Намунаи нақшаҳои тақвимӣ аз фанни физика

Барои осонии кори Шумо омӯзгорони муҳтарам намунаи нақшаи тақвимиро аз фанни физика бароятон пешниҳод мекунем. Бо салоҳдиди худ метавонед онро таҳрир намуда аз он истифода баред. Агар фикру мулоҳиза ва ё пешниҳоде дошта бошед онро дар шарҳ ё дар почтаи aboqizoda@mail.ru нависонед.

Муфассал

Ҳаракати ростхаттаи мунтазам. Масири (траектория) ҳаракати ҷисм

Ҷисми ҳаракаткунанда дар системаи сарҳисоби интихобӣ гӯё хатеро мекашида бошад, ки онро масири (траектория) ҳаракати ҷисм меноманд. Масири тайёраи реактивиро, ки дар баландии зиёд парвоз мекунад, аз рӯи изи сафеди туманшаклаш, масири автомобил ё велосипедро аз рӯи нақши чархҳояшон дар роҳ дида метавонем. Фарз мекунем, ки дар қитъаи ростхаттаи роҳ аз болои автомобили боркаш, ки ба пеш ҳаракат мекунад, ҷисме меафтад (расми 4) Ин ҷисм нисбат ба автомобил амудӣ, вале нисбат ба роҳ аз рӯи хати каҷ меафтад. Ҷисмеро, ки харротӣ мекунанд, нисбат ба худи дастгоҳ чарх мезанад, аммо теғи…

Муфассал

Ҳаракати механикӣ

Дар муҳити моро иҳотакунанда ҳама чиз дар ҳаракати бефосила мебошад: одамон, қисмҳои мошин ва механизмҳо, паррандаю даррандагон, ситораю сайёраҳо, обу ҳаво, заррачаҳои хурди моддаҳо (атому молекулаҳо) ва бурҷҳои олам дар ҳаракатанд. Қисми механикаро, ки дар он навъҳои ҳаракати ҷисмҳо ва тавсифоти онҳо омӯзонида мешавад, кинематика меноманд. Дар кинематика массаи ҷисмҳо ва қувваҳои ба онҳо таъсиркунанда ба ҳисоб гирифта намешаванд. Шакли содатарини ҳаракат — ҳаракати механикӣ — бо мурури замон тағйирёбии мавқеи байни ҳамдигарии ҷисмҳо ё ки нисбат ба якдигар тағйирёбии мавқеи қисмҳои онҳо мебошад.

Муфассал

Табиъат ва инсон

Замину Осмон ва, умуман, ҳама мавҷудот — аз резтарин зарра то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то наҳанги дарёӣ — ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ ТАБИАТро ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст. Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар гуфтугузори ҳаррӯза табиъат гуфта маъмулан қисми қобили мушоҳидаи олам ё ҳатто муҳити атрофро мефаҳманд.

Муфассал