Системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ ва қонунҳои динамика

Ҳангоми омӯзиши асосҳои кинематика мо ба намудҳои ҳаракати механикӣ шинос шудем. Акнун сабабҳои ба амал омадани ин ҳаракатҳо ва тағйирёбии суръати ҷисмҳоро муқаррар мекунем. Аробачаеро болои миз мегузорем. Вай ором меистад. Чӣ бояд кард, ки аробача ҳаракат кунад? Таҷрибаи ҳаррузаи мо нишон медиҳад, ки барои дар сатҳи уфуқӣ ба ҳаракат даровардани он бояд вайро ба ягон тараф кашем ё тела диҳем. Бо ҳамин мақсад ба ароба аспро мебанданд, баъди ихтирои мошини ҳароратӣ, ё худ муҳаррикҳои электрикӣ аробаро ба онҳо бастаанд ва ҳамин тавр нақлиёти ҳозирзамон — автомобил, тепловоз, трамваю троллейбусҳо…

Муфассал

Санҷиши бузургиҳои физикӣ

Шумо агар ба якдигар чизе гуфтанӣ шавед, вожаҳои хурду бузург, кӯтоҳу дароз, пасту баланд, гарму сард, сабуку вазнин ва м.ин.-ро даҳҳо бор бар забон меоред. Ч-чи, мегӯед: Дина ман як моҳӣ гирифтам, АНА ҲАМИН ҚАДАР КАЛОН БУД, Падарам аз бозор як тарбуз оварданд, ҲАМИН ҚАДАР КАЛОН БУД, ки ман онро бардошта натавонистам

Муфассал

Бузургиҳои физики

Бузургии физикӣ ё худ камияти физикӣ гуфта он гуна тавсифоти ченшавандаи ҷисмҳо ё падидаҳоро мефаҳманд, ки онҳоро (дар ҷараёни санҷиш) ба таври миқдорӣ ифода кардан имконпазир аст. Дарозӣ, роҳ, вақт, масоҳат, суръат, ҳаҷм, қувва, фишор, кор, вазн, ҳарорат,…- ҳамаи инҳо бузургии физикианд. Шумо аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза медонед, ки одами савори дучарха (велосипед) дар ҳамон як фосилаи вақт назар ба одами пиёда роҳи дарозтарро паймуда метавонад, мошини сабукрав дар ҳамон як муддати вақт назар ба дучархасавор масофаи боз ҳам зиёдтарро мепаймояд, зеро суръати зиёдтар дорад. Ин ҷо мафҳумҳои фосилаи вақт (муддати…

Муфассал

Назарияҳо ва қонунҳои физики

Дар ҷараёни омӯзиши хусусиятҳои ашё ва рӯйдодҳои гуногун ногузир пурсише ба миён меояд, ки чаро ин ё он ҳодиса маҳз он тавр рӯй медиҳад, ки мушоҳида шудааст? Таҷриба ба ин гуна пурсиш посух дода наметавонад. Ин навъ пурсиш дар заминаи маҷмӯъи нуктаҳои илмие шарҳ дода мешавад, ки онҳо дар натиҷаи ҷамъбаст кардани донишҳои алоқаманд бо ҳаракат ва ҳамтаъсироти ҷисмҳои муоинашаванда ба даст омада, назарияи физикӣ ном гирифтааст. Ҳар як назарияи физикӣ маҳсули таҳлили фарзияҳову таҷрибаҳо ва мулоҳизаҳое мебошад, ки аз замони ба миён омадани масъалаи муоинашаванда шакл гирифтааст.

Муфассал