Агар бо диққат ба олами атроф назар афканем, дар он мо ба тағйиротҳои гуногун дучор гардидани материяро мушоҳида менамоем. Масалан, ҳангоми гудозиши ях, ҷӯшиши об, сӯхтани ҳезум материя ба тағйиротҳо дучор мегардад. Ҳангоми аз ноқил гузаштани ҷараёни электрикӣ он гарм мешавад (мӯяки тафсони лампа) ва ғайраҳо.
МуфассалМесяц: Август 2020
Ду методи омухтани ҳодисаҳои ҳароратӣ
Дар табиат ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки барои шарҳ доданашон қонунҳои механика кифоя нестанд. Масалан, аз гармй васею аз хунукй фишурда шудани ҷисмҳо, бухор гардидани моеъҳо, ба моеъ табдил ёфтани ҷисмҳои сахт ва гайраҳо, ки ҳодисаҳои ҳароратй номида мешаванд (аз арабии-гармӣ). Таърихан ҳодисаҳои ҳароратӣ аз ду нуқтаи назар: термодинамики (аз юнонии гармӣ, тафсон ва қувва) ва молекулӣ-кинетикӣ омӯхта мешаванд.
МуфассалФизика чиро меомӯзад
Хонандагони азиз! Шумо ба омӯзиши фанни нав – физика шурӯъ менамоед. Фанни физикаро то хатм намудани мактаб меомӯзед. Новобаста ба интихоби касбатон дар ҳаёти ҳамарӯзатон дониш аз ин фан хеле зарур мебошад. Маҳз тавассути илми физика инсон бештар боақлу бохирад ва тафаккураш баланд мегардад, ӯ дар назди ҳодисаҳои фавқулоддаи табиат бе ёрӣ намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳои табиатро муқаррар мекунад ва онро ба манфиати худ истифода мебарад. Бо донистани илми физика кашидани лоиҳа, сохтани иншоотҳо, заводу фабрикаҳо, мошинҳою нерӯгоҳҳои электрикӣ имкон-пазир мегардад. Барои бунёди синамою ҳавопаймо, ҳама гуна техника, таҷҳизотҳои кайҳонӣ,…
Муфассал