Ҳаракати каҷхатта

Ҳаракатеро, ки аз руи масири каҷ ба амал меояд ҳаракати каҷхатта меноманд. Дар ҳаракати каҷхатта суръати ҷисм мувофиқи самти расандаи аз нуқтаи ихтиёрии масир гузаронидашуда тағйир меёбад. Дар ин маврид аз руи бетағйир мондани модули суръат онро доимӣ ҳисобидан нодуруст аст, чунки суръат бузургии векторист ва барои бузургиҳои векторӣ қимати мутлақу самт тавсифоти зарурии якхелаанд.Аз ин рӯ дар ҳаракати каҷхатта шитоб ҳамеша қимати ғайрисифрӣ дорад.

Муфассал

Афтиши озоди ҷисмҳо

Афтиши ҷисмҳоро дар фазои беҳаво (вакуум) афтиши озодменоманд. Афтиши озоди ҷисмҳо мавриди муҳими ҳаракати собитшитоб ба ҳисоб меравад. Aгap афтиши озоди ҷисм бе суръати ибтидои ба вуҷуд ояд, формулаҳои (1.1.10)-po барои ин маврид татбиқ намудан мумкин аст. Аз сабаби он ки шитоби афтиши озод барои ҳамаи ҷисмҳо як хел аст (онро бо харфи g ишорат мекунанд), дар системаи сарҳисоби ба Замин алоқаманд (самти тири координатаро амудан ба поён гирифта) формулаҳои номбурда ин тавр навишта мешаванд:

Муфассал

Таҷриба меъёри ҳақиқат аст

Оре, таҷриба меъёри ҳақиқат аст. Чаро чунин гуфтаанд ва мо ҳам ба ин бовар дорему онро пайгирӣ мекунем? Меъёри ҳақиқат будани таҷриба аз он ҷост, ки натиҷаи таҷриба ба ҷойи анҷом додани он, ба майлу хоҳиши каси таҷрибакунанда ва одами машҳуру номашҳур будани ӯ бастагӣ надорад. Аммо дарёфти ҳақиқат аз рӯйи натиҷаи таҷриба малака мехоҳад, зеро роҳи пажӯҳиш, роҳи илм роҳи росту ҳамвор нест, норавшану номуъайян аст. Барои дар ин роҳ гом бардоштан аввал ба хубӣ донистан зарур аст, ки шумо чӣ масъаларо ҳал карданӣ ҳастед ва он ҳал ба…

Муфассал

Мушоҳида — мулоҳиза — таҷриба…

Ҳама гуна дониш, аз ҷумла дониши физикӣ дар натиҷаи мушоҳида ва таҷриба ба василаи мулоҳиза ба даст меояд. Мушоҳида кардан — яъне дидан, бо чашми худ дидан, муддати дурудароз дидан аст. Шумо ҳар рӯз даҳҳову садҳо чизро… (чӣ гӯем ин ҷо?)мебинед ё ин ки мушоҳида мекунед. Ҳарду гуфта дуруст аст. Агар ин ҷо каме фикр кунед ё, чӣ хеле ки мегӯянд, андак мулоҳиза ронед, мефаҳмед, ки дидан ва мушоҳида кардан ҳаммаъно ҳам ҳастанду фарқ ҳам мекунанд.

Муфассал

Ҷисм. Модда. Майдон. Ҳаюло (Материя)

Дар баёноти илмӣ, аз ҷумла дар баёнҳои физикӣ дар баробари калимаҳои маъмулӣ истилоҳҳо ном вожаҳое низ истеъмол мешаванд, ки бори маънавии муайян бар дӯш доранд. Фарҳангҳои физикии муосир даҳҳо ҳазор истилоҳро дар бар мегиранд — ҷисм, модда, кор, қувва, тавон, нерӯ, суръат, ҳаракат, шитоб ва ғ. Калимае, ки ба сифати истилоҳ пазируфта мешавад, бар хилофи вожаи муқаррарӣ бояд танҳо як маъниро ифода кунад, то ки хонанда гоҳи дар ин ё он матн дидани он ҳайрон намонад, ки ин калима ин ҷо ба чӣ маънӣ омада бошад. Чунончи, калимаи ҷисм, ки…

Муфассал

Физика бунёди табиатшиносӣ мебошад

Физика чист ва чиро меомӯзад? Ба ин пурсиш ҳар кас, вобаста ба ин ки физикаро чӣ андоза медонад, ҳар хел посух медиҳад. Баъзеҳо миёни физика ва техникаву технология (фанну фановарӣ) чандон фарқ дида наметавонанд, ҳол он ки илми физика бо олатҳову мошинҳо маҳдуд намешавад ва домани басе фарох дорад. Дар даврони қадим қисми бо табиат алоқаманди донишро физика меномиданд. Ин калимаро (дар лотинӣ ta physika) донишманди Юнони қадим Арасту (с.384-322 то милод) дар асоси вожаи юнонии physis, ки маънии табиъат дорад, ба майдони истеъмол овардааст. Ҳамин аст, ки гуфтаанд:

Муфассал