Ҳисоби масса (ҷирм) ва ҳаҷм аз руйи зичӣ

Дар сурати маълум будани ҳачми ҷисм ва зичии моддае, ки ҷисм аз он “сохта шудааст”, массаи ҷисмро бе тарозу (барнокашида) ҳам муайян кардан мумкин аст. Мисол, мо метавонем массаи тахтачаеро бо роҳи ҳисобукитоб ёбем, ки он аз чӯби булут ба андозаҳои 25х20х2 (бо см) бурида шудааст. Барои ин аввал ҳачми тахтачаро меёбем:

Муфассал

Лаппиши бор дар пружин.Табдили энергияи ҷисм ҳангоми лаппиш

Лаппиши озоди бори дар пружин овехташударо дида мебароем (расми 1.4.1). Барои ҳолати a қувваи чандирии ҳангоми кашидашавии пружин ба вуҷуд оянда Fч қувваи вазнинии ба бор таъсиркунанда P -po мувозинат мекунад. Координатаи x-po ба тарафи поён равона менамоем ва аввали он ба маркази вазнинии бор ҳангоми дар мавқеи мувозинат буданаш мувофиқ меояд. Барои вазъияти мувозинатии бор x = 0 мебошад.

Муфассал

Лаппишҳои маҷбурӣ. Резонанс

Чӣ тавре ки дар параграфи 1.1 қайд гардид, лаппишҳои озод хомӯшшавандаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дар шароити воқеъии заминӣ ягон ҳаракат аз таъсири кувваи соиш эмин намебошад. Қувваи соиш ҳамеша муқобили ҳаракат таъсир дорад ва кори он манфӣ аст. Ин кори манфӣ энергияи пурраи ҷисми лаппандаро кам мекунад. Камшавии энергия камшавии амплитудаи лаппишро ба вуҷуд меорад ва оҳиста-оҳиста лаппиш хомӯш мешавад (расми 1.5.1).

Муфассал

Санҷиши масоҳат

Сатҳ гуфта рӯяи берунини ҷисмро мефаҳманд. Чунончи, сатҳи об ҳамон рӯйи об мебошад, ки дар сарҳадди об ва ҳавои болои он воқеъ гаштааст; сатҳи дасти шумо рӯрӯйи пӯсти даст аст ва ғ. Сатҳ дарозӣ ва паҳноӣ дорад, аммо жарфӣ (чуқурӣ) надорад, яъне дучена аст. Масоҳат бузургиест, ки дараҷаи фарохии сатҳи ҷисмро ифода мекунад ва ба ҳосили зарби дарозӣ ва паҳноӣ (барои масоҳати росткунҷа) баробар аст:

Муфассал

Масълаҳои №235-243 (Лукашик)

Барои ҳалли ин масъалаҳо аз ҷадвлҳои дар охир овардашуда истифода намоед. 235. Детали пӯлодини мошин массаи 780 г дорад. Ҳаҷми онро ёбед. 236. Зарфе пури бензин аст. Массаи бензин 35 кг мебошад. Ғунҷоиши зарфро ёбед. 237. Массаи зарфи пурбензин 2 кг асту массаи худи зарф 600 г. Ғунҷоиши зарфро муайян кунед.

Муфассал

Табдили энергияи механики ба энергияи дохилӣ

Шумо мисоли аз як навъ ба навъи дигар табдилёбии энергияи механикиро дар синфи 7-ум омӯхта будед. Боз як мисоли табдилёбии энергияро дида мебароем. Акнун мебинем, ки энергияи механикӣ чӣ тавр ба энергияи дохилӣ табдил меёбад. Дар болои лавҳаи сурбӣ саққои сурбӣ истодааст. Саққоро боло бардошта, баъд онро сар медиҳем (расми 6). Саққои аз сатҳи Замин боло бардошташуда дорои энергияи потенсиалӣ мешавад. Ҳангоми афтиши саққо энергияи потенсиалии он кам мешавад, зеро саққо торафт поён мефарояд.

Муфассал

Энергияи дохилӣ

Аз омӯзиши физикаи синфи 7 Шумо фаҳмидед, ки ду навъи энергияи механикӣ мавҷуд будааст: энергияи кинетикӣ ва потенсиалӣ. Энергияе, ки ҷисм дар натиҷаи ҳаракати худ соҳиб мешавад, энергияи кинетикӣ меноманд. Автомобили ҳаракаткунанда, тири парон, тӯби ғелон, оби равон, шамол дорои энергияи кинетикианд. Энергияеро, ки бо вазъияти байниҳамдигарии ҷисмҳои мутақобил таъсиркунанда ё қисмҳои ҳамон як ҷисм муайян карда мешавад, энергияи потенсиалӣ меноманд. Ҷисми аз сатҳи Замин дар ягон баландӣ воқеъбуда, пружинаи фишурда ё ёзонидашуда дорои энергияи потенсиалианд.

Муфассал

Тавлиди энергияи электрики

Пеш аз ҳама бо олатҳое шинос мешавем, ки ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунанд. Энергияи электрикӣ ба воситаи генераторҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Генератор (муваллид) дастгоҳест, ки ин ё он навъи энергияро ба энергияи электрикӣ табдил медиҳад. Батареҳои галваний, мошинаҳои электростатикӣ, гармобатареҳо[1], батареҳои офтобӣ ва дастгоҳҳои м.ин. — ҳама ба синфи генераторҳо мансубанд. Имкони эҷоди навъҳои усулан нави генераторҳо таҳқиқ мешавад. Чунончи, олатҳои гармохориҷкунандае бунёд карда мешавад, ки дар онҳо энергияи дар натиҷаи омезиши ҳидрогену оксиген хориҷшаванда бевосита ба энергияи электрикӣ табдил меёбад. Соҳаи истифодаи ҳар яки ин генераторҳо ба хусусиятҳои онҳо…

Муфассал