Амплитуда, давр ва басомади лаппиш

Бузургиҳои асосие, ки лаппишро тавсиф менамоянд, амплитуда, давр ва басомад ба шумор мераванд. Дар расми 1.2.1 лаппиши бори ба пружин пайвасткардашуда нишон дода шудааст. Ҷойивазкунии зиёдтарини ҷисми лаппандаро аз ҳолати мувозинатиаш амплитудаи лаппиш меноманд. Қимати амплитуда барои пружини фишурдашуда ба — A (расми 1.2.1, б) ва барои пружини дарозшуда ба A (расми 1.2.1, e) баробар мебошад.

Муфассал

Ҳаракати лаппишнок

Дар байни ҳаракатҳои механикие, ки мо дучор мегардем, аксар вақт ҳаракатҳои такроршаванда ба назар мерасанд. Чархзании ҷисмҳои гуногун ҳаракати такроршаванда ба шумор меравад: гардиши Моҳ дар атрофи Замин, ҳаракати сайёраҳо, чархзании қисмҳои мошинҳо ва ғайра. Ҳаракати айнан такроршавандаро ҳаракати даврӣ меноманд. Масалан, ҳаракати раққосак, ҳаракати бори дар пружин овезон буда, тори асбобҳои мусиқӣ, раққосаки соатҳо, заминларза низ ҳаракати даврӣ ба шумор мераванд.

Муфассал