такдим кардан лозим аст. ГР-суроғаҳои компютерҳоро таҷҳизоти махсус — маршрутизаторҳо, коммутаторҳо, роутерҳо ё модемҳо ба таври худкор муайян менамоянд. Бо усулҳои шабакасозӣ ва тарзи истифодаи онқо дар синфҳои болоӣ шинос хоҳем шуд.

Саволҳо:

  1. Муҳити шабакавӣ чист?
  2. Вазифаҳои ҷузвдони системавии «Шабака» аз чӣ иборат аст? Вай боз чӣ гуна номҳо дошта метавонад?
  3. Ҷузвдони шабакавӣ гуфта, кадом навъи ҷузвдонро мефаҳмед? Тавзеҳ диҳед.
  4. Тарзи истифодаи ҷузвдони шабакавӣ чӣ гуна аст?

5.0ё ҷузвдони шабакавиро як нафар низ истифода мебарад? Бо кадом мақсад?

Супоришҳо:

  1. Матни мавзӯъро бодиққат мутолиа карда, аз рӯйи он дар бораи муҳити шабакавӣ нақли хаттӣ нависед.
  2. Агар компютерҳои синфхонаи компютерӣ бо шабакаи маҳаллӣ пайваст бошад, он гоҳ равзанаи ҷузвдони

системавии «Шабака»-ро кушода, дарунмояи онро мушоҳида намоед.

З.Бо ёрии омӯзгори фан ва бо истифода аз имкониятҳои ҷузвдони системавии «Шабака» ба ҳамдигар мактубҳои кӯтоҳ равон карда, ҷавоб гиред.

Маводҳои ҳамсон