Табдили энергияи механики ба энергияи дохилӣ

Шумо мисоли аз як навъ ба навъи дигар табдилёбии энергияи механикиро дар синфи 7-ум омӯхта будед. Боз як мисоли табдилёбии энергияро дида мебароем. Акнун мебинем, ки энергияи механикӣ чӣ тавр ба энергияи дохилӣ табдил меёбад. Дар болои лавҳаи сурбӣ саққои сурбӣ истодааст. Саққоро боло бардошта, баъд онро сар медиҳем (расми 6). Саққои аз сатҳи Замин боло бардошташуда дорои энергияи потенсиалӣ мешавад. Ҳангоми афтиши саққо энергияи потенсиалии он кам мешавад, зеро саққо торафт поён мефарояд.

Муфассал

Энергияи дохилӣ

Аз омӯзиши физикаи синфи 7 Шумо фаҳмидед, ки ду навъи энергияи механикӣ мавҷуд будааст: энергияи кинетикӣ ва потенсиалӣ. Энергияе, ки ҷисм дар натиҷаи ҳаракати худ соҳиб мешавад, энергияи кинетикӣ меноманд. Автомобили ҳаракаткунанда, тири парон, тӯби ғелон, оби равон, шамол дорои энергияи кинетикианд. Энергияеро, ки бо вазъияти байниҳамдигарии ҷисмҳои мутақобил таъсиркунанда ё қисмҳои ҳамон як ҷисм муайян карда мешавад, энергияи потенсиалӣ меноманд. Ҷисми аз сатҳи Замин дар ягон баландӣ воқеъбуда, пружинаи фишурда ё ёзонидашуда дорои энергияи потенсиалианд.

Муфассал