Қувваҳои ҷозиба (гравитатсионӣ)

Ба Замин афтидани ҷисмҳо, харакати мушакҳо дар атрофи Замин, гардиши сайёраҳо дар атрофи Офтоб ва ғайра таҳти таъсири қувваҳои чозиба, ки боиси таъсири мутақобилаи ҷисмҳо мегарданд, аз рӯи қонуни ҷозибаи умумичаҳонӣ муайян карда мешаванд: Ҳар ҷуфти ҷисмҳо якдигарро бо қуввае ҷазб мекунанд, ки модули ин қувва ба ҳосили зарби массаҳои онҳо мутаносиби роста буда, ба квадрати масофаи байни онҳо мутаносиби чаппа аст.

Муфассал

Принсипи нисбият

Системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ. Бояд ба ҳисоб гирифта шавад, ки қонунҳои Нютон на дар ҳамаи системаҳо балки факат дар системаҳои сарҳисоби инерсиалӣ иҷро мешаванд. Системаҳои сарҳисоберо инерсиалӣ меноманд, ки дар онҳо қонунҳои Нютон риоя мешаванд, яъне системаҳое, ки дар онҳо ҷисм бешитоб, ростхатта ва мунтазам ҳаракат мекунад, ё ҳангоми компенсатсияи таъсири ҷисмҳои дигар дар ҳолати оромӣ мемонад. Ба инерсиалӣ будан ё набудани система чӣ тавр бовар кунем? Барои ин бояд санҷид, ки дар он қонунҳои Нютон иҷро мешаванд ё не. Аммо тавре ки дар боло гуфтем, дар таҷриба мушоҳида кардани қонуни…

Муфассал

Сабти натиҷаҳои санҷиш.Воҳидҳои каратӣ ва ҳиссавоҳидҳо

Дар амалияи ҳисобукитоб ва ҷамъбаст кардани натиҷаи санҷишҳо ва сабт гардонидани онҳо гоҳо лозим меояд, ки бо ададҳои хеле хурду бисёр бузург сарукор бигирем. Шумо медонед, ки барои бо ягон тарзи дигар ифода карда­ни адади 10 ҳоҷате нест, зеро ин сабт худ сода аст. Лек ададҳои 100 ва 1000-ро ба шакли 102 (яъне даҳ ба тавони ду ё худ даҳ бо дараҷаи ду) ва 103 (даҳ ба тавони се) навиштан мумкин аст.

Муфассал

Сатри такроршаванда дар ҷадвалҳои Word

Сатри такроршаванда

Барномаи Word яке аз барномаҳои асоситарин таҳриргарони матнӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз имкониятҳои барномаи мазкур ин аст, ки дилхоҳ намуди ҷадвал дар он сохта мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо миқдори сатрҳои ҷадвал хеле зиёд мешавад, ки он дар як саҳифа ҷойгир намешавад. Дар дилхоҳ ҷадвал сатри сарлавҳа вуҷуд дорад. Мисол: Барномаи Word имконияти онро дорад , ки сатри сарлавҳа дар ҳар саҳифа, ки ҳамон як ҷадвалро ташкил мекунад, ба таври овтоматӣ гузорад. Барои ин кор сатри сарлавҳаро ҷудо( выделить)  намуда   дар сатри меню қисми макетро интихоб намуда дар он тугмаи…

Муфассал